Jump to content

Марат Орифов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Марат Орифов
Орифов Марат Собирович
Таърихи таваллуд: 27 август 1935(1935-08-27)
Зодгоҳ: Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 29 октябр 2018(2018-10-29) (83 сол)
Маҳалли марг: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Иттиҳоди Шӯравӣ
 Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша, коргардон
Корнома: 1956-2017
Ҷоизаҳо: Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
IMDb: ID 0034870

Марат Собирович Орифов (27 августи 1935 — 29 октябри 2018) — ҳунарпеша ва коргардони синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2008), дорандаи ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалӣ ва умумииттифоқӣ (ИҶШС). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999). Узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон ва ИҶШС (1958)[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Марат Орифов писари Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Тӯҳфа Фозилова аст. Аз хурдӣ ҳамроҳи модари мушфиқаш аз шаҳри Конибодом ба ш. Сталинобод, имрӯза шаҳри Душанбе омад ва русҳо ба шиносномаи таваллудаш на Мурод, балки Марат навиштанд. Ӯ баъди хатми мактаби миёна дар соли 1956 факултаи забон ва адабиёти Институти педагогии Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко, соли 1960 Институти театрию рассомии шаҳри Тошкент ба ном А. Островский, соли 1964 факултаи режиссёрии филмҳои бадеӣ-устохонаи С. А. Герасимовро шаҳри Маскавро хатм кардааст. Ӯ доимо дар ш. Душанбе сукунат дошта фаъолияти эҷодиашро дар соҳаи кино давом додааст. Ҳунарманди мардумӣ ва номии тоҷик Марат Орипов дар синни 83 солагӣ 29 октябри 2018 дар шаҳри Душанбе даргузашт.[2]

Фаъолияти эҷодии ҳунарии ӯ давра ба давра сурат гирифта, аввалин нақши асосӣ — Синоро дар филми «Абӯалӣ ибни Сино» соли 1956 бозидааст. Соли 1958 ӯро ба Тошкент даъват менамоянд ва нақши Ановро дар филми «Вазифаи олӣ» мебозад. Соли 1959 таҳия ва ба наворгирии филми «Қисмати шоир» ба охир мерасад, ки дар он нақши асосӣ Рӯдакиро Марат Орифов мебозад. Марат Орифов барои нақши беҳтарини мардона, дорандаи мукофоти Кинофестивали мамолики Осиё ва Африқо дар ш. Қоҳира (1960) гардидааст. То имрӯз ин нақш ӯро дар миёни мардум ҷовид гардонидааст. Ҳамчун актёр минбаъд дар нақшҳои Сайф аз филми «Вақти зангирии писар расид» (1959), нақши Насриддин дар Хуҷанд дар филми «Дузди Бағдод» (1959), нақши Ширинкор дар филми «Коваи оҳангар» (1961), нақши Аҳмад аз филми «То пагоҳ» (1964), нақши Комил дар филми «Замони осоишта» ҳунарнамоӣ кардааст.[3]

Чун пухта гардиду маъруфият пайдо кард, ба таҳияи филмҳои бадеии телевизионии «Нисо» (1964), «Дили ман дар кӯҳистон» (1969), «Асрори қабила» (1970), «Муҳосира» (1969), «Бо табассум нигар» (1983) пардохт ва манзури тамошобинон гардонд ва аз ҷониби мардум ва давлату ҳукумат бо хушӣ пазируфта шуд. Дар таърихи кинои тоҷик дар офаридани филмҳои воқеӣ-ҳуҷҷатӣ ин чеҳраи шинохтаи миллат саҳми калидӣ дорад. Соли 1972 якбора ду филми ҳуҷҷатии ӯ бо номҳои «Гӯштингирӣ», «Санги кабуд» ва солҳои 1973—1974 филмҳои «Савганд», «50 солагии ҶШС Тоҷикистон» манзури тамошобинон гардонида шуд. «Муаллим», «Маро ба ЛЭП мебаранд» аз маҳсули эҷодии вай дарак медиҳанд.[3] Марат Орифов — Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон, лауреати мукофоти давлатии ленинӣ, дорандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ, иштирокдори даҳаҳои адабиёт ва санъат дар Маскав (соли 1957), дар Озарбойҷон (соли 1965), дар Ӯзбекистон (солҳои 1968 ва 1981), дар Литва (соли 1975 ва соли 1976) ва Қирғизистон мебошад. Марат Орифов якумр дар мактабҳои олии русӣ таҳсил карда, фаъолияти актёрӣ ва таҳиягариву коргардонии ӯ ба забони русӣ сурат гирифтааст.[4][5]

