Jump to content

Туҳфа Фозилова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Тӯҳфа Фозилова)
Туҳфа Фозилова
Таърихи таваллуд 25 апрел 1917(1917-04-25)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 3 феврал 1985(1985-02-03) (67 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) сарояндаи опера, ҳунарпеша
Навъи садо Сопрано
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

Туҳфа Фозилова (25 апрели 1917 — 3 феврали 1985)[1] — сарояндаи опера (сопрано), актёри театр ва синамои тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон(1941). Ҳунарпешаи халқии СССР(1957), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1972).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Туҳфа Фозилова 25 апрели соли 1917 дар Конибодом ба дунё омадааст. Модари ҳунарпеша ва режиссёри кино Марат Орифов мебошад. Фаъолияти эҷодиаш аз Театри мусиқӣ-драмавии Конибодом соли 1930 сар шудааст. Солҳои 1934—1940 дар Театри мусиқии тоҷик, сипас 1940—1948 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва минбаъд то соли 1985 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намудааст. Дар филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм» «Дохунда» (1956), «Зумрад» (1961), «Имрӯз ва доимо» (1981,) ва «Узбекфилм» низ нақшҳои ҷолиберо офаридааст. Сурудҳои иҷронамудаи ӯ мафтуни мухлисон гашта буданд. Дар бораи ӯ ду филм — «Наша Туфа» (филми телевизионӣ, коргардон Шамсӣ Қиёмов, 1971), «Секрет актрисы» (коргардон В.Эрвайс, 1977) ба навор гирифта шудааст. Бо орденҳои Ленин, «Парчами сурхи меҳнат», «Нишони Фахри» ва «Инқилоби Октябр» мукофотонида шудааст.[2][3]