Jump to content

Умаралӣ Қувватов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Умаралӣ Қувватов
Сурат
Таърихи таваллуд 21 ноябр 1968(1968-11-21)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 март 2015(2015-03-05) (46 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша тоҷир, сиёсатмадор

Умаралӣ Қувватов (26 ноябри 1967, Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС - 5 марти соли 2015, Истамбул, Туркия) — сиёсатмадори тоҷик, соҳибкор, асосгузор ва роҳбари Гурӯҳи 24 (аз соли 2012), яке аз мухолифони сарсахти Эмомалӣ Раҳмон[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Умаралӣ Қувватов 26 ноябри соли 1967 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дар маҳаллаи маъруф бо номи “Док”, ба дунё омадааст. Дар 5-солагӣ аз падар ва ба дунбол аз модар маҳрум шудааст. Ба ин сабаб дар хонаи ятимони шаҳри Душанбе бузург шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна шомили факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегардад. Солҳои 2001–2012 яке аз шарикони тиҷоратии атрофиёни Эмомалӣ Раҳмон буд. Шаби 5 ба 6 март дар Истамбул бо зарби тир ба сараш кушта шуд[2][1]. Мақомоти Туркия тасдиқ карданд, Умаралӣ Қувватов дар минтақаи Фотеҳи шаҳри Истамбул бо истифода аз силоҳи оташфишон кушта шудааст.

Додоҷони Атовуллоҳ дар бораи қатли Умаралӣ Қувватов ба РБК гуфт[3]:

« Я совсем не верю, что убийство спровоцирует кого-то в Таджикистане на восстание. Страх стал гостем в каждом доме. В маршрутке, в автобусе, на свадьбах или похоронах найдется доносчик, который укажет спецслужбам, что кто-то допускал антипрезидентские высказывания.
»

Ҳаёти оилавӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамсари Умаралӣ Қувватов Қумриннисо Ҳафизова буд[4].

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]