Jump to content

Шайх Абдурраҳими Давлат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шайх Абдураҳими Давлат)
Ҳазрати Бузургвор
Мавлоно Муҳаммад Абдурраҳимхоҷа ибни Муллодавлат
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: илоҳиётшинос, ориф, шоир
Таърихи таваллуд: 1881
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1947
Маҳалли даргузашт:
Фарзандон: Эшони Зубайдуллоҳи Элокӣ[d]
Шогирдон: Эшони Абдурраҳмонҷон
Вироиши Викидода

Ҳазрати Бузургвор (Мавлоно Муҳаммад Абдурраҳимхоҷа ибни Муллодавлат; 1881, Лижак, Обигарм — 1947, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод) — ориф, шоир ва намояндаи барҷастаи тасаввуф.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шайх Абдурраҳим соли 1881 дар қишлоқи Лижаки собиқ ноҳияи Обигарм ба дунё омада, аз 7-солагӣ дар деҳкадаи Хоҷа Яъқуби ноҳияи Файзобод зиндагӣ кардааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар қишлоқи Луғури Обигарм назди устоди нахустини хеш домулло Сайидмуҳиддин, мавсуф бо лақаби Домулло Хӯҷа оғоз намуда, сипас дар қишлоқи Ҷойникудии ноҳияи Файзобод дар назди домулло Наҷмуддин идома дода, баъд аз он дар ноҳияи Шулмаки Ғарм назди домулло Одинаҳоҷии Қаландакӣ ба итмом расонидааст. Замоне, ки ҳазрат барои таҳсили илм ба Бухоро мераванд, ба сабаби дониш ва маҳорате, ки аз ӯ эҳсос карда буданд, аз ҷониби подшоҳ ба ӯ дар мадрасаи Мири Араб ҳуҷраи алоҳида ҷудо мекунанд. Ӯ ин ҳуҷраро ба муллобачаҳои дигар дода, як соли тамом дар сари турбати хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, ки дар масофаи 9-километр аз Бухоро воқеъ гардидааст, ба тайи мароҳили сулуки нақшбандия мегузаронад. Чунон ки ҳикоят мекунанд, дарсу таълимро назди Аълами Бухоро, ки зодаи ноҳияи Ҳисор, ба қавле аз қишлоқи Ғешии Ёвон ва ба қавле аз Файзобод будааст, мегирад. Касби тариқатро пеши Мавлоно Худойбердии Шойхасӣ, ки аз машҳуртарин шайхони нақшбандияи замон буданд, анҷом медиҳад. Дар мадориси Бухоро 7 сол таҳсил намуда, сипас 3 соли дигар дар мадрасаи маҳаллаи Гӯсфандкушони Бухоро ба мударрисӣ машғул гардида, соли 1910 ба ватан бармегардад.

Шайх Абдурраҳими Давлат аз пирони тариқати нақшбандия буда, дар осори хеш ин таълимотро тарғибу ташвиқ карданд. Аз мероси илмӣ-адабии ин орифи бузург зиёда аз 12 аср маълум ва машҳур аст, ки «Ишқнома», «Кашфуласрор», «Девони ғазалиёт», «18 доираи тасаввуф», «Маснавинома», «Гулистон», «Бӯстон», «Ҷорубӣ» ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳазрати Бузургвор ҳамчун шоир дар мавзӯъҳои гуногуни ирфонӣ: ғазал, қасида, қитъа, маснавӣ, таркиббанд, тарҷеъбанд шеър гуфтааст. Барои аҳли таҳқиқ маълум аст, ки шоирони мутасаввиф даъвои шеъру шоирӣ надоштанд, аммо мекӯшиданд, ки олитарин афкори ирфониро дар қолаби вазн баён кунанд.

Дар шеъри шайх Абдурраҳими Давлат низ гоҳе ноқисҳои вазну қофия мушоҳида мешавад, аммо тарзи баёни ӯ, ки хеле олист, ин нуқсонҳоро мепӯшонад. Аз тарафи дигар забони гуфтори шайх Абдурраҳим ба шеваи гуфтори мардум хеле наздик аст. ҳамин услуби забони ашъори ӯ имконият медиҳад, ки гоҳе ба ҷойи ҳиҷои дароз ҳиҷои кӯтоҳ ё ба ҷойи ҳиҷои дарозтар ҳиҷои дарозро истифода намояд, аммо вазни умумии шеър халалдор намегардад. Масалан дар байти зер:

Ба дунё дил мабанд, толиб, шавад зулмат ба дил пайдо,
Шавӣ ғофил зи ёди ҳақ, ба дил ҳасрат шавад пайдо.

