Сафар Сулаймонӣ
Таърихи таваллуд | 10 март 1951 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Сух ҶШС Ӯзбекистон |
Таърихи даргузашт | 3 июн 2019 (68 сол) |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишгоҳи Исфаҳони Ирон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода |
Сафар Сулаймонӣ (10 марти 1951, ноҳияи Сух, вилояти Фарғона, ҶШС Узбакистон) — доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи байналмилалии иттилоотсозии Созмони Милали Муттаҳид.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сафар Сулаймонӣ 10 марти соли 1951 дар ноҳияи Сухи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом ва факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсил кардааст ва солҳои дароз дар ин даргоҳи дониш ба донишҷӯёни риштаи китобдорӣ таълим додааст. Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1976), аспирантура ва докторантураи Донишкадаи фарҳанги Маскав (1985, 1990), Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (1997) хатм намудааст. Ҳамзамон солҳои 1976—1985 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар вазифаҳои муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи китобхонашиносӣ ифои вазифа намудааст. Солҳои 1990—1995 дар Донишгоҳи Исфаҳони Ирон, солҳои 1999—2004 директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот фаъолияти кор намудааст. Хидмати шоиста ва ибтикорофари профессор Сафар Сулаймонӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот хеле муассир будааст. Солҳои 2004—2007 ба ҳайси мудири кафедраи педагогикаи умумӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2007 то ин ҷониб дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва солҳои охир дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон машғул ба таҳқиқу пажӯҳиш мебошад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти илмию пажӯҳишии Сафар Сулаймонӣ хеле васеъ ва доманадор аст. Вай дар муддати сӣ соли фаъолияти илмию омӯзгориаш даҳҳо китобу рисола ва садҳо мақолаҳои пурарзиши илмӣ ва илмию оммавӣ интишор намуда, сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ва ҷомеаро баланд бардоштааст. Ӯ масоили назария, таърихи кори китобхонаҳо, тамаддуни ҷаҳонӣ, фаъолияти китобу китобдорӣ, китобшиносӣ, истилоҳоти китобдорӣ ва педагогика, фарҳангу фарҳангшиносӣ, забоншиносӣ, масъалаҳои ироншиносӣ, фарҳанги исломӣ ва ғайра ақида рондааст. Чандин маротиба ба Ҷумҳурии исломии Эрон ва Афғонистон сафарҳои хизматӣ идома додааст ва дар натиҷа китобу мақолаҳои назарраси хонданбоб рӯи чоп меоянд. Асарҳои таълифнамудаи ӯ, ба монанди «Тамаддун» (дар чор китоб, 2002—2005, дар ҳамкорӣ бо Темур Атахонов), «Аз таърихи китобдории тоҷик» (1998), «Фарҳангшиносӣ» (2002), «Китобшиносии Ирон ва Ислом» ва «Китобшиносии насри навини форси тоҷикӣ» (2007) ва дигар то кунун китоби саримизии ҳар фарди маърифатпарвару фарҳангии ҷомеа гаштаанд. Рисолаҳои ӯ, ба монанди «Умури китобдорӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон» (1987), «Китобдории ҷаҳони саввуми Шарқ» (1989) ва «Дирӯз ва имрӯзи Ирон» (ба забони русӣ, 1994), барои омӯзиш ва таҳқиқи соҳаи китобдории ҳориҷа ба муҳаққиқон шароитҳо мусоид фароҳам оварданд. Бо таваҷҷуҳ ба ин дар натиҷаи ҳамкорӣ бо академикон Каримова И. Х. ва Шарифзода Ф. ва номзади илмҳои педагогӣ Булбулов ҷ. китоби «Педагогикаи ибтикорӣ» (542 с.) барои чоп омода гардад. 28 декабри соли 2013 рӯнамоии китоби профессор Сафар Сулаймонӣ «Педагогикаи фарҳанг» дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон баргузор гардид. Академикон Маҳмадулло Лутфуллоев, Ирина Холовна Каримова, Файзулло Шарифзода, профессор Бибиҳафиза Маҷидова ва чанде донишмандон ва хабарнигорон дар ин маҷлис паҳлуҳои илмӣ ва аҳамияти ин китобро баррасӣ намуданд.[1]
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ: Дарснома барои донишҷӯёни факултаи китобдорӣ /Муҳ. Б. С. Холов, М. Султонзода. - Душанбе: Амри илм, 1997. - 188 с.
