Давлатманд Холов
Давлатманди Хол (Давлатманд Холов) | |
![]() | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 26 октябр 1950 (72 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Шӯрообод ҶШС Тоҷикистон |
Солҳои фаъолият | 1975 - то ҳол |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | мутриб, сароянда, оҳангсоз |
Ҷоизаҳо |
Давлатманди Хол (Давлатманд Холов) – овозхон ва фалаксарои овозадори тоҷик, оҳангсози суннатӣ. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Давлатманди Хол 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод дар оилаи ҳунарманди суннатии тоҷик ба дунё омадааст. Соли 1958 таҳсилро аз мактаби деҳа оғоз намуда, соли 1963 дар мактаб-интернати ба номи А. Деҳотии шаҳри Кӯлоб ва соли 1964 дар интернати давлатии «Коммунизм»-и деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) идома медиҳад. Соли 1971 ба шуъбаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм менамояд. Сипас ба Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба кор меояд. 20 июли соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб, таҳти сарварии ҳунарманди варзида Давлатманди Хол ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфт. Аз соли 2004 бо таъсис ёфтани ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии он кор кардааст. Ҳоло ба ҳайси омӯзгори Консерватрияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолияти хешро бурда истодааст.
Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
Давлатманди Хол яке аз тарғибгарони бузурги санъати касбии кӯҳистони тоҷик маҳсуб мешавад. Устоди Фалак, дар фаъолияти эҷодӣ услуби хосаи худро ташаккул ва рушд додааст. Дар равияҳои санъати Фалак суннатҳои мактаби ҳунарии аҷдодии хешро идома медиҳад. Ансамбли «Фалак» таъсис дода шуд, ки дар рушду нумуи ин мусиқии нодири мардуми тоҷик аҳмияти хело муҳим дошт ва нақши бориз гузошт.
Фалак аз гурӯҳҳои хурди хонаводагӣ то ансамбли бузург дар Душанбе, аз Иттиҳоди Шӯравӣ то ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ҷаҳонӣ шуд. Фалак аз қалбҳои нолон берун омада буд ва қалбҳои оламиёнро фаро гирифт. Мардум дар гузашта аз тангдастиву мушкилӣ фарёд мекашиданд. Ҳоло замони он фаро расидааст, ки фалак оҳанги рӯҳафзо ҳам дошта бошад. </ref>— [1]
Дар симои Давлатманди Хол кишварони хориҷ низ ҳунарманди асили мардуми тоҷикро мешиносанд. Зеро ки санъати оҳангсозӣ ва сарояндагии ӯро эътироф кардаанд. Аз ин рӯ тез-тез даъват мекунанд, то дар ҷашнвораҳову маҳфилҳои онҳо иштирок намояд. Дар тӯли фаъолияти эҷодии хеш ӯ қариб ба 100 мамолики ҷаҳон беш аз 150 сафари ҳунарӣ намуда, сарбаландона санъати бузурги миллиро то ҳол муаррифӣ мекунад. Саҳми Давлатманди Хол дар рушду нумӯи санъати мусиқии миллӣ бузург аст. Дар давраи шӯравӣ дар шароити хонаводагӣ, сипас шаҳриву вилоятӣ ва имрӯз – дар сатҳи ҷумҳуриявӣ тавонистааст санъати фалакро дар шакли ғазалхониву рубоӣхонӣ ҳифз намояд ва саҳми худро дар рушди он гузорад. Маълум аст, ки санъати Фалакхонӣ ҳам сарояндагӣ ҳасту ҳам оҳангсозӣ. Давлатманди Хол аз ибтидо ин ду ҷабҳаро пайгирӣ намуда, дар асоси қавоиди фалакхонӣ асарҳои хеле пурмазмун офаридааст. Ин асарҳои ҳунарманд на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он, хусусан дар мамолики ҳамфарҳангу ҳамзабони мо Эрону Афғонистон хеле баланд пазируфта шудаанд.
Сурудҳову такмилҳо:
- 1974 – «Дӯстони санъат», шеъри М.Аминзода.
- 1976 – «Девона шав», шеъри Румӣ.
- 1978 – «Ба деҳқон», шеъри Меҳмон Бахтӣ.
- 1978 – «Ба муқобили ду чашмам», шеър ва оҳанги халқӣ.
- 1978 – «Зери навои валс», шеъри Сафармуҳаммад Аюбӣ.
- 1978 – «Файзи деҳқон», шеъри Ҳақназар Ғоиб.
- 1978 – «Резаборон», шеъри Ҳақназар Ғоиб.
- 1978 – «Оҳиста-оҳиста», ғазали Соиби Табрезӣ.
- 1978 – «Дур машав», ғазали Румӣ.
- 1979 – «Наргиси ҷоду», ғазали Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ.
- 1979 – «Шукри ин даврон», шеъри Хосият Вализода.
- 1979 – «Куртаи ту ранг-ранг», шеъри М.Ғоиб.
- 1979 – «Дилам месӯзад», шеъри Лоиқ Шералӣ.
- 1980 – «Қасидаи модар», шеъри Лоиқ Шералӣ.
- 1980 – «Соқиё», ғазали Румӣ.
- 1981 – «Гул кардаанд», шеъри Гулрухсор Сафиева.
- 1981 – «Гирифта», шеъри Муҳаммад Ғоиб.
