Усмон Олим
Усмон Олимов | |
Таърихи таваллуд: | 30 июл 1936 (88 сол) |
Зодгоҳ: | деҳаи Пастиғави ноҳияи Мастчоҳ, ҶШС Тоҷикистон Иттиҳоди Шӯравӣ |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир |
Солҳои эҷод: | 1965 — то ҳоло |
Жанр: | шеър, рубоӣ, повест, очерк |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: | Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (2004) |
Усмон Олим — нависанда ва шоири шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Узви Иттифоқи журналистон (1963) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шоир ва нависанда Усмон Олим 30 июли соли 1936 дар оилаи Олимхоҷа ном шахс, дар қишлоқи Пастиғави ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1953 ба Институти педагогии шаҳри Хуҷанд дохил шуда, соли 1957 факултаи забон ва адабиёти донишгоҳро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро аз омӯзгорӣ сар карда, аз сентябри соли 1957 то феврали 1958 омӯзгори мактаби миёнаи №5 ноҳия будааст. Аз феврали 1958 то январи 1960 мудири шуъбаи рӯзномаи «Байрақи Ленин», солҳои 1960-1961 ҷонишини директори мактаби миёнаи №5, соли 1961 ходими адабии рӯзномаи «КомсомолиТоҷикистон», солҳои 1962-1965 ҷонишини директори мактаби миёнаи №13, соли 1965 котиби масъули ҷамъияти «Дониш»-и ноҳия, солҳои 1965-1969 муҳаррири рӯзномаи «Машъал»-и ноҳия, 1969-1971 шунавандаи шуъбаи журналистикаи Мактаби олии назди КМ КПСС (Маскав), 1971-1973 ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», 1973-1988 муҳаррири рӯзномаи «Машъал»-и ноҳияи Мастчоҳ, 1988-1989 мухбири озоди рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод», 1989-1994 омӯзгори мактаби №3 ноҳия, 1994-1996 роҳбари адабии Хонаи пешоҳангони ноҳия, аз соли 1996 мушовири рӯзномаҳои «Машъал»-у «Сухани халқ» ва машғули корҳои эҷоди аст. Ноябри соли 1996 бо қарори ЮНСКО чашни байналмилалии 675-солагии классики адабиёти тоҷику-форс Шайх Камоли Хучанди дар Эрон бо нуфузи зиёди адибону фозилони дунё баргузор гашт ва ба ӯ низ муяссар шуд,ки махсус дар форумҳои Техрон ва Табрез иштирок ва баромад кунад,ва оромгохҳои сохибчашнро дар Валионкуй, Ҳофиз ва Саъдиро дар Шероз, Хочуи Кирмони, Тахти Чамшед,Фирдавсии Туси ва мавзолеи Имом Ризоро дар Машхад зиёрат намояд,ва ду китоби шеърхояшро бо форси дастраси хонандагон гардонад. Аз моҳи августи соли 1997 гирандаи нафақа барои хидматҳои махсус дар назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Соли 1972 дар пленуми якҷояи коркунони эҷодию фарҳангӣ дар шаҳри Москва иштирок кардааст ва ҳамчун рӯзноманигори фаъол бо медали биринҷӣ-хотиравии рӯзномаи "Известия" қадр шудааст. Аз соли 1969 то соли 1988 вакилии маҷлиси шӯрои ноҳиявии вакилони ноҳияи Мастчоҳ, аз соли 1979 то соли 1990 аъзои Бюрои ҳизбии ноҳиявии ҲК Тоҷикистон буд. Бо дастгирии Ҳукумати вилояти Суғд зиёрати “хонаи Худо” (Макка ва Мадина) насибаш гардидааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи зиёда аз 25 асарҳои назмию насрӣ. Беш аз 200 мақолаҳои публисистию адабӣ-бадеӣ ба табъ расонидааст. Ба зиёда аз 20 матни ашъораш овозхонҳои хушсалиқа сурудҳо эҷод кардаанд. Маҷмӯаҳои шеърии «Баландӣ» (1983), «Дасти дӯст» (1987), «Панди Оли Сомон» (достону шеърҳо; Хуҷанд, 1995), «Дуои хайр» (Хуҷанд, 1997), «Қиссаи қисмат» (Хуҷанд, 1995), «Дар ёди ҳама» (Хуҷанд, 1994), «Марзи сулҳу оштӣ» (2003), «Армуғони шоир» (2001), «Синопеша» (қисса; Хуҷанд, 2003), «Номбардорон» (қисса; Хуҷанд, 2000); «Пайроҳаи умр» (Хуҷанд, 2004) «Ситораҳои гулшани адаб» (Хуҷанд, 2005), «Ҳубби Ватан» (Хуҷанд, 2006), «Бақои умр» (2006), «Асолати Имоми Аъзам» (достону шеърҳо; Хуҷанд, 2007) «Достони ватанхоҳӣ» (2011) ва ғ. маҳсули қалами ӯстанд. Силсилаи шеърҳои ӯ дар бораи Роғун ва нақби Анзобу Шаҳристон дар авроқи китобҳои ҷашнӣ ба табъ расидаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои хидматҳои шоёнаш дар рушди адабиёту журналистикаи тоҷик соли 1986 бо унвони фахрии «Ходими хидматнишондодаи маданияти Тоҷикистон», соли 1971 бо медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии В.И.Ленин», солҳои 1985 ва 1999 бо Ифтихорномаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, соли 1999 бо унвони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», соли 2004 бо Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, соли 2000 бо дипломи академики Академияи мардумии «Нури Хуҷанд» сарфароз гардидааст.[1]
Мероси адабӣ ва илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- “ Баландӣ ” (1983),
- “ Дасти дӯст ” (1987),
- “ Панди Оли Сомон ” (1995),
- “ Қиссаи қисмат ” (1995),
- “ Дуои хайр ” (1996),
- “ Номбардорон ” (повест, 2000),
- “ Синопеша ” (повест),
- “ Муроди халқ ” (китоб-очерк бо забони русӣ ва тоҷикӣ),
- “ Армуғони шоир ” (2001),
- “ Марзи сулҳу оштӣ ” (маҷмӯаи шеърҳо, 2002),
- “ Ҳубби Ватан ” (2006),
- “ Бақои умр” (2006),
- “ Тӯшаи роҳ ” (2007),
- “ Қуллакӯҳи асолат ” (2008),
- “ Мероси фардо ” (2013)
- " Шахри сулҳу оштӣ "(2013)
- “ Роҳи падар ”(повест, 2014)
- " Достони ватанхохи (2008)
- " Асолати Имоми Аъзам (2004)
- " Пайроҳаи умр "(2001)
- "Аз дафтари Эрон" (2011)(форсӣ)
- "Ситораҳои гулшани адаб " (2005)
- "Асарҳои мунтахаб" (2017 "Ношир")
Пайванди беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.173 ISBN 978-99947-2-379-9