Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Тими миллии футболи Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тими миллии футболи Тоҷикистон
Лақаб тоҷикӣ: Шерони форс
тоҷикӣ: Тоҷҳо
Конфедератсия КФО
Федератсия Федератсияи футболи Тоҷикистон
Субфедератсия АФОМ
Сармураббӣ Парчами Сербия Горан Стеванович
Капитан Аҳтам Назаров
Бештарин
бозии  миллӣ
Аҳтам Назаров (98)
Беҳтарин
голзан
Манучеҳр Ҷалилов (20)
Варзишгоҳи  хонагӣ Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон (Душанбе)
Раддабандии
ФИФА
100 (+1) (19 январи 2026)
max: 99 (январи 2024)
min: 180 (июл ва октябри 2003)
Коди ФИФА TJK
Форма
Либоси
аввал
Форма
Либоси
дуввум
Нахустин бозӣ
Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон 2:2 Ӯзбекистон Парчами Ӯзбекистон
(Душанбе, Тоҷикистон; 17 июни 1992)
Беҳтарин пирӯзӣ
Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон 16:0 Гуам Парчами Гуам
(Табрез, Эрон; 26 ноябри 2000)
Бадтарин шикаст
Ҷопон 8:0 Тоҷикистон Парчами Тоҷикистон
(Осака, Ҷопон; 11 октябри 2011)
Ҷоизаҳои варзишӣ
Ҷоми даъвати КФО
Тилло Бангладеш 2006
Нуқра Ҳиндустон 2008
Биринҷӣ Шри-Ланка 2010

Тими миллии футболи Тоҷикистон — дастаи миллӣ, намояндаи кишвари Тоҷикистон дар мусобиқоти байнулмилалӣ ва Осиё аст, ки зер назари Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолият мекунад. Аз соли 1994 узви ФИФА ва КФО (AFC), инчунин узви АФОМ (FACA) мебошад. Барандаи Ҷоми даъвати AFC-2006, барандаи медали нуқраи Ҷоми даъвати AFC-2008 ва барандаи медали биринҷии Ҷоми даъвати AFC-2010 аст. Тибқи 19 январи соли 2026, мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии ФИФА дар байни 211 кишвари узви ФИФА дар ҷои 100-ум қарор дорад[1].

То нимаи соли 1991 Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт ва бинобар ин сабаб футболбозони тоҷикистонӣ мисли дигар ҷумҳуриҳои иттиҳодия дар ҳайати тими мунтахаби ИҶШС баромад менамуданд. Тими мунтахаби ҶШС Тоҷикистон соли 1930 ташкил ёфта, дар кулли мусобиқоти футболии Спартакиадаи тобистонаи халқҳои ИҶШС иштирок намудааст. Дар чемпионати футболи ИҶШС низ, бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон он замон ширкат мекарданд.

Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани ҷумҳурии Тоҷикистон тими миллии Тоҷикистон аз нав ташкил шуд. Нахустин бозии расмии байналмилалияшро тими миллии Тоҷикистон бо тими миллии Ӯзбекистон (2:2) дар чаҳорчӯби Ҷоми миллатҳои Осиёи марказӣ - 1992 барпо намуд. Соли 1992 бо расман ба қайд гирифтани ин бозиҳо аз тарафи ФИФА, тими миллии Тоҷикистон ва чаҳор тими миллии дигари Осиёи марказӣ (Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон) бо бошгоҳҳояшон иҷозаи ширкат дар мусобиқотҳоеро пайдо карданд, ки таҳти сарпарастии ФИФА баргузор мешаванд. Пас аз даври дуввуми Ҷоми миллатҳои Осиёи марказӣ тими мунтахаби Тоҷикистон ба далели мушкилоти молӣ аз ширкат дар ин мусобиқот даст кашид.

Тими мунтахаби Тоҷикистон соли 1993 дар Ҷоми ЭКО 1993, дар шаҳри Теҳрон иштирок намуда, мақоми сеюмро касб намуд.

Соли 1994 Тоҷикистон расман ба узвияти КФО ва ФИФА пазируфта шуда, узви комилҳуқуқи ин созмонҳои байналмилалии футбол гардид. Худи ҳамон сол мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои миллии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон чаҳор бозӣ анҷом дод. Дар соли 1995 ба далели ҷанги дохилӣ ва тамом шудани буҷаи кишвар тими миллӣ натавонист бозиҳои худро баргузор кунад. Дар умум солҳои 90-ум ҷанги шаҳрвандӣ ва норасоии маблағ сабаби мунтазам бозӣ накардани тими миллии Тоҷикистон шуд.

Соли 1996 тими миллӣ дар даври интихобии Ҷоми Осиё-1996 бо тими миллии Ӯзбекистон ҳамагӣ ду бозӣ анҷом додааст. Бозии аввал, ки дар Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби бузург (4:0) ба нафъи тими Тоҷикистон хатм шуд. Дар бозии ҷавобӣ дар Тошканд тими миллии Ӯзбекистон бар Тоҷикистон бо ҳисоби (5:0) пирӯз шуд дастаи миллии моро аз роҳхат гирифтан ба Ҷоми Осиё, ки соли 1996 дар АМА баргузор шуда буд, бенасиб намуд. Дар солҳои 1997-1999 мунтахаби кишвар 15 бозӣ анҷом дода, дар 7 бозӣ ғалаба шудааст.

Дар солҳои 1992 то 1999 мунтахаби Тоҷикистон дар маҷмӯъ 23 бозӣ анҷом додааст, ки дар 9-тоаш ғалаба, 5 бозӣ мусовӣ ва дар 9 бозӣ мағлуб шудааст. Шумораи голҳо: 41—38.

Дастовардҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Дорандаи Ҷоми даъвати КФО: 2006
  • Финалисти Ҷоми даъвати КФО: 2008
  • Барандаи медали биринҷии Ҷоми даъвати КФО: 2010

Ҳайати феълӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Омори бозигарон тибқи санаи 10-уми июни соли 2025 аст.

Бозигар Санаи таваллуд Бозӣ Гол Бошгоҳ
Дарвозабонҳо
1 Рустам Ятимов 13.07.1998 47 0 Парчами Русия Ростов
16 Сафармад Ғаффоров 14.04.2004 0 0 Парчами Тоҷикистон Барқчӣ
23 Олег Баклов 20.10.1994 6 0 Парчами Русия Уфа
Муҳофизатгарон
2 Зоир Ҷӯрабоев 16.09.1998 51 2 Парчами Ӯзбекистон Суғдиёна
3 Табрез Исломов 06.06.1998 37 1 Парчами Тоҷикистон Истиқлол
4 Содиқҷон Қурбонов 19.01.2003 8 0 Парчами Тоҷикистон Истиқлол
5 Манучеҳр Сафаров 31.05.2001 50 1 Парчами Ӯзбекистон Динамо Самарқанд
6 Ваҳдат Ҳаннонов 25.07.2000 40 5 Парчами Эрон Сипоҳон
12 Меҳрубон Каримов 09.01.2004 10 0 Парчами Гурҷистон Самгурали
19 Аҳтам Назаров 29.09.1991 93 5 Парчами Тоҷикистон Истиқлол
21 Мӯсо Қаҳҳоров 01.07.2007 1 0 Парчами Тоҷикистон Барқчӣ
Миёнмайдонҳо
7 Парвизҷон Умарбоев Капитани даста 01.11.1994 65 11 Парчами Булғория Локомотив Пловдив
8 Амирбек Ҷурабоев 13.04.1996 63 1 Парчами Тоҷикистон Истиқлол
10 Алиҷони Айнӣ 06.08.2004 17 0 Парчами Гурҷистон Самгурали
13 Ҳамадонӣ Камолов 16.01.2003 14 2 Парчами Эрон Гул Гуҳар
17 Эҳсони Панҷшанбе 12.05.1999 61 6 Парчами Ӯзбекистон Суғдиёна
18 Шӯҳрат Элмуродов 31.01.2002 2 0 Парчами Тоҷикистон Хуҷанд
20 Фатҳулло Олимзода 03.08.2005 7 0 Парчами Белорус Арсенал Дзержинск
Азизбек Ҳаитов 06.04.2003 0 0 Парчами Тоҷикистон Равшан
Ҳамлаварон
9 Далер Шарипов 13.02.2004 5 0 Парчами Ӯзбекистон Шӯртан Ғузор
11 Нуриддин Ҳамроқулов 25.10.1999 26 2 Парчами Тоҷикистон Хатлон
14 Шериддин Бобоев 21.04.1999 23 2 Парчами Тоҷикистон Равшан
15 Шервонӣ Мабатшоев 04.12.2000 33 7 Парчами Озарбойҷон Капаз
22 Шаҳром Самиев 08.02.2001 42 10 Парчами Ӯзбекистон Хоразм


