Убайд Зубайдов
Убайд Зубайдов | |
Таърихи таваллуд | 5 март 1939 |
Зодгоҳ | ноҳияи Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 17 декабр 2017 (78 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | маорифшиносӣ |
Ҷойҳои кор | ДДОД ба номи Т. Шевченко, |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | ДДОД ба номи Т. Шевченко, Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ (ПИП), Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (АТТ) |
Шогирдон | Ҳикматулло Абдуллозода |
Ҷоизаҳо | Корманди шоистаи Тоҷикистон, «Аълочии маорифи Тоҷикистон» |
Убайд Зубайдов — омӯзгор, донишманди маъруф ва ходими ҷамъиятӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики АТТ ва мудири кафедраи методикаи таълими химияи ДДОТ профессор. Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Убайд Зубайдов 5 марти соли 1939 дар деҳаи Томчии ноҳияи Ваҳдат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Убайд Зубайдов баъди ба итмом расонидани мактаби миёнаи нопурра соли 1953 ба омӯзишгоҳи педагогию тарбияи ҷисмонии ноҳияи Ваҳдат (Кофарниҳон) дохил шуда, онро соли 1957 хатм мекунад. Худи ҳамон сол ба факултети табиатшиносию географияи Донишкадаи давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевченко дохил мешавад ва онро соли 1962 бо дипломи аъло бомуваффақият хатм менамояд.
Солњои 1962-1966 мудири шуъбаи кор бо донишҷӯён ва ҷавонони КМ комсомоли ҶТ ва муаллими кафедраи химияи умумии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикстон, 1966-1969 аспиранти кафедраи химияи умумӣ, 1969-1970 муаллими калон, 1970-1971 мудир ва ҳамзамон, аз соли 1973 дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, 1971-1976 декани факултети табиатшиносию география, 1976-1991 декани факултети биологияю химия, мудири кафедраи методикаи таълими химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (аз соли 1998), ҳамзамон солҳои 1991-1996 корманди калони илмӣ ва мудири лаборатория, 1996-2002 љонишини директор оид ба корҳои илмї, 2002-2005 директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ (ПИП). Аз с. 2005 мудири шуъбаи мактабҳои таҳсилоти умумии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (АТТ). Ҳамзамон аъзои Шӯроҳои илмии ДДОТ, АТТ, ҷонишини раиси Шӯрои диссертатсионии ДДОТ оид ба методикаи таълими химия ва биология аъзои Шӯрои диссертатсионии ДДОТ, АТТ узви њайати тањририяи маљалаи «Маърифати омӯзгор», “Паёми ДДОТ”, “Паёми АТТ” узви Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии Тоҷикистонро низ ба душ дорад. Дар айни ҳол академик Убайд Зубайдов корманди илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (АТТ) буда, ҳамзамон роҳбарии кафедраи методикаи таълими химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣро бар душ дошт. Ӯ дар синни 78-солагӣ 17.12.2017 дар Душанбе оламро падруд намудааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Убайд Зубайдов ба аспирантураи мақсаднок дохил шуда, як сол пеш аз муҳлат, яъне соли 1969 дар мавзӯи «Сафедаҳои донаҳои чойҷӯворӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. У. Зубайдов ҳамчун муҳаққиқ дар доираи фанҳои биологӣ (химияи биологӣ) рисолаҳои илмию корҳои назарии фаровоне таълиф кардааст. Бояд таъкид кард, ки таҳқиқоти анҷомдодаи У.