Jump to content

Саидҷаъфар Усмонзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саидҷаъфар Усмонзода
Усмонзода Саидҷаъфар Усмон
Таърихи таваллуд: 4 ноябр 1960(1960-11-04) (64 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Фархор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Ҳизб: Ҳизби демократи Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидҷаъфар Усмонзода (зод. 4 ноябри 1960, ноҳияи Фархор) — иқтисоддон ва сиёсатмадори тоҷик, номзади илми иқтисод (2001). Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар солҳои 2012—2024, номзади интихоботи президентии Тоҷикистон (2013).

Зиндагинома

Саидҷаъфар Усмонзода 4 ноябри соли 1960 дар деҳшӯрои ноҳияи Фархор, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Аз соли 1967 то 1977 дар мактаби миёнаи № 5 ба номи Калинин таҳсил намуда, баъдан солҳои 1978—1983 дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Соли 2005 шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Соли 2001 рисолаи номзадии илмҳои иқтисодиро дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар шароити бозаргонӣ, дар ҳолати зиёд будани қувваи корӣ» ҳимоя кардааст.

Корнома

Фаъолияти кории Саидҷаъфар Усмонзода аз соли 1977 оғоз ёфта, дар тӯли фаъолияташ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

  • 1977—1978 — коргузори мактаби миёнаи № 5 ноҳияи Фархор
  • 1983—1984 — иқтисодчии бонки сохтмони вилояти Қӯрғонтеппа
  • 1984—1989 — корманди Кумитаи комсомолии шаҳр ва вилояти Қӯрғонтеппа
  • 1989—1990 — нозири Кумитаи назорати халқии шаҳри Қӯрғонтеппа
  • 1990—1992 — раиси кооперативи истеҳсолии «Хатлон»-и ноҳияи Ховалинг
  • 1992—1996 — хизмат дар Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 1996—1997 — мудири шуъбаи Иттифоқи ҷавонони шаҳри Душанбе
  • 1997—1999 — сардори идораи коргузории Бонки Миллии Тоҷикистон
  • 1999—2000 — ҷонишини директори корхонаи хӯрокаи ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе
  • 2000—2002 — директори маркази техникии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 2002 — хизмат дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 2002—2004 — сардори полиси андози шаҳри Турсунзода
  • 2004—2005 — ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
  • 2005—2012 — соҳибкор
  • 2012—2024 — раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон

Вакилӣ ва фаъолияти сиёсӣ

1 марти соли 2020 Саидҷаъфар Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, ҳамзамон вазифаи раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро идома дод.[1]

14 июни соли 2024, дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати шашум) пешниҳоди Прокурори генералӣ оид ба маҳрум кардани ҳуқуқи дахлнопазирии вакил Саидҷаъфар Усмонзода баррасӣ гардида, он қабул шуд, пас аз ин, ӯ боздошт гардид.[2]

Эзоҳ