Дар 12 моҳи охир ба тими миллии Тоҷикистон бозигарони зерин барои ширкат дар бозиҳо даъват шудаанд:

Бозигар Санаи таваллуд Бозӣ Гол Бошгоҳ Даъвати охирин
Дарвозабонҳо
Далер Баротов 29.01.1999 3 0 Парчами Тоҷикистон Хуҷанд vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Муҳриддин Ҳасанов 23.09.2002 2 0 Парчами Тоҷикистон Истиқлол vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Муҳофизатгарон
Алиҷон Кароматуллозода 05.05.2002 4 0 Парчами Тоҷикистон Равшан vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Фахриддин Аҳтамов 26.11.2004 3 0 Парчами Тоҷикистон Хуҷанд vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Раҳматшоҳ Раҳматзода 06.04.2004 3 0 Парчами Тоҷикистон Барқчӣ vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Баракатуллоҳ Нигматуллозода 17.08.2006 1 0 Парчами Тоҷикистон Барқчӣ vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Рустам Камолов 04.06.2007 0 0 Парчами Тоҷикистон Истиқлол vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Александр Мухин 15.08.2005 0 0 Парчами Русия Арсенал Тула vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Диловар Ҷамшедзода 02.12.2006 0 0 Парчами Тоҷикистон Барқчӣ vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Меҳрубон Ғаффорзода 15.05.2004 0 0 Парчами Тоҷикистон Барқчӣ vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Миёнмайдонҳо
Муҳаммадҷон Раҳимов 15.10.1998 50 3 Парчами Тоҷикистон Истиқлол vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Алишер Ҷалилов 29.08.1993 32 7 Парчами Тоҷикистон Истиқлол vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Алишер Шукуров 30.03.2002 12 0 Парчами Русия Тюмен vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Ислом Зоиров 12.01.2002 10 1 Парчами Тоҷикистон Ҳосилот vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Муродалӣ Акназаров 19.11.2004 5 0 Парчами Гурҷистон Самтредиа vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Руслан Хайлоев 29.10.2003 4 0 Парчами Тоҷикистон Истиқлол vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Салоҳиддин Иргашев 03.07.2003 3 0 Парчами Белорус Арсенал Дзержинск vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Абубакр Сулаймонов 18.09.2006 2 0 Парчами Тоҷикистон Хатлон vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Азизбек Далиев 16.04.2005 2 0 Парчами Тоҷикистон Барқчӣ vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Ҷовидон Хушбахтов 25.08.2006 1 0 Парчами Тоҷикистон Барқчӣ vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Меҳрубон Одилзода 15.09.2009 0 0 Парчами Тоҷикистон Истиқлол vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Шероз Шарипов 28.11.2003 0 0 Парчами Тоҷикистон БМВА-Помир vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Фаридун Давлатов 12.02.2004 0 0 Парчами Тоҷикистон Регар-ТадАЗ vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Абдулло Шарипов 03.05.2004 0 0 Парчами Тоҷикистон Регар-ТадАЗ vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Хусрав Тоҳиров 01.08.2004 5 0 Парчами Укроин Черноморетс vs Парчами Филиппин Филиппин, 14 октябр 2024
Шарафҷон Солеҳов 14.12.1999 11 1 Парчами Тоҷикистон Регар-ТадАЗ vs Парчами Филиппин Филиппин, 8 сентябр 2024
Вайсиддин Сафаров 15.04.1996 2 0 Парчами Тоҷикистон БМВА-Помир vs Парчами Филиппин Филиппин, 8 сентябр 2024
Ҳамлаварон
Манучеҳр Ҷалилов 27.09.1990 54 20 Парчами Тоҷикистон Истиқлол vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Рустам Соиров 12.09.2002 25 5 Парчами Тоҷикистон Истиқлол vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Муҳаммадалӣ Азизбоев 04.01.2003 2 0 Парчами Тоҷикистон Парвоз vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Масрур Ғафуров 21.01.2006 0 0 Парчами Тоҷикистон Истиқлол vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Шаҳбоз Ҳабибов 16.08.2004 0 0 Парчами Тоҷикистон БМВА-Помир vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Муҳаммад Назриев 23.10.2008 0 0 Парчами Тоҷикистон Истиқлол vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Шерзод Раҷабов 01.01.2006 0 0 Парчами Тоҷикистон Барқчӣ vs Парчами Камбоҷа Камбоҷа, 5 июн 2025
Билол Бобоев 30.06.2006 1 0 Парчами Тоҷикистон Барқчӣ vs Парчами Филиппин Филиппин, 8 сентябр 2024
Футболбоз Бозӣ Гол Аввалин бозӣ Охирин бозӣ
1 Давронҷон Эргашев 74 8 30 июни 2008
2 Фатҳулло Фатҳуллоев 68 9 8 октябри 2007 14 ноябр 2019
3 Аҳтам Назаров 59 5 7 июни 2014
4 Юсуф Рабиев 54 17 26 ноябри 2003 19 март 2013
5-6 Дилшод Восиев 50 8 8 октябри 2007 21 март 2018
Нуриддин Давронов 50 8 13 майи 2008
7 Иброҳим Рабимов 45 9 13 октябри 2004 11 июн 2015
8-9 Хуршед Маҳмудов 42 4 17 ноябри 2004 12 июля 1998
Алишер Тӯйчиев 42 0 13 майи 2008 24 март 2016
10 Ҷаҳонгир Эргашев 35 4 19 марти 2013
Футболбоз Фаъолият Гол Бозӣ Ба ҳисоби миёна
1 Манучеҳр Ҷалилов 2015-то ҳол 19 39 0,49
2 Юсуф Рабиев 2003—2013 17 54 0,31
3 Нӯъмонҷон Ҳакимов 2003—2011 14 34 0,41
4 Тоҳирҷон Мӯъминов 1992—2003 13 31 0,41
5-6 Иброҳим Рабимов 2004—2015 9 45 0,20
Фатҳулло Фатҳуллоев 2007—2019 9 68 0,13
7-8-9 Дилшод Восиев 2007—2018 8 50 0,16
Нуриддин Давронов 2008—то ҳол 8 50 0,16
Давронҷон Эргашев 2008—то ҳол 8 74 0,06
10-11 Алиёр Ашурмамадов 1992—2006 7 14 0,50
Ҷомихон Муҳиддинов 2003—2010 7 32 0,22