Зубайдов дар доираи фанни химия сурат гирифтааст, яъне таҳқиқотҳои анҷомдодаи ӯ ҳам ба илми химия ва ҳам ба соҳаи педагогика иртибот доранд. Баъзе мақолањои илмии ӯ аз доираи кишвари мо берун рафта, дар Москваю Олмон, Чехославакия, Руминия, Туркия ва дигар ба табъ расидаанд. Солҳои баъдӣ таваҷҷуҳи ӯро як соҳаи таҳқиқнагаштаи илми педагогика - таълими тафриқа ба худ ҷалб кардааст. Ин буд, ки соли 1999 Убайд Зубайдов дар мавзӯи «Асосҳои назарӣ ва амалияи таълими тафриқа дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ ҳимоя карда, заминаи асосиро гузошт ва барои таҳқиқоти паҳлуҳои гуногуни он фарзияҳои дақиқи илмии хешро баён дошт. Убайд Зубайдов дар давоми фаъолияти илмию педагогӣ ва методиаш 10 монография, 19 дастури таълимӣ, 13 китоби дарсӣ, 65 барномаи таълимӣ ва дар маҷмӯъ беш аз 300 номгӯи асари илмию методӣ таълиф кардааст. Тањти роҳбарии бевоситаи ӯ 20 нафар унвонҷӯёни ватанию хориҷӣ (аз Тоҷикистон, Эрону Туркия) рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд ва чанд нафари дигар омодаи дифоанд. Соли 1976 дар Симпозиуми химиядонҳои ИҶШС - Германия, солҳои 1969 ва 1976, 1998 дар анҷумани биохимикҳо дар шаҳрҳои Москва ва Тошканд ширкат варзида бо маърӯзаҳои илмӣ суханронӣ намудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Развитие химии и биохимии биополимеров. –Душанбе: Ирфон, 1976;
- Химия и биохимия белка, т. 1-2. - Душанбе: Ирфон, 1976;
- Корҳои амалӣ аз химия барои синфҳои VIII,– IX (бо ҳаммуаллифӣ), «Вазорати маориф ва фарҳанг».- Душанбе, 1994;
- Химия ва биохимияи полимерҳои биологӣ. – Душанбе: Ирфон, 1997;
- Омӯзиши материалҳои маҳал дар курси химияи мактаби миёна (бо ҳаммуаллифӣ). – Душанбе: Ирфон, 1997;
- Теоретико-практические основы дифференцированного обучения в школах Республики Таджикистан. – Душанбе: Ҳумо, 1999;
- Таълими тафриқа: проблема, мулоҳиза, воқеият. - Душанбе: Хайём, 2001;
- Таълими тафриқа нерӯи пешбари раванди таълим. - Душанбе: Сарпараст, 2003;
- Саёҳат ба кишвари саломатӣ (синфњои 1, 2, 3, 4). «ЮНИСЕФ ЧИП САПФИР».- Душанбе, 2004;
- Саёҳат ба кишвари саломатї (дастур барои муаллимон). «ЮНИСЕФ ЧИП САПФИР».- Душанбе, 2004;
- Равияҳо дар таълим талаби замон. – Душанбе: Статус, 2007;
- Асосҳои методикаи таълими биология (бо њаммуаллифӣ). - Душанбе: Дизайн ва Принт, 2008;
- Асосҳои методикаи таълими химия, қисми I, II. – Душанбе: Дизайн ва Принт, 2008,–2009;
- Биохимия. /Вазорати хоҷагии қишлоқ. - Душанбе, 2009;
- Ташаккули фикрронии хонандагон дар дарси химия. - Хоруғ, 2009;
- Иқтисодиёт ва экология. - Душанбе: Шарқи озод, 2011;
- Методикаи таълими химия. - Душанбе: Шарқи озод, 2011;
- Инсоният ва экология /Вазорати Маориф. - Душанбе, 2011;
- Химияи органикӣ. Китоби дарсӣ барои синфҳои X.- Душанбе: Сарпараст, Маориф ва фарњанг. 2006, 2011;
- Химияи умумӣ. Китоби дарсӣ барои синфҳои XI. - Душанбе: Ноширон, 2006, 2011;
- Химия. Китоби дарсӣ барои синфњои VIII. - Душанбе: Шарқи озод, 2005, 2011;[1]
- Стандарти фанни химия ва роҳнамои омӯзгор. - Душанбе, 2012;
- Таълими тафриқа ва мактабҳои муоссир. - Душанбе: Ирфон, 2013;
- Химияи биологӣ - Душанбе: Бухоро, 2013;
- Тавсияњои методӣ оид ба ташакили корҳои мустақилонаи беруназаудитории донишҷӯён. - Душанбе: Матбаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, 2014.
- Барномаи таълими босуръати фанни химия зинаҳои 2-4. Душанбе, 2014. – 100с.[2]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Убайд Зубайдов. 17 Декабри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 Декабри 2017.
- ↑ Зубайдов(пайванди дастнорас)
- Зодагони 5 март
- Зодагони соли 1939
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ваҳдат
- Даргузаштагони 17 декабр
- Даргузаштагони соли 2017
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Аъзои пайвастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон