Сергей Рахманинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Сергей Рахманинов
セルゲイ・ラフマニノフ.jpg
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд русӣ: Сергей Васильевич Рахманинов
Таърихи таваллуд 20 март (1 апрел) 1873[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 28 март 1943(1943-03-28)[3][4][5][…] (69 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият аз 1892
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, пиёнунавоз, раҳбари мусиқӣ, мусиқишинос, Виртуоз
Соз фортепиано
Сабк опера, симфонӣ ва мусиқии килоссик[d]
Ҷоизаҳо
Соядаст
Соядаст
rachmaninoff.org(англ.)
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Сергей Василевич Рахманинов (1873-1943) — композитор, пианинонавоз ва дирижёри барҷастаи рус.

Зиндагинома[вироиш]

Рахманинов таҳсили мусиқиро дар Консерваторияи Петербург (ҳоз. Санкт – Петербург) оғоз намуд (1882), дар соли 1885 ба Москва кӯчидааст. Ӯ соли 1891 Консерваторияро ҳамчун пианинавоз ва баъди як сол бо ихтисоси композитор хатм кардааст. Устодонаш С. Танеев, А. Аренский, А. Зилоти буданд. Барои кори имтиҳониаш операи якпардагии «Алеко» (аз рӯйи достони Пушкин «Лӯлиҳо»), Рахманинов бо медали тило мушарраф гашт. Баъд аз ин ӯ дар андак вақт фантазияи симфонии «Утёс», «Триои элегӣ ба хотираи Чайковский», «Симфонияи якум» ва ғ.-ро эҷод кард, ки ӯро ҳамчун шахси боистеъдод дар мусиқии калон муаррифӣ намуданд. Дар ин солҳо Рахманинов чун пианинавоз бо муваффақият консертҳо медиҳад. Дар соли 1897 ӯ ба ҳайси дирижёри Операи хусусии русӣ, баъдтар Театри Калон фаъолият дошт. Солҳои 1901 то 1916 асарҳои беҳтарини худро – Консертҳои дуюм ва сеюм барои фортепиано, Симфонияи дуюм, операҳои «Ритсари хасис» ва «Франческа да Римини», достон барои оркестр, хор ва яккахонон «Колокола», романсҳо, прелюдияҳо ва этюдҳо – нақшҳо барои фортепиано офаридааст. Дар соли 1917 Рахманинов бо барномаи консертӣ ба хориҷи кишвар (ИМА) сафари ҳунарӣ кард ва дар он ҷо то охири умр монд. Танҳо баъди 10 соли аз Россия рафтанаш Рахманинов боз ба эҷоди мусиқӣ шурӯъ кард; дар хориҷа Консерти чорум ва Рапсодияи дар мавзӯи Паганини барои фортепиано бо оркестр, Симфонияи сеюм ва рақсҳои симфониро эҷод намуд. Эҷодиёти ин пианинавози бузург ва композитори бомаҳорат Сергей Василевич Рахманинов мероси пурифтихори ватанӣ ва классики ҷаҳонӣ ба шумор меравад.[6]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Риман Г. Рахманинов (рус.) // Музыкальный словарь: Перевод с 5-го немецкого издания / под ред. Ю. Д. Энгель, пер. Б. П. ЮргенсонМ.: Музыкальное издательство П. И. Юргенсона, 1901. — Т. 3. — С. 1084.
  2. Rachmaninoff, Sergei Vasilievich (ингл.) // The Enciclopædia Britannicа — 12 — London, NYC: 1922. — Vol. XXXII Pacific Ocean Islands to Zuloaga. — P. 219.
  3. Рахманинов Сергей Васильевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  4. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  5. Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  6. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 310. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)