Саъдӣ Каримзода
Каримзода Саъдӣ Ғафор | |
![]() | |
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
26 январи соли 2022 — 5 январи 2022 | |
Ҷонишин | Қурбон Ҳакимзода |
Муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
27 январи 2020 — 26 январи 2022 | |
|
|
Таваллуд |
12 август 1969 (55 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Саъдӣ Ғафорович Каримов |
Таҳсилот | |
Унвони илмӣ | Номзади илмҳои биологӣ (1997) |
Ҷоизаҳо | Медали Хидмати шоиста |
Ҷойҳои кор | Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Каримзода Саъдӣ Ғафор (то 13 марти соли 2017 — Каримов Саъди Гафорович; тав. 12 августи 1969, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — номзади илмҳои биология, ходими давлатӣ. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022—2023). Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №213 аз 23 июли соли 2021 бо медали «Хизмати Шоиста» сарфароз гардонида шудааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Каримзода Саъдӣ Ғафор 12 августи 1969 дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хидматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1986 мактаби миёнаи № 30-и шаҳри Душанберо хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шудааст. Аз соли 1988 то соли 1989 дар Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст.
Баъди хатми донишгоҳ соли 1992 таҳсилро ба шуъбаи аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, онро соли 1995 хатм намудааст. Пас аз хатми аспирантура то соли 1998 дар Институти физиологияи рустаниҳо ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ходими хурди илмӣ фаъолият намуда, рисолаи номзадиашро дифоъ ва сазовори унвони номзади илмҳои биологӣ гаштааст.
Соли 2024, Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - ро бо ихтисоси «менеҷменти сиёсӣ» хатм намудааст.
Оила
Падараш — Каримов Ғафор (тав. 10 июли соли 1941 санаи вафот 7 марти 2015), номзади илмҳои химия, дотсент, мудири кафедраи кимиёи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур (2003-2007). [1]
Модараш — Мирзоева Идоятхон (тав. 13 июни соли 1950) ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ (солҳои 1976 - 2017) Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №42, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1995—1998 — Ходими хурди илми Институти физиологияи рустаниҳо ва генетика
- 1998—2007 — Агрономи ташкилоти ғайридавлатии «Агроаксияи Олмон» (Deutsche Welthungerhilfe e. V.)
- 2007—2011 — Ҳамоҳангсози барномаҳои Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA)
- 2011—2012 — Мушовири байналмилалии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳа оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ»
- 2012—2020 — Директори Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»
- 2020—2022 — Муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур - Кафедраи кимиё. www.tajagroun.tj. 4 апрели 2025 санҷида шуд.
- ↑ Президенти Тоҷикистон. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Каримзода С. Ғ.. president.tj. 27 Январ 2022 санҷида шуд.
- ↑ Указы Президента Республики Таджикистан | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 5 Январ 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 Январ 2023.