Фирӯза Алифова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фирӯза Алифова
Таърихи таваллуд 12 июл 1980(1980-07-12) (43 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон

Фирӯза Алифова - сарояндаи маъруфи тоҷик барои услуби вижаи овозхониаш барандаи ҷоизаи Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон шуд. Аз миёни шашсад ширкатдори озмуни байналмилалии мусиқии "Остона 2006" ӯ дар давраи ниҳоии озмун дар қатори 14 сароянда ба бурдани чунин ҷоиза мушарраф шуд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактаб интернати ба номи Малика Собирова ва мактаби мусиқии ноҳияи Ғафуровро хатм кардааст. Соли 2000 омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофиз, бо ихтисоси фортепиано — Академияи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуровро (ихтисоси сурудҳои халқии ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов) бо ихтисоси овозхони консерт, жанри халқи-вокали.

Падараш — Шодмон Алифович Алифов, ғижжакнавоз, роҳбари мактаби мусиқии шаҳри Бӯстон, роҳбари оркестри камеравии вилояти Суғд; дорандаи ордени Шараф дараҷаи якум.

Модараш — Ҳамроҷон Мамадҷонова.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]