Jump to content

Тоҷикистон дар соли 1991

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
  • 28 июн – Бонки миллии Тоҷикистон бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1991 дар заминаи Идораи Бонки давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶШС Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Соли 1991 «Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 1996 «Бонки миллии Тоҷикистон» ном гирифтааст.
  • 29 август – дар иҷлосияи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамовро, барои дастгирии (КДВФ – ГКЧП), маҷбур намуданд, ки ба истеъфо равад. Иҷрои вазифаи Президентӣ ба уҳдаи Қадриддин Аслонов, ки раиси муваққатии Шӯрои Олӣ буд, гузошта шуд.
  • 31 август – ҶШС Тоҷикистон минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт.
  • 9 сентябр – дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ қабул гардидани Изҳорот «Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  • 23 сентябр – дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон Қ.Аслонов аз вазифаи раиси Шӯрои Оли озод ва ба ин вазифа Раҳмон Набиев интихоб шуд. Раҳмон Набиев дар як вақт иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
  • Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – С. 550-551.
  1. Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – С. 550
  2. Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – С. 551