- Китобхонашиносии умумӣ: Дарснома барои донишҷӯёни фа¬кул¬таи китобдорӣ /Вироиши Б. Холов, М. Султонзода. - Душанбе: маориф, 1998. - 141 с.
- Аз таърихи китобдории тоҷик (Аз оғоз то ибтидои садаи ХХ) /Муҳ. М.Султонов, Б.Холов. - Душанбе: Маориф, 1998. - 116 с.
- Фарҳангшиносӣ. — Душанбе: Ирфон, 2002. - 225 с.
- Тамаддун /Дар 4 китоб; Муҳ. масъул М.Исоматов. - Душанбе: Ирфон, 2003—2007. Фарҳангпажӯҳӣ: Осори мунтахаб /Дар 3 ҷилд; ПФИ, Маркази фарҳангшиносии ҶТ. - Душанбе: Ирфон, 2005
- Китобшиносии Ирон ва Ислом /Иборат аз 2 қисм; Зери назари Қ.Сулаймон; Муҳ. масъул Ҷ.Раҷабов; Муҳ. Қ.Сатторӣ; Ройзании фарҳангии ҶИИ, Маркази фарҳангшиносии ҶТ. - Душанбе: Пайванд, 2007. - 392 с.
- Китобшиносии насри навини форси тоҷикӣ (1927—2007) /Муҳ. масъул Ҷ.Раҷабов; Ройзании фарҳангии ҶИИ дар Тоҷикистон, Маркази фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе: Пайванд, 2008. - 430 с.
- Библиотечное дело в Демократической Республике Афганистан. - Душанбе: Ирфон, 1987. - 44 с.
- Библитотечное дело в развивающихся странах Востока /Отв. ред. А. Г. Касымова. - Душанбе: Дониш, 1989. - 95 с.
- Библиотечное дело в Иране: История и современное состояние /Ред. М.Муллоахмедов. - Душанбе: Дониш, 1994. - 309 с.
- Культурологическое исследования: Избранные произведения /В 3 томах; НИИ культуры и информации; Центр культурологи РТ. - Душанбе, 2005. - Т.3. - 272 с.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Раҷабов, Ҷ., Камолзода, С. Китобшиносии осори Сафар Сулаймонӣ /Муҳаррир номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ҷ.Шерматов; Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, КМҶТ ба номи А.Фирдавсӣ, Ройзании фарҳангии ҶИ Ирон дар Тоҷикистон. - Душанбе: Ирфон, 2008. - 208 с. - Матн ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
- Сафар Сулаймонӣ (Сулаймонов Сафар) //Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. - Душанбе, 2004. - Ҷ.3. - С.110.
- Дар оғӯши китобҳо: Маҷмӯаи мақолот ва китобномаи Сафар Сулаймонӣ /Мураттиб номзади илмҳои педагогӣ Б.Холов; Муҳаррир д-ри илмҳои филологӣ, профессор М. Муллоаҳмадов; Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, ДДСТ ба номи М.Турсунзода. - Душанбе: Ирфон, 2001. - 174 с.
- Сафар Сулаймонӣ: Китобномаи шарҳиҳолӣ /Муаллифи мақолаи муқаддимавӣ ва мураттиб номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ш.Тошев; ДДСТ ба номи М.Турсунзода. - Душанбе: Амри илм, 1996. - 55 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сафар Сулаймонӣ. 11 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2016.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 10 март
- Зодагони соли 1951
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Сух
- Даргузаштагони 3 июн
- Даргузаштагони соли 2019
- Докторони улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Олимони Китобхонаи миллии Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода