Садрӣ Саъдиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Садрӣ Саъдиев
Садрӣ Саъдиев
Садрӣ Саъдиев
Садрӣ Саъдиев
Таърихи таваллуд 23 апрел 1937(1937-04-23) (86 сол)
Зодгоҳ вилояти Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон, Раиси Садорати «Хазинаи Рӯдакӣ» дар шаҳри Самарқанд
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ

Садрӣ Саъдиев — адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ (1990), профессор (1992), Раиси садорати «Хазинаи Рӯдакӣ» дар шаҳри Самарқанд. Соли 2006 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шуъбаи тоҷикии факултаи филологии УДС (ҳоло – Донишгоҳи давлатии Самарқанд) ба номи А. Навоиро хатм кардааст (1962). Лаборанти калони бахши адабиёти форсу тоҷик шуъбаи шарқшиносии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт, дастхатҳо ва шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1962-1971). Соли 1971 дар мавзӯи “Ҳаёт ва эҷодиёти шоири маъруфи ҳаҷвнависи асри XII Сӯзании Самарқандӣ” дар шуъбаи илмҳои ҷамъиятии Академияи илмҳои Тоҷикистон рисолаи номзадӣ ва соли 1990 дар мавзӯи “Равияҳои асосии тараққиёти адабиёти тоҷик дар асри XVII” дар ИЗА ба номи Рӯдакӣ рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Соли 1985 ба зодгоҳи худ шаҳри Самарқанд баргаштааст. Дотсент, профессор, мудири кафедраи забон ва адабиёти шарқи хориҷии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ (1985-1999). Аз соли 2000 - нафақахӯр.[1]

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи 6 рисолаи илмӣ ва 8 китоби алоҳида мебошад, ки «Поэтикаи шоирони Мовароунаҳр», «Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри XI ва аввали асри XII (доираи адабии Ғазнин)», «Адабиёти тоҷик дар асри XVII», «Адабиёти тоҷик дар асрҳои XVI – аввали асри XVII» ва ғ. аз ҳамин қабиланд. Дар саҳифаҳои матбуоти Тоҷикистону Ӯзбекистон бештар аз 400 мақолаи илмию оммавӣ ва публитсистӣ ба табъ расондааст. Ҳамроҳи Тӯрақул Зеҳнӣ китоби «Суханварони сайқали рӯи замин» ва ҳамроҳи Расул Ҳодизода ва Усмон Каримов китоби дарсии «Адабиёти тоҷик (асрҳои XVI-XIX ва ибтидои асри XX»)-ро таълиф намудааст. Аз соли 1991 сарвари садорати «Хазинаи Рӯдакӣ» дар Самарқанд буда, дар натиҷаи ибтикору иштироки бевоситаи ӯ ҳамсафонаш дар Самарқанд, дар Регистони шаҳр, муҷассамаи Падари шеъри форсии тоҷикӣ, асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ пайкараи ёдгорӣ қоматфароз гардидааст. Ҳамчунин, ба сифати сардори Маркази фарҳангии тоҷикони Самарқанд фаъолияти босамар дошта, барои эҳёи фарҳанги миллӣ ва ҳифзу равнақи забони тоҷикӣ дар ин сарзамини бостонӣ пайваста талош меварзад.[2]

Мероси илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи асарҳои

  • “Сӯзанӣ ва муҳити адабии Самарқанд дар асри XII” (1973),
  • “Поэтикаи шоирони Мовароуннаҳри асри XII” (1977),
  • “Мазмун ва шакли асари бадеӣ” дар силсилаи “Китобхонаи назарияи адабиёт” (1977),
  • “Адабиёти тоҷик дар асри XYII” (1985),
  • “Адабиёти форс-тоҷик дар нимаи дуюми асри XI ва нимаи якуми асри XII” (1986),
  • рисолаҳои ҷудогона аз рӯзгори Малеҳои Самарқандӣ ва тазкираи ӯ (дар шакли дастури таълимӣ, 1990),
  • муаллиф ва ҳаммуаллифи китобҳои ҷудогона доир ба таҳқиқ ва нашри осори шоирони адабони форсу тоҷик аз қабили Абӯабдулло Рӯдакӣ,
  • ҳикояҳо аз “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ,
  • “Тазкираи адабиёти бачагон”,
  • “Тазкираи суханварони сайқали рӯи замин” (бо ҳамқаламии Т. Зеҳнӣ),
  • “Адабиёти тоҷик” (асрҳои XVI-XIX ва ибтидои асри XX (бо ҳамқаламии Р. Ҳодизода ва У. Каримов, 1988),
  • “Нақшбандия ва таъсири он ба адабиёти асрҳои XV-XVII тоҷик” (1999),
  • «Малеҳои Самарқандӣ ва тазкираи ӯ» (Тошкент, 2001),
  • “Равияҳои асосии мундариҷаи ғояҳои адабиёти тоҷик дар асри XVII” (2002),
  • “Инъикоси рӯзгори мардуми меҳнаткаш дар адабиёти асри XYII тоҷик” (2004),
  • “Таърихи адабиёти тоҷик дар Самарқанд” (2007).
  • «Самарқанд адабий муҳити тарих кӯзғусида» (Тошкент, 2009),
  • «Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих» (Тошкент, 2012), ва китоби дарсӣ барои мактабҳои миёна ва олӣ.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — 184 с. — С. 116 ISBN 978-99947-958-2-6 (тоҷ.)
  2. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014. — С. 220-221 ISBN 978-99947-2-379-9 (тоҷ.)