Шаҳбозбек Кабиров
Таърихи таваллуд | 12 август 1945 (79 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Порвори ноҳияи Шӯрообод, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Шаҳбозбек Кабиров — забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1979), дотсент (1985), профессори (2012) кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳбозбек Кабиров 12 августи соли 1945, деҳаи Порвори ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Шӯрообод) дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ш. Кабиров соли 1963 мактаб-интернатро бомуваффақият хатм намуда, ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил гардид. Соли 1968 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 1968 то 1992 дар кафедраи забони тоҷикии донишгоҳи мазкур ба сифати ассистент, муаллими калон ва дотсент кор кардааст. Солҳои 1973-1976 ва 1979-1983 устод ба сифати тарҷумон дар Ҷумҳурии Афғонистон фаъолият намудааст. Пас аз бозгашт ба ватан фаъолияти хешро дар кафедраи таърихи забон ва типология давом медиҳад. Аз соли 1992 то 1996 дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология кор карда ва аз соли 1996 то 2012 мудири кафедраи умумидонишгоҳии хат ва матни форсии тоҷикии (ҳоло кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ) Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.[1]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Доираи фаъолияти илмиву омӯзгории Шаҳбоз Кабиров хеле васеъ буда, масъалаҳои гуногуни илми забоншиносиро дар бар мегирад. Дар давоми беш аз 40 соли фаъолияти илмиву омӯзгориаш чандин китобҳои дарсӣ, монографияву воситаҳои таълимӣ ва зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, илмиву методӣ, илмиву оммавиро таҳия намудаву ба табъ расонидааст. Ба гуфтаи адабиётшиносу муҳаққиқи тоҷик Атохон Сайфуллоев, “Асари хуб дилу дидаро равшан, эҳсосотро нозуктар ва завқро тарбият намуда, сатҳи дониши хонандаро васеъ менамояд”, ки осори Шаҳбоз Кабиров бемуҳобот мисоли он аст. Ҳар як асару мақолаҳои устод дар саҳифаи забоншиносии тоҷик фикру масъалаи тозаеро ворид намудааст. “Луғати омонимҳои забони тоҷикӣ”, монографияи ӯ “Хусусиятҳои лексикии “Таърихи Бадахшон”, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ: “Синтаксис ва пунктуатсия”, “Алифбо ва имлои ниёгон“, “Алифбои ниёгон барои синфи 4”, “Алифбои ниёгон ва матн (қоидаҳои имло) барои синфи 5”, “Забони тоҷикӣ (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултетҳои ғайрифилологӣ)”, “Забони тоҷикӣ (васоити таълимӣ барои гурӯҳҳои русии факултетҳои ғайрифилологӣ)”, “Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои донишҷӯёни факултети биология”, “Забони тоҷикӣ (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултетҳои биология ва тиббиву дорусозӣ)” (2011), аз зумраи асарҳои рӯйимизӣ буда, дар забоншиносии тоҷик мақоми намоёнро соҳиб шудаанд. Профессор Шаҳбоз Кабиров чун забоншиноси соҳибистеъдоду нозукадо ба масъалаҳои ҷолибу шавқовар ва баҳсталабу мураккаби забоншиносӣ рӯ оварда, муваффақона онҳоро ҳал менамояд. Ш. Кабиров дар як қатор мақолаҳояш “Эй забон, ҳам оташу ҳам хирманӣ”, “Ибораҳои рехта дар шеъри Мавлоно”, “Мавлоно дар олами вожагон” , “Таносуби маъноии вожаҳо ва ҳамнишинии онҳо аз назари Хоҷа Насириддини Тӯсӣ”, “Мавлоно Ҷомӣ ва ороишу тазӣини сухан зимни унвонгузорӣ”, “Сухан аз арши барин омадааст”, “Синонимҳои мусаҷҷаъ дар «Таърихи Шаҳрухӣ»”, “Сухан чун радаи марҷон”, “Мувозинати калом ва андеша”, “Зулфи оростаи сухан”, “Сухани тозарақам”, “Сухан ва маърифати ҷавонон” бо таҳлили услуби нигориш ва вижагиҳои забони осори адибони классику муосир Ҷалолиддини Румӣ, Хоҷа Насириддини Тӯсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мулло Ниёзмуҳаммади Қӯқандӣ, Баҳманёр, Урун Кӯҳзод, Абдуҳамид Самадов, Ҷонибеки Акобир ҷанбаҳои мухталифи моҳияту асрори маъниофари калимаро муҳаққиқона баррасӣ менамояд.[2] Беш аз 90 асару мақолаҳои илмӣ-методӣ, дастуру китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ҳамагонӣ ва олӣ ва зиёда аз 150 мақолаҳои оммавӣ дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расонидааст. Дар чандин конфронсу ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар Душанбе, Кулоб, Кобул, Теҳрон ва Деҳлӣ баромад намудааст. Таҳти роҳбарии ӯ се нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда ва се нафари дигар рисолаи номзадӣ навишта истодаанд.
Осори илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хусусиятҳои лексикии «Таърихи Бадахшон» (монография). – Душанбе,1984;
- Луғати омонимҳои забони тоҷикӣ. – Душанбе:«Маориф»,1992;
- Алифбо ва имлои ниёгон (васоити таълимӣ). – Душанбе,2002;
- Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ).–Душанбе:«Эр-граф»,2012, 148 с. (ҳаммуаллиф С. Анварӣ).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дорандаи нишони «Аълочии маориф» (1988),
- медали «Хидмати шоиста» (1999) [1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Кафедраи забони тоҷикӣ, Шаҳбозбек Кабиров(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 28 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2020.
- ↑ Устоди раҳнамо(пайванди дастнорас)
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 12 август
- Зодагони соли 1945
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
- Номзадҳои улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Филологони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон