Теодор Драйзер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Теодор Драйзер
англ. Theodore Dreiser
Theodore Dreiser.jpg
Ном ба ҳангоми таваллуд: олмонӣ: Theodore Herman Albert Dreiser
Таърихи таваллуд: 27 август 1871(1871-08-27)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 28 декабр 1945(1945-12-28)[1][4][2][…] (74 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, рӯзноманигор, румоннавис, мақоланавис, зиндагиноманавис, филмноманавис, виростор
Солҳои эҷод: аз 1892
Забони осор: инглисӣ[2]
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Теодо́р Дра́йзер (Theodore Herman Albert Dreiser; 27 август 1871[1][2][3][…], Terre Haute[d], Индиана[1][4]28 декабр 1945[1][4][2][…], Ҳолливуд[d], Калифорния[1][4]) — нависандаи Амрикоӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Теодор Драйзер 27 августи соли 1871 дар шаҳраки Терре Хоти штати Индианаи Иёлоти Муттахидаи Амрико дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Падари ӯ Чон Паул Драйзер аз руи ихтисос бофанда буда, бо амри такдир соли 1844 аз Германия ба Амрико хичрат кардааст. Хичрати ӯ чунонки мухаккикон кайд мекунанд, аввалан аз хизмати харби рахо ёфтан ва сониян бо мақсади бой шудан рух додаст. Дар ибтидо воқеан корҳои ӯ барор гирифта, даромади хубе ба даст меорад. Муттасифона он дер давом намекунад. Ҳангоми таваллуди Теодор, чи хеле нокидони осори нависанда хабар медиханд. Зиндагии ин оила ру ба таназул оварда, хатто лаъхзаҳои зиёди фочиа ба ин оила тахдид намудааст. Чунин лахзаҳои душвори зиндагии оилавиро нависанда дар китоби тарчумаи холи худ"Шафак>> (1931) ба хотир оварда навиштасст, ки <<ах хотироти манн рӯзҳои хунуки пурдахшат хеч гоҳ фаромуш намешавад. Хуроки бисёр кам- он хам бошад, танҳо картошкабирён, баъзан шавла. Бисёр авкт гурусна будам".

То синни 16_солаги Драизер барои ба Чикаго рафта, савод омухтан ба корҳои хархела машгул шуда, каме маблаг чамь меоварад. Ин орзуи ӯ соли 1889 чомаи амал пушид. Бо маслихату тавсияи яке аз муаллимаҳои шинос Драизер соли 1889 ба донишгои шаҳри Блумингтон дохл мещавад, вале зиндагии сахти Амрикои онрӯза уро мачбур намуд, ки баьди як соли тахсил онро тарк намуда, аз паи паидо кардани ризку рӯзи шавад. У ҳангоми тахсил бисер мутолиа менамуд, бо осори нависандагони Ғарб ва рус ошнои паидо кард. Махсусан асарҳои Лев Толстои дар ҷаҳонбинию такдири минбаьдаи Драизер таьсири амике гузоштааст.

Хамин андешахо, яьне ташнаи навиштану шӯҳратёр гардидан Драизерро ба рӯзнома овард. Солхои1892_1895 ӯ чун мухбири рӯзномаҳои Чикаго,Сент_Луис,Толедо,Питсбург,Филаделфия,Ню_Иорк хамкори мекунад. Хабару маколаҳои ӯ паиваста дар бораи вокеаҳои рӯз садамаи поезду киштихо, вохури бо одамони машҳур, маколахо аз хаети театру мусики, оид ба корпартоии трамваичиен ва гаира чоп шуд. Драизер 28_декабри соли 1945 дар шаҳри Холливуд аз олам гузаштааст.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 1.7 Краткая литературная энциклопедия (рус.)М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 2.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. 3.0 3.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 4.5 Драйзер Теодор // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. LIBRIS — 2018.