Токпарварӣ дар Тоҷикистон
Токпарварӣ (ангурпарварӣ) — яке бахшҳои боғдории анъанавии тоҷикон буда, дар ҳаёти мардум мавқеи махсус дорад.
Токи ангурро дар ҳавлӣ, дар боғчаҳои алоҳида ва болои талу теппаҳо парвариш мекунанд. Дар ҳавлиҳо, маъмулан, барои парвариши ангур «воиҷ» (чойлов, хавоза, уланг) месозанд. Инчунин дар боғҳо ба тариқи «ҷӯягӣ» ва дар талу теппаҳо ба тарзи «буттагӣ» низ парвариш мешавад. Барои афзоиши ток ё ниҳоли ангур аз шохи дарахти серҳосилу солим ба дарозии 40-70 см «қаламча» мегиранд. Қаламчаро дар фасли тирамоҳ ё оғози баҳор ҳангоми токбурӣ гирифта, ба замини нарму порудодашуда мегӯронанд. Қисми асосии қаламча зери хок меравад, танҳо ду-се чашмакаш барои сабзидан аз хок берун мемонад. Ниҳоли сабзидаро баъд аз як-ду сол ба ҷойи матлуб мекӯчонанд. Ангур нигоҳубини махсусро талаб менамояд. Дар аввали баҳор шохчаҳои барзиёдашро мебуранд, пӯстлохи токро канда, бехашро сафед менамоянд. Вақте ки ангур аз гул фаромад ва ғурра баст, баргҳои зиёдатӣ ва навдаҳои хомашро мекананд, ки ин амалро «хомток» меноманд. Токбурии дуюмро «нӯгтокӣ» мегӯянд, ки вақти пухтани ҳосил барои сарф шудани қувваи асосӣ ба меваҳо анҷом медиҳанд. Дар Варзоб токҳои ангурро боғбонҳо се маротиба об медоданд: бори аввал дар вақти гулкунӣ, бори дувум дар нимаҳои тобистон ва дафъаи севум вақте ки ангурҳо пухта мерасанд.
Токпарварӣ баъди тамокупарварӣ дар Тоҷикистон соҳаи сердаромадтарин маҳсуб меёбад. Азбаски солҳои охир дар кишвар тамокупарварӣ ба хотири ба саломатӣ зараровар буданаш чандон рушд накарда истодааст, токпарварӣ ба ҷойи аввал баромадааст.
Аҳамият
[вироиш | вироиши манбаъ]Токро дар ҳама гуна замин, бахусус лалмӣ ва санглоху шағалзор ва қисман шӯразор низ парвариш мекунанд. Дар заминҳои обии санглох, шағалзор ва лалмие, ки даромади дигар зироатҳо хароҷотро намепӯшонад, токзорҳо ҳосили хушсифат ва даромади зиёд медиҳанд. Инро нишондиҳандаҳои ҳарсолаи хоҷагиҳои боғу токпарварии «Сомғор», ба номи Исмоил Ҳамзаалиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хоҷагиҳои водии Ҳисор ва дигар хоҷагиҳои токпарварии лалмикори кишвар исбот кардаанд. Токзор, ба истиснои баъзе дарахтони мева ва зироатҳои бисёрсола, ҳар сол ҳосил медиҳад. Аҳамияти муҳими экологии токпарварӣ дар он аст, ки дар кӯҳҳо, доманакӯҳҳо ва теппаҳо, дар ҳолати уфуқӣ ҷойгир кардани қаторҳо, пеши роҳи шуста шудани заминро мегиранд ва тавассути патакрешаҳои худ мустаҳкам мекунанд. Аксари зироатҳои бисёрсола хусусияти «ватандорӣ» доранд, яъне дар як иқлим ҳосил медиҳанду дар иқлими дигар ҳатто нашъунамои хуб намекунанд. Танҳо токи ангур дар баландиҳои то 2000 метр ва аз он баланд шаҳри Хоруғ то пастиҳои лаби баҳрҳо, дар ҳама гуна релеф ва таркиби он ҳосили дилхоҳ дода метавонад. Аҳамияти иқтисодии онҳо дар истеҳсолот низ чашмрас аст. Агар ҳосилнокии баланд (аз 1 гектар то 200—250 сентнер) имкони гирифтани даромади калон дошта бошад, чун зироати тамоми сол даҳҳо ва садҳо нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамояд. Ин ҷиҳатро ба инобат гирифта, бояд дар ҷумҳурӣ на фақат ба миқдори пештара «совхоз — заводҳо» бунёд карда шаванд, балки хоҷагиҳои нави давлатӣ таъсис ёбанд. Азбаски бунёди «совхоз — заводҳо» маблағгузории калонро металабад, бояд онҳоро монанди пешина бо маблағи давлат ё сармоягузорӣ бунёд карда, даромадашон ба буҷети давлат ворид шавад. Дар хотир бояд нигоҳ дошт, ки як «совхоз — завод»-и саноатии давлатии пешқадами ҷаҳонӣ даромади ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии парокандаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ё вилояти Хатлонро дода метавонад.[1]
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Тоҷикистон ҳар сол 17-20 ҳазор тонна мавизу кишмиш истеҳсол мекард. Дар шаҳри Истаравшан корхонаи аз унсурҳои бегона тоза кардан, шустан ва ба навъҳо ҷудо намудани мавизу кишмиш кор мекард. Дар Тоҷикистон то солҳои 1990-ум 16 совхоз-завод ба парвариш ва коркарди саноатии ангур машғул буд. Дар ҳар ду — се завод як завод ё комбинати шаробнигоҳдорӣ ва шишарезии он амал мекард. Шаробҳои овозадори дессертии Тоҷикистон, аз ҷумла «Тоҷикистон», «Ҷавс», «Тойфӣ» ,«Роҳат», «Вахш», «Ширинӣ», «Ғончӣ», инчунин ошхонагии «Орзу» ва «Исфисор»-ро истеҳсол мекард.[2]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=12468АНГУР - МАНБАИ САЛОМАТӢ, ҒИЗО ВА ДАРОМАД
- ↑ www.jumhuriyat.tj. АНГУР - МАНБАИ САЛОМАТӢ, ҒИЗО ВА ДАРОМАД(тоҷ.) (8 июли 2020). 8 сентябри 2024 санҷида шуд.