Фирӯза Амонова
Амонова Фирӯза Раҷабовна | |
Таърихи таваллуд | 30 июл 1951 |
Зодгоҳ | Душанбе |
Таърихи даргузашт | 18 июл 2001 (49 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | шарқшиносӣ, филология |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Фирӯза Амонова (30 июли 1951, Душанбе — 18 июли 2001, ҳамон ҷо) — шарқшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1991), профессор (1998)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Профессор Фирӯза Амонова 30 июли соли 1951 дар хонадони фолклоршинос Раҷаб Амонов дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Бобои модариаш академик Абдулғанӣ Мирзоев мебошад. Дар соли 1974 Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон то охири умр дар вазифаҳои лаборант (1974—1976), ассистент (1977—1978), муаллими калон (1978 −1979), дотсент (1979—1997), муовини проректор оид ба корҳои илмӣ (1991—1993), мудири кафедраи филологияи Эрон (1994 −1997), профессор (1998) ба кори педагогӣ ва илмӣ машғул шудааст.
Cаҳми Фирӯза Амонова дар таҳлили равобити кафедраи филологияи форсии ДМТ бо марказҳои ховаршиносиву эроншиносии хориҷӣ, аз ҷумла, маркази шарқшиносии шаҳри Ню-Йорки ИМА, бузург арзёбӣ мешавад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар масъалаҳои калимасозӣ, ономасиология дар забони форсӣ ва ғайра зиёда аз 100 асар навиштааст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Фирӯза Амонова 18 июли соли 2001 дар шаҳри Душанбе аз даргузашт.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- тоҷикӣ
- Мадхали забоншиносӣ, Хулосаи дарсҳо / Воситаи таълим барои донишҷӯёни соли аввали факултаи ховаршиносӣ. — Душанбе, 1992 [1] Бойгонӣ шудааст 15 феврали 2019 сол.
- Муқаддимаи забоншиносӣ. — Душанбе, 1993 [2] Бойгонӣ шудааст 15 феврали 2019 сол.
- Забони форсӣ: Дастур ва матн соли дувуми омӯзиши олӣ. — Душанбе, 1993 [3] Бойгонӣ шудааст 15 феврали 2019 сол.
- Худомӯзи забони форсӣ. — Душанбе, 1994
- Забони форсӣ. Дастур ва мутун соли севвуми омӯзиши олӣ. — Душанбе, 1996 [4] Бойгонӣ шудааст 15 феврали 2019 сол.ор
- русӣ
- Именное аффиксальное словообразование в современном персидском и таджикском языках. Д., 1982 [5](пайванди дастнорас)
- Проблемы деривационной ономасиологии современного персидского языка. Д., 1990 [6] Бойгонӣ шудааст 15 феврали 2019 сол.
- Опыт ономасиологического исследования деривационной системы современного персидского языка. Д., 1996 [7] Бойгонӣ шудааст 15 феврали 2019 сол.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фирўза Амоноваро бишносем. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (31 июли 2017). 21 июни 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амонова Фирӯза // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.