Таваралӣ Зиёзода
Зиёзода Таваралӣ Нозимпур | |
Таърихи таваллуд | 20 август 1942 |
Зодгоҳ | ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 6 март 2023 (80 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих, педагогика, ҳуқуқи инсон |
Ҷойҳои кор |
ДДОТ, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Ҷоизаҳо |
Зиёзода Таваралӣ Нозимпур (Зиёев Таваралӣ Нозимович; 20 августи 1942, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон — 6 марти 2023, Душанбе) — омӯзгор ва муаррихи тоҷик. Доктори илмҳои педагогика (2012), профессор.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]20.08.1942 дар деҳаи Кабкрези ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Таҳсилоти 7- соларо дар деҳаҳои Кабкрез, Ҷонварсӯз ва Файзобод ва миёнаро дар ОКТ № 5 ш. Душанбе гирифта, касбии миёнаро дар Техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (соли 1966) ва факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро дар соли 1975 хатм кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди хатми таҳсил, то соли 1985 дар мактабҳои миёна ва омӯзишгоҳҳои касбомӯзӣ муаллимӣ кардааст. Солҳои 1985—1993 — муаллими калони кафедраи таърихи Тоҷикистон ва таъриху ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1994—2011 — мудири шуъбаи фанҳои ҷомеашиносӣ ва муовини директори ПРМ оид ба илм буд.
Узви Шӯрои миллии таҳсилот, раиси Шӯрои коршиносон оид ба фанҳои таърих ва ҳуқуқи инсон дар назди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва муовини раиси шӯрои экспертӣ оид ба илмҳои педагогӣ дар назди Комиссияи Олии Аттестатсиони (ВАК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Таваралӣ Зиёзода муаллифи 21 рисолаи илмӣ, 3 консепсияи миллӣ (дар бораи тарбияи шаҳрвандӣ ва маърифати шаҳрвандӣ), 5 стандарти давлатии таҳсилоти фаннӣ, 12 китоби дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, таълимгоҳҳои миёна ва олии касбӣ, 16 дастури таълимию методӣ, 22 барномаи таълимӣ ва ғайра, ҷамъ 83 номгӯй ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ дар маҷаллаю маҷмӯаҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин қриб 140 мақола дар нашрияҳои даврӣ батабърасида мебошад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1999 барои иштироки фаъолона ва ба табъ расонидани силсилаи мақолаҳои илмии бахшида ба 1100- солагии ҷашни Давлати Сомониён ба мукофоти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст.
Соли 2002 ба Ордени Шараф, Дараҷаи 1 мукофотонида шуда, онро ба қадргардида президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан супоридааст.
Соли 2011 бо Нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Инчунин хизматҳояш дар соҳаи маорифи кишвар бо беш аз 15 диплому грамота ва таърифномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон ва мақомоти он қадр карда шудааст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Таваралӣ Зиёзода 6 марти 2023 бар асари сактаи мағзӣ дар 81-солагӣ даргузашт[1]. Ӯро дар оромгоҳе дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе дафн карданд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асосҳои илмии тарбияи шаҳрвандии хонаандагон дар таълими таърихи кишвар. — Душанбе: «Паёми Ошно», 2004. — 206 саҳ.
- Маърифати шаҳрвандӣ: Барнома ва асосҳои методологии татбиқи он. — Душанбе: «Ирфон», 2008. — 160 саҳ.
- Методология: Гуманизм ба ҷои марксизм-ленинизм. — Душанбе: ВИЗА, 2008. — 128 саҳ.
- Теоретические проблемы стратегии развития гражданского образования в Республике Таджикистан. — Душанбе: «Ирфон», 2008. — 288 с.
- Назария ва амалияи санҷиши донишу малака ва маҳорати хонандагон дар таълими таърих ва ҳуқуқи инсон. — Душанбе: «Ирфон», 2008. — 268 саҳ.
- Асосҳои илмию методологии масъалаҳои мазмуни таҳсилоти таърих ва ҷомеашиносӣ. — Душанбе: «Ирфон», 2008. — 268 саҳ.
- Масъалаҳои илмию методологии мазмуни таҳсилоти фанҳои таъриху ҷомеашиносӣ. — Душанбе: «Ирфон», 2008. — 120 саҳ.
- Маърифати шаҳрвандӣ. — Душанбе: «Ирфон», 2009. — 282 саҳ.
- Современная система школьного исторического образования. — Душанбе: «Ирфон», 2009. — 304 стр.
- Асосҳои маърифати шаҳрвандӣ. — Душанбе: «Ирфон», 2010. — 356 саҳ.
- Тамаддуни Руми Қадим. — Душанбе: «Ирфон», 2018. — 724 саҳ.
- Тамаддуни Юнони Қадим. — Душанбе: Ирфон, 2018. — 508 саҳ.
- «Аз Кодекси Хаммурапи то Эъломияи Куруши Кабир», 2019. — 323 саҳ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Рао/Ро. Таваралӣ Зиёзода дар 81-солагӣ даргузашт. ВИДЕО(тоҷ.), Радиои Озодӣ (6 марти 2023). Проверено 9 марти 2023.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишномаи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф (ДПРМ). Душанбе: «ПРМ АТТ», 2013.