Додоҷони Атовуллоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Додоҷони Атовуллоҳ
Додоҷон Атовуллоев
Санаи таваллуд:

2 март 1955(1955-03-02) (64 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон

Таҳсилот:

Донишгоҳи давлатии Маскав

Ҳизб:

ҷунбиши «Ватандор»

Додоҷони Атовуллоҳ (Додоҷон Атовуллоев; 2 марти 1955[1], деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — журналист ва сиёсатмадори тоҷик ва яке аз мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистон. Муассиси ҷунбиши «Ватандор» ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Додоҷон Атовуллоев 2 марти соли 1955 дар деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадаааст[1][2]. Охирҳои солҳои 1970 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст[3]. Ӯ дар замони Шӯравӣ, солҳои 80 бо мақолаҳояш дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ» ва «Омӯзгор» шуҳрат ёфта, соли 1991 «Чароғи рӯз» — нахустин рӯзномаи хусусӣ дар Тоҷикистонро таъсис дод[4].

Фаъолияти сиёсӣ[вироиш]

Додоҷон Атовуллоев аз поёни соли 1992 дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад. Ӯ то ибтидои солҳои 2000 дар Маскав кору зиндагӣ мекард, вале баъди чанд сӯиқасд ба ҷонаш ва чанд бор боздошт шуданаш бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба Олмон паноҳанда шуд[5].

Парвандаҳои ҷиноятӣ[вироиш]

Барои интиқодҳои тундаш аз ҳукумат дар Тоҷикистон ба зидди Додоҷони Атовуллоҳ чандин парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва Додситони кулли Тоҷикистон, Бобоҷон Бобохонов дар як нишасти хабариаш ӯро «террористи иттилоотӣ» ном бурда буд[6].

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 АТОВУЛЛОЕВ Дододжон. Panlog Ltd. panlog.com. 3 январи 2018 санҷида шуд.
  2. АТОВУЛЛОЕВ Дододжон | ЦентрАзия. www.centrasia.ru. 3 январи 2018 санҷида шуд.
  3. Дододжон Атовуллоев. Биографическая справка(рус.), РИА Новости (20120113T1125+0400Z). Проверено 3 январи 2018.
  4. ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛОҲ: БА НАЗДИКӢ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МУЛОҚОТ МЕКУНАМ. akhbor.com. 3 январи 2018 санҷида шуд.
  5. ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛОҲ: НАРХИ БИЛЕТИ БОЗГАШТИ МАН ХЕЛЕ ГАРОН АСТ!(тоҷ.), Ориён - расонаи иттилооти. Проверено 3 январи 2018.
  6. Додоҷон Атовуллоев террористи иттилоотӣ аст, - прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон. | Ҳабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus. www.news.tj. 3 январи 2018 санҷида шуд.