Мусобиқаҳои байналмилалӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Даври ниҳоӣ чемпионати ҷаҳон Мусобиқоти интихобӣ
Сол Натиҷа Ҷой Бозиҳо Ғ М Б ТЗ ТС Бозиҳо Ғ М Б ТЗ ТС
Аз 1930 то 1990 Дар ҳайати мунтахаби ИҶШС - - - - - - -
Парчами ИМА 1994 Ҳузур надошт - - - - - - -
Парчами Фаронса 1998 Роҳ наёфт - - - - - - - 6 4 1 1 15 2
Парчами Кореяи Ҷанубӣ 2002 Роҳ наёфт - - - - - - - 2 1 0 1 16 2
Парчами Олмон 2006 Роҳ наёфт - - - - - - - 8 4 1 3 9 9
Парчами Ҷумҳурии Африкои Ҷанубӣ 2010 Роҳ наёфт - - - - - - - 4 1 2 1 7 4
Парчами Бразилия 2014 Роҳ наёфт - - - - - - - 6 2 0 4 6 14
Парчами Русия 2018 Роҳ наёфт - - - - - - - 6 0 1 5 2 20
Парчами Қатар 2022 Роҳ наёфт - - - - - - - 8 4 1 3 14 12
Парчами ИМА Парчами Канада Парчами Мексика 2026 Роҳ наёфт - - - - - - - 6 2 2 2 11 7
Ҳамагӣ - - - - - - - - 50 19 10 21 82 73
Даври ниҳоӣ Мусобиқоти интихобӣ
Сол Натиҷа Ҷой Б Ғ М Б ТЗ ТС Бозиҳо Ғ М Б ТЗ ТС
Ҷопон 1992 Ҳузур надошт - - - - - -
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ 1996 Роҳ наёфт - - - - - - 2 1 0 1 4 5
Лубнон 2000 Роҳ наёфт - - - - - - 3 2 0 1 6 5
Чин 2004 Роҳ наёфт - - - - - - 6 2 2 2 3 5
ИндонезияМалайзияТаиландВетнам 2007 Роҳ наёфт - - - - - -
Қатар 2011 Роҳ наёфт - - - - - -
Австралия 2015 Роҳ наёфт - - - - - -
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ 2019 Роҳ наёфт - - - - - - 16 5 3 8 25 29
Қатар 2023 1/4 ниҳоӣ 4 1 2 1 3 3 11 6 2 3 19 12
Ҳамагӣ - 1/10 4 1 2 1 3 3 38 16 7 15 57 56
  • Дар давоми баргузории Ҷоми даъвати КФО 2010, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои Осиё 2011 гардид.
Даври ниҳоӣ Мусобиқоти интихобӣ
Сол Натиҷа Бозиҳо Ғ М Б ТЗ ТС Бозиҳо Ғ М Б ТЗ ТС
Банглодеш 2006 Қаҳрамон 6 5 0 1 18 2 - - - - - -
Ҳиндустон 2008 Финалист 5 2 2 1 7 5 3 2 0 1 7 1
Шри Ланка 2010 Ҷойи саввум 5 3 0 2 8 5 - - - - - -
Непал 2012 Марҳалаи гурӯҳӣ 3 1 0 2 3 4 - - - - - -
Ҷазираҳои Молдив 2014 Роҳ наёфт - - - - - - 3 2 0 1 4 1
Ҳамагӣ Беҳтарин: Қаҳрамон 16 10 2 3 32 12 6 4 0 2 11 2
  • Ин мусобиқот баъд аз соли 2014 бекор карда шуда, дигар баргузор намешавад
Натиҷа Бозиҳо Ғ М Б ТЗ ТС
Ҷопон Ҳирошима 1994 Ҳузур надошт - - - - - -
Таиланд Бангкок 1998 Даври аввал 5 1 1 3 8 13
Кореяи Ҷанубӣ Бусон 2002 Ҳузур надошт - - - - - -
Ҳамагӣ Беҳтарин: Даври аввал 5 1 1 3 8 13
  • Аз соли 2006 тими миллии ҷавонон вобаста ба муқаррароти олимпӣ иштирок мекунанд.

