Файзобод (деҳа)
Зоҳир
Деҳаи Файзобод Тиён | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Дӯстмурод Алиев |
Аҳолӣ | 2162 нафар (2010), тоҷикон |
Хоҷагӣ | 266 |
Файзобод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 5 км. Аҳолиаш 2162 нафар (2010), тоҷикон, аз 266 хоҷпгӣ иборат аст. Дар деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона, хонаи саломатӣ, маркази саломатӣ, 9 мағозаи хусусии молҳои ниёзи мардум, чойхонаи чамъиятӣ, корхонаи хусусии заводи хишт, 13 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, масҷиди ҷомеъ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ машғуланд. Заминҳо аз дарёи Элок ва оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.