Jump to content

Фатири кабудидор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Фатири кабудидор - пудина, шилха, ҷағҷағ, юнучқаи навхез, матинҷ, қоқу ва сабзаҳои дигарро шуста мекӯбанду камтар намак пошида, ба ҳам меомезанд. Кабудии кӯфтаро ба зарфе андохта, аз болояш оби гарм мерезанд ва 2-3 соат таҳшин мекунанд. Баъд оби онро ҷудо карда, кабудиро дар равғани кам таф медиҳанд. Пас аз таф додан кабудиро аз нав ба обаш омехта карда, намак ва орд меандозанду хамир мекунанд. Баъд аз дам хӯрдани хамир зуволаҳои 300 г бурида, фатири ғафсии канораҳояш 1 ва мобайнаш 0,5 см месозанд ва дар танӯр ё тафдон мепазанд. Барои фатири кабудидор ба 1 кг орд, 2 истакон оби кабудӣ, 2 қошуқча намак, мувофиқи табъ равған лозим аст.[1]