Jump to content

Шамс Ғуломов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шамс Ғуломов
Таърихи таваллуд 1926(1926)
Зодгоҳ деҳаи Файзобод, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Ҷоизаҳо
«Агрономи шоистаи Тоҷикистон» (1976)
Ордени Ленин
ордени Байрақи Сурхи Ҷангӣ

Шамс Ғуломов (1926, деҳаи Файзобод, ноҳияи Файзобод — 2013, ноҳияи Файзобод) — агрономи тоҷик, Агрономи шоистаи Тоҷикистон (1976), Иштиродори Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шамс Ғуломов соли 1926 дар деҳаи Чуваи совети қишлоқи Дубеда дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро аз соли 1937 дар зодгохаш гирифтааст. Баъдтар идомаи таҳсили ибтидоиро дар деҳаҳои Дороб ва Дашти Марзо мегирад. Синфи 4-ро дар деҳаи Сари Сафедхок хатм мекунад.

Соли 1944 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Советӣ даъват шуда, дар ҳайати Ҷабҳаи 1-уми Украина зидди фашистон (то озодкунии Берлин) ҷангидааст. Соли 1949 ба зодгоҳаш баргашта, ба кори барқарорсозии соҳаи кишоварзӣ машғул шуд, агрономи МТС буд. Ҳамзамон соли 1962 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм намуда, ба ҳайси ходими хурди илмии Стансияи таҷрибавии Файзобод ба кори илмӣ машғул шуд.

«Помидори Файзобод»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар асоси тадқиқоти илмӣ помидори навъи «Файзобод»-ро ихтироъ кард. Солҳои 1986—1998 сардори хоҷагии махсусгардонидаи «50-солагии Комсомол»-и ноҳияи Кофарниҳон буд. Дар давоми 54 соли фаъолияти кориаш даҳҳо га боғҳои себу ангур бунёд намуда, кишти зироатҳои полизиро инкишоф дод.

Ҷоизаву орденҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои хидматҳои ҷангӣ ва кории содиқонааш бар орденҳои Байрақи Сурхи Ҷангӣ, Ленин, медалҳои ҷангӣ ва ҷашнӣ, нишони сарисинагии «Агрономи шоистаи Тоҷикистон» (1976) сарфароз гардидааст.