Jump to content

Фаррух Зокиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фаррух Зокиров
ӯзбекӣ: Фаррух Каримович Зокиров
ӯзбекӣ: Farrux Karimovich Zokirov
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 16 апрел 1946(1946-04-16) (78 сол)
Зодгоҳ
Солҳои фаъолият 1969 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, овозхон, ҳунарпеша
Навъи садо тенор ва баритон
Соз гитор
Сабк эстрада ва фолк-рок[d]
Ношир(он) Мелодия[d]
Ҷоизаҳо
People's Artist of the Uzbek SSR People's Artist of the Republic of Tatarstan
Ордени «Дӯстлик» Order of El-yurt hurmati Shukhrat medal
Order of Friendship of Kyrgyzstan
 Парвандаҳо дар Викианбор

Фаррух Каримович Зокиров (ӯзбекӣ: Farrux Zokirov, Фаррух Зокиров; насл. 4 майи соли 1945, Тошканд, ҶШС Ӯзбекистон, СССР) — овозхон эстрадаи оҳангсоз ва ҳунарпешаи шӯравии аҳли Узбакистон. Роҳбари бадеии ансамбли созию овозии «Ялла» (аз соли 1976). Ҳунарпешаи халқии ҶШС Узбакистон (1987), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2000)[1]. Барандаи ҷоизаи давлатии ҶШС Узбакистон дар бахши ҳунар .

Аз моҳи майи соли 2002 то июли соли 2004 — муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Узбакистон, сипас — вазир.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз хонадони сулолаи Зокировхо — поягузорони эстрадаи касбии узбек. Аз соли 1969 сарояндаи ансамбли «Ялла», соли 1976 роҳбари бадеии он гардид. Солҳои 2002—2004 муовини Вазири фарҳанги Узбекистон буд. Комёбиҳои эҷодии ансамбли овозадори «Ялла» ба номаш зич бастагӣ доранд, ҳам­чун роҳбари бадеӣ, сароянда ва оҳангсоз дар ғанӣ гардонидани бар­номаҳои консертиаш саҳм гузоштааст.

Сурудҳояш «Уч қудуқ», «Шаҳри­сабз», «Чинурӣ», «Достони охир», «Тақдир», «Фаромӯшам макун», «Шаҳри хобҳо», «Бакағабанг», «Ёдам кун» ва ғайраҳо миёни мардума­мон машҳуранд. Таҳти роҳбариаш гурӯҳи «Ялла» борҳо ба Тоҷикистон сафар намуда, дар таҳкими ҳамкории фарҳангии мардуми тоҷику узбак ҳисса гузоштааст[1].

  1. 1.0 1.1 Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.