Санадҳои конститутсионӣ
Зоҳир
Санадҳои конститутсионӣ - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои конститутсионӣ қабул мекунад. Дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз Конститутсия қонунҳои конститутсионӣ меистанд. Қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад (моддаи 61 Конститутсияи ҶТ). Тафсири Конститутсияро Маҷлиси Олӣ тибқи тартиби мазкур баррасӣ намуда, дар шакли Қонуни конститутсионӣ қабул менамояд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 410 - 411