Салоҳияти Ҳукумат
Зоҳир
Салоҳияти Ҳукумат — дар Конститутсия, Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дигар қонунҳо ва Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Салоҳияти Ҳукуматро шартан ба якчанд гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст:
I. Роҳбар аз болои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ;
II. Салоҳияти умум, ки ба татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ вобаста аст, роҳбарии самараноки иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, таҳияи барномаҳои мақсадноки давлатӣ, дар мавридҳои зарурӣ баъзе масъалаҳои ба салоҳияти Ҳукумат тааллуқдоштаро ба мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ дода метавонад;
- дар соҳаҳои иқтисодиёт, буҷет, молия, пул, қарз ва андоз;
- дар соҳаи иҷтимоӣ;
- дар соҳаи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ;
- дар соҳаи истифодабарии табиат ва муҳофизати зист;
- дар соҳаи таъмини қонунияти ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;
- оид ба таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ;
- дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар салоҳияте, ки қонунгузории ҶТ ба зиммаи он мегузорад, амалӣ мегардонад.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - C. 405