Саноат Бозорова
Саноат Шукуровна Бозорова | |
Таърихи таваллуд: | 29 август 1932 (90 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ваҳдат , ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе , |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | педагогика |
Ҷойҳои кор: | бюрои ноҳиявӣ ва шаҳрии комсомоли Сталинобод, котиби дуюми райком комсомоли Сталинобод,кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе, Вазорати маорифи ҶТ, Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе (ДДОД ба номи Т. Шевченко), Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, корхонаи хурди Маркази илмӣ-техникии “Самара”, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе (ДДОД ба номи Т. Шевченко), ИҶШС |
Ҷоизаҳо: | “Аълочии мактаби олии СССР”, «Аълочии маорифи халқи СССР» (1984) ва «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1989) |
Саноат Шукуровна Бозорова - (29 июли 1932 шаҳри Самарқанд ), омӯзгор, доктори илми педагогика (2006), дотсент (1989). “Аълочии мактаби олии СССР”, «Аълочии маорифи халқи СССР» (1984) ва «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1989).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Саноат Шукуровна Бозорова дастпарвари мактаби миёнаи № 24 шаҳри Сталинобод (1952). Факултети адабиёт ва забони русии Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе (ДДОД ба номи Т. Шевченко)ро хатм кардааст (1957). Ассисистнти кафедраи педагогика ва психологияи ИДПС (1957), инспектори шуъбаи муассисаҳои таълимии Вазорати маорифи ҶТ (1957-1958), мудири қисми илмии мактаби миёнаи № 25, № 37 ва мактаб-интернати № 2 шаҳри Сталинобод, муаллимаи забон ва адабиёт ва муаллимаи ҷамъиятшиносӣ дар Техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1958-1968). Тӯли беш аз 40 сол муаллима, муаллимаи калон, дотсент, профессори як қатор макотиби олии пойтахт (1968-2000), ноиби ректори ДТТ оид ба корҳои тарбиявӣ, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (2002-2003), Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (2004-2006). Феълан – профессори кафедраи фарҳангшиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Соли 1984 рисолаи номзадиро дифоъ намуда, унвони номзади илми фалсафаро соҳиб гаштааст. Дар давоми соли 1990-1996 директори корхонаи хурди Маркази илмӣ-техникии “Самара” интихоб шудааст. Инчунин, узви КМ ЛКСМ Тоҷикистон, узви бюрои ноҳиявӣ ва шаҳрии комсомоли Сталинобод, котиби дуюми райком комсомоли Сталинобод (1953-1956), мушовири халқӣ, вакили Совети районии меҳнаткашони шаҳри Душанбе (1962-1967), вакили Совети шаҳрии меҳнаткашони Душанбе (1967-1969), узви кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе (1967-1969) интихоб шудааст. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода кор мекунад.[1]
Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Муаллифи беш аз 220 асару мақолаи илмӣ ва 4 монография, китобҳои дарсӣ. Бо роҳбарии ӯ 7 унвонҷӯ рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааанд. Хидматаш дар тарбияи мутахассисони ҷавон калон аст. Фаъолияти педагогиашро ба корҳои илмӣ пайваста тавъам намуда, перомуни роҳҳои равнақи фалсафаи тарбия, омӯзиши шахсият, пайдоиш ва рушди маориф, ташаккули маълумоти педагогӣ ва ғайра беш аз сад рисола, дастури методӣ, мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ навиштааст. Муаллифи асарҳо доир ба масъалаҳои тарбияи интернатсионалистӣ ва маънавӣ, таълиму тарбия (беш аз 150 ҷузъи чопӣ) аст.
Осор[вироиш | вироиши манбаъ]
- Интернационалистическое воспитание рабочего класса в условиях развитого социализма (на материалах Нурекской ГЭС Таджикско ССР). – Алма-Ата,1984;
- Маориф ва аҳамияти он барои Маориф: таърихи пайдоиш ва рушди он. – Д., 2005;
- Асосҳои назариявӣ ва ташаккули маълумоти педагогӣ. – Д., 2006;
- Процессы и перспективы инновационной деятельности национальной политики в области образования (На материалах ВУЗ-ов Республики Таджикистан: Дисс…доктора пед. наук. – Д., 2006; Фалсафаи тарбия: роҳҳои рушди он. – Д., 2008;
- Тарбия дар заминаи омӯзиши шахсият. – Д., 2010;
- Тарбия яке аз вазифаҳои стратегии мактаби олӣ. – Д., 2011;
- Дастур барои роҳбари гурӯҳ. Дастури методӣ. – Д., 2012.
Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- “Аълочии мактаби олии СССР”,
- «Аълочии маорифи халқи СССР» (1984),
- «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1989),
- Ифтихорномаи Фахрии КМ ҲК Тоҷикистон, кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе
Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]
- Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — С. 40 — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6 (тоҷ.)
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улугзода. 1 апрели 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 май 2014.
- Зодагони 29 август
- Зодагони соли 1932
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ваҳдат
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
- Олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон