Факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ (ДДФСТ)
Соли таъсисёбӣ | 1983 |
---|---|
Донишҷӯён | зиёд. 200 |
Мусиқӣ омӯзгорӣ — яке аз факултаҳои Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" мебошад.
Тахрихи факулта
[вироиш | вироиши манбаъ]Факултаи мусиқӣ - омӯзгорӣ моҳи феврали соли 1983 таъсис дода шуда, дар ҷумҳурӣ ягона факултае мебошад, ки мутахассисони олимаълумоти соҳаи мусиқӣ-омӯзгоририро вобаста ба самти касбият, аз ҷиҳати маҳорату истеъдод рушдёфта ва аз ҷиҳати педагогӣ ҳаматарафа ташаккулёфтаро тарбия намуда, ба муассисаҳои таълимӣ равона менамояд. Декани факулта Муслиҳиддин Солеҳов аст. Факулта то имрӯз зиёда аз ҳазор нафар кадрҳои баланд ихтисосро тайёр намудааст, ки дар соҳаҳои фарҳангу маорифи ҷумҳурӣ кору фаъолияти пурсамар намуда истодаанд. Дар байни дастпарварони факултет Ҳунармандони Мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов, Хосияти Зарафшонӣ, Афзалшо Шодиев, Ҳунармандони Шоистаи ҷумҳурӣ шодравон Кароматулло Қурбонов, Усмоналӣ Раҳматов, Авазмурод Шоҳимардонов, Кимиё Ҷӯраева, ҳунармандони маъруфи эстрадаи тоҷик Сӯҳроби Маҳмуд, Сироҷиддин Фозилов, Баҳодури Ғаффурзод, Малика Саидова, омӯзгорони шинохта Гулмаҳмад Файзуллоев, Қобилҷон Поччоев, Юсуф Каримов, Иброҳим Саидов, Акбар Мухторов ва дигаронро номбар намудан мумкин аст, ки дар рушди маориф ва фарҳанги миллӣ нақши босазои худро гузоштаанд. Вазифаи асосии факулта - тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, коллективҳои касбии ҳунарӣ ва дигар муассисаҳои фарҳангу санъат мебошад, ки вобаста ба талаботи замон ҳамчун мутахассисони соҳибмаълумот ва дорои истеъдоди баланд қобилияти тарбия намудани насли навраси имрӯзаро доранд. Факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ дар ҳайати худ 3-кафедраи тахассусӣ дорад:
- «Таърих, назария ва таҳсилоти мусиқӣ»
- «Дирижёрӣ ва гузориши овоз»
- «Созӣ-иҷрокунандагӣ»
Дар факулта дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона зиёда аз 200-нафар донишҷӯёни болаёқат аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷа таҳсил менамоянд, ки ба онҳо 51-нафар устодону профессорони соҳаи санъати мусиқӣ дарси маҳорату эҷод дода, дар ташаккули қобилияти сарояндагию навозандагӣ ва педагогии онҳо саҳми арзанда мегузоранд, ки аз ин шумора 2-нафар профессор, 1-нафар номзади илмҳои санъатшиносӣ, 2-нафар номзади илмҳои педагогӣ, 3-нафар дотсент ва дигар мутахассисони шинохтаи соҳаи навозандагӣ ва сарояндагӣ мебошанд. Раванди таълим ва тарбия дар факултет дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Дар басти якум донишҷӯён ба тадриси дарсҳои тахассусӣ машғул гашта, дар басти дуюм аз фанҳои гуманитарӣ-ҷомеашиносӣ таълим мегиранд. Таълим дар лабараторияҳои махсус, ки бо созҳои мусиқӣ, техникаи замонавии компютерӣ ва таҷҳизотҳои сабти овоз муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, гузаронида мешавад. Илова ба ин дар факулта шароит фароҳам оварда шудааст, ки донишҷӯён пайваста ба корҳои эҷодӣ-иҷрокунандагӣ низ машғул шаванд ва вобаста ба талаботи имрӯза дараҷаи маҳорат ва малакаи иҷрокунандагии шогирдон раванди ташаккулёбиро дар бар гирад. Дар факулта ансамблҳои «Бонувон», «Шашмақом» ва «Фалаксароён» фаъолият намуда, бо барномаҳои ҷолиб дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии донишкада ва берун аз он баромад менамоянд. Ду толори барҳавои донишкада-яке толори калони Арғунун ва дигаре толори навсохти таълимӣ дар ихтиёри толибилмони факулта вогузор карда шудааст, ки бо истифода аз онҳо донишҷӯён дарсҳои оркестри созҳои миллӣ ва хори таълимиро гузаронида, бо барномаҳои ҷолиби консертҳои ҳисоботӣ ва вобаста ба дигар чорабиниҳои фарҳангӣ баромад менамоянд. Алҳол дар факултет тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ду ихтисос:
- 1-03 01 02 - Санъати мусиқӣ
- 1-01 01 02 02 - Таҳсилоти томактабӣ
Тибқи низоми бисёрзинагӣ -бакалавриат, магистратура ва доктор PHD ба роҳ монда шудааст.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]Сомонаи донишкада Бойгонӣ шудааст 2 октябри 2019 сол.