Ҳамаи мусобиқот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бозигарони машҳур

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сармураббиён

[вироиш | вироиши манбаъ]
Никола Кавазович сармураббии тими миллии Тоҷикистон дар солҳои 2012—2013
Петар Шегрт сармураббии тими миллии Тоҷикистон аз соли 2022 то 2024
Сол Сармураббӣ
1992—1994 Парчами Тоҷикистон Шариф Назаров
1994—1995 Парчами Тоҷикистон Владимир Ғуломайдаров
1996 Парчами Тоҷикистон Абдулло Муродов
1997—1998 Парчами Тоҷикистон Зоир Бобоев
1999 Парчами Тоҷикистон Шариф Назаров
2000—2002 Парчами Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров
2003 Парчами Тоҷикистон Шариф Назаров
2004 Парчами Тоҷикистон Зоир Бобоев
2004—2006 Парчами Тоҷикистон Шариф Назаров
2007 Парчами Тоҷикистон Маҳмадҷон Ҳабибуллоев
2008—2011 Парчами Тоҷикистон Пулод Қодиров
2011—2012 Парчами Тоҷикистон Парчами Русия Алимҷон Рафиқов
2012 Парчами Босния ва Ҳерсеговина Кемал Алиспахич
2012—2013 Парчами Сербия Никола Кавазович
2013 Парчами Тоҷикистон Мубин Эргашев
2013—2015 Парчами Тоҷикистон Парчами Русия Муҳсин Муҳаммадиев
2015—2016 Парчами Тоҷикистон Мубин Эргашев
2016—2018 Парчами Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов
2018 Парчами Тоҷикистон Алишер Тӯхтаев
2018—2021 Парчами Ӯзбекистон Усмон Тошев
2022–2024 Парчами Хорватия Парчами Олмон Петер Шегрт
2024–2025 Парчами Гурҷистон Гела Шекиладзе
2025–то ҳол Парчами Сербия Горан Стеванович
  1. Men's Ranking(англ.). inside.fifa.com. 19 Январ 2026 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)