Доро Наҷот
Доро Наҷот | |
|---|---|
| Доро Наҷот | |
| Таърихи таваллуд | 2 январи 1946 |
| Зодгоҳ | Урметан, ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Таърихи даргузашт | 14 сентябри 2026 (80 сол) |
| Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
| Шаҳрвандӣ |
|
| Навъи фаъолият | шоир, тарҷумон |
| Солҳои эҷод | аз 1968 |
| Жанр | шеър, шеъри сафед |
| Забони осор | тоҷикӣ |
| Ҷоизаҳои адабӣ | Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2012) |
| Ҷоизаҳо | Шоири халқии Тоҷикистон (2016) |
Доро Наҷот (2 январи 1946, деҳаи Урметан, ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон — 14 сентябри 2026, Душанбе, Тоҷикистон) — шоир ва тарҷумони тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1987). Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012), Шоири халқии Тоҷикистон (2016).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Доро Наҷот 4 майи соли 1946 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1961 мактаби мутавасситаи зодгоҳашро хатм карда, солҳои 1961—1966 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод таҳсил намудааст. Хизмати аскариро ба ҷой оварда, дар рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ кор кардааст.
Соли 1978 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ба сифати хабарнигор ба кор шурӯъ карда, то соли 1991 дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурдааст. Моҳи марти соли 1991 сардабири «Сомон» — ҳафтаномаи Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ таъйин шуда, баъдан то ба нафақа баромадан корманди Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти эҷодии Доро Наҷот дар авохири солҳои 60-ум оғоз ёфтааст. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Соҳиби кӯҳсор» (1979), «Шабнам» (1983), «Дарав» (1986), «Хирмани Маҳтоб» (1989), «Тулӯъе дар ғуруб» (1998), «Меоям аз шигифт» (2013) ва ғайра мебошад.
Муаллифи рисолаи «Шайх Абулқосими Гургонӣ» аст, ки дар авроқи он масоили марбут ба таърихи тасаввуф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтаанд. Фарҳанги «Доро»-и ӯ (2012) луғатномаи тафсирии навини беназирест, ки шарҳи беш аз панҷ ҳазор вожа, истилоҳ, таркиб ва ибораҳои рехтаи форсии тоҷикиро дар бар гирифта, суннати деринасоли фарҳангофаринии миллиро тадовим бахшидааст.
Доро Наҷот ба сифати яке аз муваффақтарин гӯяндагони «шеъри сафед» дар Тоҷикистон эътироф гардидааст. Ашъори алоҳидаи ӯ ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва дар бархе нашрияҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расидаанд. Як идда аз ашъори А. Блок, Ф. Тютчев, А. Ахматова, В. Соколов, М. Дудин, шоири украин Д. Павличко ва шоири узбек Омон Матчонро ба тоҷикӣ гардондааст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Доро Наҷот 14 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт[1].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шоири халқии Тоҷикистон (2016);
- Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012)[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт. АМИТ «Ховар» (14 сентябри 2026). 14 сентябри 2026 санҷида шуд.
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 162 ISBN 978-99947-2-379-9
- Зодагони 2 январ
- Зодагони соли 1946
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Урметан
- Даргузаштагони 14 сентябр
- Даргузаштагони соли 2026
- Шахсоне, ки камтар аз як сол пеш вафот карданд
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони Тоҷикистон
- Адибон аз рӯи алифбо
- Адибони Тоҷикистон
- Шоирони тоҷик
- Шоирони асри XX
- Шоирони асри XXI
- Тарҷумонҳои адабиёти бадеӣ
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- Шоирони халқии Тоҷикистон