Jump to content

Ховари Абулҳай

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ховари Абулҳай
Ховар Рақибович Абулҳаев
Таърихи таваллуд: 9 январ 1969(1969-01-09) (55 сол)
Зодгоҳ: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир

Ховари Абулҳай - шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2004)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ховари Абулҳай 9 январи соли 1969 дар шаҳри Душанбе ба ҷаҳон омадааст. Таҳсили ибтидоиро (1976-1986) қисман дар Душанбеву қисман дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ (зодгоҳи падару модараш) гирифтааст. Аз соли 1986 то 1993 донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар ин фосила, аз соли 1987 то 1989, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Баъди адои қарзи ватан таҳсилро дар донишгоҳ идома додааст. Фаъолияти меҳнатиро дар Кумитаи давлатии телевизиону радиои ҷумҳурӣ сар карда, дар нашрияҳои мухталифи ҷумҳурӣ идома додааст. Ҳоло ходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ мебошад. То кунун маҷмӯаи ашъораш «Шафақи шавқи нигоҳ» (2002) ва рисолаи «Эътибори марди нангу ном» (ҳамроҳи профессор Рақиб Абулҳаев, (2013)-аш пешкаши умум гардидаанд. Аз соли 2004 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.[1]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 26 ISBN 978-99947-2-379-9