Филми «Муаллим»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Наворбардории филми «Тоҷикфилм» бо номи «Муаллим» бо ширкати яке аз машҳуртарин ҳунармандони эронӣ Маҳнози Афшор ба анҷом расид. Ин филм бори дигар ҳунарманди маъруфи кишвар Марат Орифовро ба саҳнаи кино кашид. Баъди бист соли бознишастагӣ Марат Орифов бо даъвати коргардони шинохта Носир Саидов ба Душанбе омад ва нақши калидиро дар ин филм бозӣ кард.[6]

Филми «Муаллим» бо коргардонии Носир Саидов дар ҳошияи сию сеюмин Ҷашнвораи байналмилалии филми «Фаҷр»-и Эрон дар Пардиси синамоии «Миллат» — и Теҳрон (майи соли 2015) намоиш дода шуд. Дар ҷашнвораи байналмилалии филми «Фаҷр» ҳунарманди тоҷики Марат Орифов барои нақшофарӣ дар филми «Муаллим» — и коргардон Носир Саидов бо гирифтани ҷоизаи махсуси ҷашнвора «Симурғи булурин» муваффақ гардидааст.[7]

Баҳодиҳии эҷодиёти Марат Орифов

[вироиш | вироиши манбаъ]
“Ӯ агар нақши Самаки айёрро мебозид, беҳтарин Самаки айёр буд. Вай метавонист шоҳкориҳои дигаре низ созад, ки ин аз сенариянависон ва драматургон вобаста буд. Ба ҳар ҳол, кинои тоҷик ба шарофати ҳанурмандоне чун Марат Орипов дастовардҳои зиёдеро ноил гашт ва нақшҳое офаридаи ӯ чун намунаи беҳтарин даврони кинои тоҷик мемонад”,

— гуфт Бақо Содиқ[8]

.

  1. Сомонаи «Тоҷикфилм» /Марат Арипов(тоҷ.). www.tojikfilm.tj. 2 ноябри 2018 санҷида шуд.
  2. Даргузашти ҳунарманди машҳури тоҷик Марат Орипов(тоҷ.). sputnik-tj.com. 2 ноябри 2018 санҷида шуд.
  3. 3.0 3.1 Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе: «ЭР-граф», 1992. — С. 61. — 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1.
  4. ЧАРХИ ГАРДУН МАРАТ ОРИФОВ: Беҳтарин унсурҳои зиндагиро аз Шарқу Ғарб омӯхтам(тоҷ.). gazeta.tj. 2 ноябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 июли 2017.
  5. режиссёры «Таджикфильма»(тоҷ.). www.tojikfilm.tj. 2 ноябри 2018 санҷида шуд.
  6. Наворбардории «Муаллим» ба анҷом расид(тоҷ.). ruzgor.tj. 2 ноябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.
  7. МАРАТ ОРИФОВ МУВАФФАқ БА ГИРИФТАНИ ҷОИЗАИ «СИМУРғИ БУЛУРИН» ШУД(тоҷ.). safina.tj. 2 ноябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 апрели 2016.
  8. Бақо Содиқ: Марат Орипов Жан Мореи тоҷик буд(тоҷ.). sputnik-tj.com. 2 ноябри 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)