Оқил Оқилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Оқил Оқилов
Оқил Ғайбуллаевич Оқилов
Oqil Oqilov.jpeg
Парчам
Сарвазири Тоҷикистон
20 декабри 1999 — 23 ноябри 2013
Пешгузашта: Яҳё Азимов
Ҷонишин: Қоҳир Расулзода
 
Эътиқод: Ислом
Саннаи таваллуд: 2 феврал 1944(1944-02-02) (72 сол)
Хуҷанд, Вилояти Суғд, Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Маълумот: Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Маскав
Касб: Муҳандис-сохтмончӣ
 
Ҷоизаҳо:
Дорандаи ордени Исмоили Сомонӣ
Ордени «Нишони Фахрӣ» DistinguishedLabourRibbon.png

Оқил Оқилов (Оқил Ғайбуллоевич Оқилов; тав. 2 феврали 1944, Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — собиқ сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006 - 2013).Корманди шоистаи Тоҷикистон. Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.

Зидагинома[вироиш]

Оқил Ғайбуллоевич Оқилов 2 феврали соли 1944 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1967 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Москваро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ва соли 1980 Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии ҲКИШ-ро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун устои идораи сохтмонии №5-и трести бинокории Ленинобод оғоз намуда, солҳои 1969-1976 дар вазифаҳои сармуҳандис, сардори саридораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Ленинобод, сардори идораи сохтмони №9-и трести хонасозии Ленинободи Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст.

Соли 1976 ба Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 1993 ба сифати инструктор, муовин, мудири шӯъбаи Кумитаи Марказӣ адои вазифа намудааст.

Солҳои 1993-1999 ба ҳайси Вазири сохтмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Ленинобод фаъолият дошт.

Солҳои 1999-2006 ба сифати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз 1 декабри соли 2006 то 2013 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Мукофот[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]