Усмонҷон Мирзомуродов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Усмон
Усмонҷон Мирзомуродов
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд Усмонҷон
Номи пурра Мирзомуродов Усмонҷон Маҳмадуллоевич
Таърихи таваллуд 17 январ 1991(1991-01-17) (33 сол)
Зодгоҳ Душанбе, Тоҷикистон
Солҳои фаъолият 2015 - то ҳол
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) блогер, вайнер, рэпсаро

Усмонҷон Мирзомуродов (тоҷикӣ: Мирзомуродов Усмонҷон Маҳмадуллоевич; бештар маъруф ба Усмон ва Tojikonshow тав. 17 январи 1991, Душанбе, Тоҷикистон) - блогер, вайнер ва рэпсарои маъруфи тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Усмонҷон Мирзомуродов 17-уми январи соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ фаъолияти блогерии худро аз соли 2015 то инҷониб пеш мебарад ва яке аз сермухлистарин блогерони тоҷик дар сомонаи Инстаграм мебошад.

Блогерӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин қадамҳои ҷиддиро дар соҳаи блогерӣ аз соли 2015 оғоз карда то ба имрӯз зиёда аз 500 ҳазор истифодабарандагони шабакаи Инстаграм дар саҳифаи Tojikonshow ки ба Усмонҷон Мирзомуродов тааллуқ дорад ӯро пайгирӣ мекунанд[1].

Андозбандӣ нисбати фаъолияти блогерӣ дар Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

26-уми январи соли 2021 Кумитаи Андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни нав, барои андоз бастани блогероне, ки дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият мекунанд ба расмият даровард. Усмонҷон Мирзомуродов дар ин хусус дар саҳифаи Инстаграми худ ки Tojikonshow ном дорад наворе пешкаш намуд, ки аз норозигии ӯ барои ин қарори Кумитаи Андоз дарак медиҳад[2].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]