Дар назари аввал чунин менамояд, ки гӯё дар рукни дуввуми мисраи аввал «мабанд толиб» ҳиҷои «банд» вазни шеърро сактадор кардааст, яъне вазни шеър тақозо мекунад, ки дар инҷо бояд рукни «мафоъилун» биёяд, аммо «мафоилотун» (ма-банд толиб) омадааст. Шайх Абдурраҳим таркиби «мабанд толиб»-ро дар ҳамин байт бар вазни «мафоилун» дониста овардааст ва агар аз рӯи қоидаи илми арӯз нигоҳ кунем, дар вазни ин байт ҳеч гуна сактаи шеърӣ вуҷуд надорад. Мувофиқи қоидаи илми тақтиъ дурустӣ ва нодуруустии вазни байтро ҳангоми талаффузи он муайян мпекунанд. Агар мисраи авали байтро тақтиъ кунем, ҳангоми талаффузи таркиби «мабанд толиб» ҳарфи «д»-и калимаи «мабанд» меафтад ва «мабан толиб» боқӣ мемонад, ки аз ҷиҳати вазн ба рукни мафоъилун баробар аст. Ҳамин тариқ шайх Абдурраҳим ҳангоми ақидаҳои ирфонӣ мекушиданд, ки тарзи гуфторашон хеле сода ва равон ва ба зеҳни мардуми одӣ мувофиқ бошад. Барои намуна чанд байти як шеъри ӯро меорем, ки дар ниҳояти содагӣ ва равонӣ иншо шуда, ягон сактаи шеърӣ надорад:

Ба дунё дил мабанд толиб, шавад зулмат ба дил пайдо,
Шавӣ ғофил зи ёди ҳақ, ба дил ҳасрат шавад пайдо.
Ҳаёти ҷовидон хоҳӣ, ба назди боданӯшон рав,
Ки эҳёи дили ғофил шавад аз бода чун пайдо.
Бишав ту боданӯш аз суҳбати пирону майнӯшон,
Ки эъҷози Масеҳ аз майи бода мешавад пайдо.
Ба ёди наргиси шаҳло дил маҷруҳ зи мижгон кун,
Ки хуни духтари раз аз лаби соғар шавад пайдо.
Мабин ту, зоҳидо аз роҳи фақр айби хуҷӯро,
Ки теғи аслро бурриш зи устод мешавад пайдо.
Мазан ту таъна, эй зоҳид, зи роҳи айб халқонро,
Зи таъни мардумон шавад зулмат ба дил пайдо.
Чи хуш бошад адаб дар роҳи ишқи он Худовандӣ,
Адаб Абдурраҳим кун ту, шавад нураш ба дил пайдо[1].

Вазни умумии ин шеър ҳазаҷи мусаммани солим буда, ба таври мафоилун, мафоилун, мафоилун тақтиъ мешавад ва чи тавре, ки мебинем тамоми аркони мисраъҳои ин шеър дар қолаби ҳамин рукн гунҷонида шудааст. Ин шеър аз ҷиҳати шакл ба ғазал монандӣ дорад, ҳарчанд, ки дар қоида ва қонунҳои ғазал(ҳамқофия будани байти аввал, аз қофия озод будани мисраҳои тоқ ва ҳамқофия будани мисраҳои ҷуфти байтҳои минбаъдаи байти аввал) на ҳамеша риоя карда мешавад. Баъзе шеърҳои шайх Абдурраҳим дар ниҳояти салосат ва латофат эшудаанд ва табиист, ки хеле дилкашу дилнишин мебошанд. Байти зер дар санъати шеърии мулавван эҷод шудааст, ки вобаста ба тарзи тақтиъ бар ду вазн хонда мешавад, ки яке музореъ ва дигаре мунсариҳ мебошад;

Ҳар бехабар чӣ донад, ин сӯзи ишқи моро,
Ӯ ташна гашту нашнохт сарчашмаи бақоро.

Мустафъилун, фаъулун, мустафъилун, фаъулун

Ҳазрати Бузургвор соҳиби тасониф буданд. Аз худ 12 китоб боқӣ гузоштанд, ки 8-тои он таҳти унвони зер маҳфузанд:

  1. Ишқнома
  2. Девони ашъор
  3. Кашфуласрор
  4. Гулистон
  5. Бӯстон
  6. Ҷорубӣ
  7. Мақомот
  8. Маснавӣ

Бо хоҳиши Идораи мусулмонони Осиёи Миёна Ҳазрати Бузургвор 3 китобашонро барои чоп ба Тошканд фиристода буданд, ки то ҳанӯз сарнавишташон маълум нест.

Ҳазрати Бузургвор соли 1947 дар 66-солагӣ бар иллати беморӣ даргузашт. Мақбараи ӯ воқеъ дар Элоки ноҳияи Файзобод буда, ҳоло зиёратгоҳи мардуми ихлосманд аст.

Масҷиди ҷомеъи марказии ноҳияи Файзобод ба номи Ҳазрати Бузургвор

Ҳазрати Бузургвор 13 фарзанд дошт[2], фарзанди хурдии эшон Зубайдуллоҳ дар силсилаи тариқавии падарашро идома дода, ҳамзамон дар ҳудуди деҳаи Элок дар наздикии мақбараи Ҳазрати Бузургвор Масҷиди ҷомеъи марказии ноҳияи Файзободро бунёд намуд.

  1. Кашф-ул-асрор (Ҳаёт ва фаъолияти Шайх Абдурраҳими Давлат). — Душанбе: Ҳумо, 2000. — 122 с.
  2. Мақолаи Муҳибуллоҳи Расул. Мавлоно Муҳаммад Абдурраҳимхоҷа ибни Муллодавлат