Ӯрунбой Ашӯрович Ашӯров (Ashurov Urunboy; 1903, Марғелони нав, вилояти Фарғона[1] — 1938, Сталинобод[2]) — ходими ҳизбӣ ва давлатии шӯравӣ, котиби якуми КМ ҲК (б) Тоҷикистон (1937).
Зиндагинома[вироиш]
Соли 1903 дар оилаи ӯзбеки[3] деҳқони камбағал, ки дар ҷустуҷӯи кор бар Марғелони нав аз Хуҷанд кӯчида буд, ба дунё омадааст. Соли 1915 мактаби руссии маҳаллиро хатм намуда, баъдан дар Омӯзишгоҳи шаҳрии Фарғона таҳсил кардааст (1915—1916).
Ҳуруфчини матбааи вилояти Фарғона (1918-20), корманди Комиссияи фавқулода оид ба мубориза бо аксулинқилобиён дар вилояти Фарғона, корманди масъули Ҳизби коммунистӣ ва муовини раиси Кумитаи инқилобии уезди Марғелон, раиси комиҷроияи уезди Фарғонаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯроии Сотсиалистии Туркистон (1920-25), котиби масъули Кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Фарғона, котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунистии округи Андиҷон (1925-29). Шунавандаи Академияи коммунистии шаҳри Маскав (1929-30), раиси Марказ оид ба колхозҳои Осиёи Миёна, ҷонишини мудири шуъбаи Бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП (б) (1931-34). Котиби дуюми КМ ҲК (б) Тоҷикистон, корманди масъули КМ ВКП (б), котиби якуми КМ ҲК (б) Тоҷикистон (1934-36).
- Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат[4]
- Грамотаи фахрии КИМ ҶШС Ӯзбекистон[5].