- 1982 – «Дилам мунаввар», шеър ва оҳанги халқӣ.
- 1982 – «Дилам мунаввар», шеъри Мирзо Қодирӣ.
- 1982 – «Кӯлоб хуш аст», шеър ва оҳанги халқӣ.
- 1983 – «Афсӯс», шеъри халқӣ.
- 1983 – «Парво макун», шеъри Лоиқ Шералӣ.
- 1984 – «Мерақсию мерақсӣ», шеъри Муҳаммад Ғоиб.
- 1984 – «Ману дарё», шеъри Лоиқ Шералӣ.
- 1984 – «Танҳо манам», шеъри Лоиқ Шералӣ.
- 1985 – «Ба раққоса», шеъри Лоиқ Шералӣ.
- 1986 – «Шаҳри Кӯлоб», шеър ва оҳанги халқӣ.
- 1987 – «Ҳалқаи дом аст», шеъри Бедил.
- 1987 – «Омадаӣ», ғазали Ҳофиз.
- 1988 – «Маро ёд кунед», шеъри Лоиқ Шералӣ.
- 1989 – «Гап надорам», шеъри Муҳаммад Ғоиб.
- 1989 – «Кӣ мебарад», шеъри Соиби Табрезӣ.
- 1992 – «Худоё, худоё», ғазали Румӣ.
- 1992 – «Эй дил», ғазали Румӣ.
- 1993 – «Бӯи ҷӯи Мӯлиён», ғазали Рӯдакӣ.
- 1993 – «Шоҳнома», шеъри Гулрухсор Сафиева
- 1994 – «Ситораҳо», шеъри Лоиқ Шералӣ.
- 1996 – «Зиндаам», шеъри Алимуҳаммад Муродӣ.
- 1996 – «Обу тоби дӯстӣ» шеър ва оҳанги халқӣ.
- 1997 – «Чӣ шуд», ғазали Ҳофизи Шерозӣ.
- 1997 – «Моро ёд кард», шеъри Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.
- 1997 – «Дидамат», ғазали Румӣ.
- 1998 – «Дарёи нур», шеъри шоири Эрон Аббоси Саҷодӣ.
- 1998 – «Хандида биё», шеъри халқӣ.
- 1998 – «Тоҷикистон», шеъри М.Бобобекова.
- 1998 – «Нашнидӣ ё шунид», шеъри Ҳофизи Шерозӣ.
- 1999 – «Ваҳдат», шеъри Давлат Сафар.
- 1999 – «Аз хоки баланди Тоҷикистон», шеъри халқӣ.
- 1999 – «Гӯшвори қафасӣ», шеъри Саиди Кӯлобӣ.
- 1999 – «Қади раъно», ғазали Ҳилолӣ.
- 2000 – «Ба рақс о», шеъри Румӣ.
- 2000 – «Фалак», шеъри халқӣ.
- 2000 – «Тоҷикистони ман аст», шеъри халқӣ.
- 2001 – «Дар чаман», ғазали Муллоёри Ванҷӣ.
- 2001 – «Ба ҷон омад», шеъри Бадриддин Ҳилолӣ.
- 2002 – «Бишнав аз най», шеъри Румӣ.
- 2003 – «Ранҷидаӣ», шеъри халқӣ.
- 2003 – «Мастони нав расиданд», ғазали Румӣ.
- 2004 – «Миллати тоҷик», шеъри Маъруфшо Мазҳабшоев
- 2004 – «Навбаҳор», ғазали Ҳофизи Шерозӣ.
- 2004 – «Туӣ, туӣ гулзори ман», шеъри Румӣ
- 2006 – «Майи лаъл», шеъри Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.
- 2006 – «Эй қавми ба ҳаҷ рафта», ғазали Румӣ.
- 2009 – «Бевафоист», шеъри шоири Эрон Аббоси Саҷодӣ.
- 2009 – «Сафар ба сӯи фатҳу зафар», шеъри Хироибон Қурбонова.
- 2010 – «Чиҳо мешуд», ғазали Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ.
- 2010 – «Фотиҳаи Фалак», ғазали Румӣ.
- 2010 – «Бадахшон», шеъри Ширин Бунёд.
Мукофот ва ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Хизматҳои шоёни Давлатманд Холов бо унвонҳои давлатӣ:
- Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,
- Ордени «Шараф» дараҷаи I,
- Ордени «Дӯстӣ»,
- Ордени дараҷаи олии сарояндагӣ ва навозандагии Франсия мушарраф гардидааст.
Дар миёни эрониён[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар миёни эрониён Давлатманд Холов чеҳраи шанохташуда аст. Аз муҳимтарин корҳоӣ эшон, ки боиси дар Эрон низ шанохта шаванд сохтӣ мусиқӣ барое имомӣ ҳаштум шиа Имом Разо буд.[2][3]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Давлатманд Холов: Фалак аз қалбҳои нолон берун омад ва дар қалбҳои оламиён ҷой гирифт(тоҷ.). asiaplustj.info. 2022-10-26. 26 октябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 29 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 марти 2015.
- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - с.225-229
- Зодагони 26 октябр
- Зодагони соли 1950
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Дорандагони ордени Дӯстӣ
- Дорандагони ордени Шараф
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Овозхонҳои тоҷик
- Овозхонҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- Омӯзгорони Консерватрияи миллии Тоҷикистон