Шералӣ Раҷабалиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шералӣ Раҷабалиев
Таърихи таваллуд 30 март 1942(1942-03-30)
Зодгоҳ ноҳияи Масчо
Таърихи даргузашт 03. 02. 2022
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор

Шералӣ Раҷабалиев (Раҷабалиев Шералӣ Фозилович; 30 марти 1942, ноҳияи Масчо, ҶШС Тоҷикистон — 03. 02. 2022, Душанбе) — табиб, доктори илмҳои тиб (1996), профессор[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҷабалиев Шералӣ 30-юми марти соли 1942 дар ноҳияи Мастчоҳ (Кӯҳистони Мастчоҳ) дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Падараш Фозилов Раҷабалӣ (таваллудаш 1912) солҳои 1932—1941 ба сифати судяи халқии ноҳияҳои Балҷувон, Мастчоҳ ва ш. Сталинобод, ҳамзамон, узви Суди Олии ҶШС Тоҷикистон иҷрои вазифа намудааст. Соли 1941 ба Артиши Шуравӣ даъват шуда, соли 1943 дар муҳорибаи Сталинград қаҳрамонона ҳалок шудааст.

Шералӣ Раҷабалиев соли 1957 пас аз хатми мактаби миёни № 7-и ш. Сталинобод ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Сталинобод дохил шуда, онро соли 1960 хатм менамояд. Хамон сол Шералӣ Раҷабалиев ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1966 хатм мекунад. Фаъолияти худро ба ҳайси бародари шафқат дар шуъбаи бемориҳои асаби кӯдаконаи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии № 3-и шаҳри Душанбе шуруъ карда, тӯли солҳои 1964—1966 дар ин табобатгоҳ фаъолият менамояд. Соли 1966, баъди хатми Донишкада ҳамчун табиби асабшинос дар шуъбаи мазкур фаъолияти меҳнатиро давом медиҳад. Соли 1967 барои бозомӯзӣ ба Маркази ордени Лениндори Институти такмили ихтисоси духтурони шаҳри Маскав меравад. Солҳои 1968—1970 мудири шуъбаи бемориҳои асаби кӯдаконаи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии № 3-и ш. Душанбе, солҳои 1971—1988 омӯзгори Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, солҳои 1972—1975 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи бемориҳои асаби Донишкадаи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, солҳои 1988—1993 дотсенти кафедраи бемориҳои асаби Донишгоҳи мазкур. Соли 1978 дар шурои диссертатсионии назди Донишкадаи такмили ихтисоси духтурон ба номи С. М. Кирови ш. Ленинград дар мавзуи «Таҳқиқи клиникӣ-иммунологӣ ва реоэнтсефалогрфии тарбоди майнаи сари кӯдакон ва масъалаҳои табобати патогенетикӣ» таҳти роҳбарии профессор А. М. Пулодов рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

Солҳои 1993—2001 ва 2004—2008 муовини ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб, солҳои 1993—2009 вазифаи мудири кафедраи бемориҳои асаб ва асосҳои генетикаи тибби Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистонро (ДТИБКТТ), солҳои 2009—2015 — профессори кафедраи бемориҳои асаб ва асосҳои генетикаи тиббии Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббӣ Тоҷикистон (ДТИБКТТ).

Соли 1996 Шералӣ Раҷабалиев дар шурои олимони Академияи баъдидипломии тибби шаҳри Санкт-Петербург дар мавзуи «Паҳншавии бемориҳои ирсии асабу мушакҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (клиника, табобат ва пешгирӣ)» дар шакли маърузаи илмӣ дар ҳаҷми 59 саҳифа рисолаи докториро ҳимоя намудааст. Бе навиштани рисолаи докторӣ ҳимоя намудан ва соҳиб шудан ба дараҷаи илмии доктори илми тиб рӯйдоди нодир мебошад. Соли 2000-ум ба ӯ унвони илмии «профессор» дода шудааст.

Шералӣ Раҷабалиев яке аз намояндагони соҳаи тиб аст, ки зарурати омода намудани мутахассисони соҳаро дар хориҷи кишвар ба миён гузошт, ки дар натиҷа ҳамкориҳо бо муассисаҳои олӣ ва марказҳои тиббии шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Тошканд оғоз ва ривоҷу равнақ ёфтанд. Мавриди зикри хос аст, ки саҳми ректори Академияи тиббии такмили ихтисоси баъдидипломии (АТТИБ) ш. Санкт-Перетбург Н. А. Беляков дар тайёр намудани мутахассисон тибқи қарордоди тарафайн хеле назаррас аст. Аз ҷумла, дар муддати 10 сол дар муассисаи мазкур зиёда аз 60 мутахассисони Тоҷикистон аз зинаҳои ординатураи клиникӣ, аспирантура ва докторантура гузашта, рисолаҳои илмӣ дифоъ карданд ва имрӯз аксарияти онҳо дар кишварамон ба аҳли ҷомеи хизмат мерасонанд. Дар ин муддат 10 нафар кормандони донишкада рисолаи докторӣ ва 12 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.

Корҳои машваратӣ-табобатӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Шералӣ Раҷабалиев солҳои 1992 −2009 — сармутахассиси ғайривоҳидӣ асабпизишкони калонсолон ва кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе, солҳои 1993—2008 — машваратчии (мушовири) беморхонаи њукуматии № 4, солҳои 1995—2009 — мушовири тиббии Гвардияи миллӣ, солҳои 1993—1995 — Мубориза бар зидди бемории триходесмотоксикоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1992—2001 — мубориза бар зидди бемории фалаҷи ҳароммағзии кӯдакон ва пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1997—2008 — раиси Ҷамъияти асабпизишкони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарњои хизматї ва машварати беморон тавассути авиатсияи санитарї дар Љумњурии Тољикистон низ буд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Шералӣ Раҷабалиев муаллифи беш аз 265 кори илмӣ, аз ҷумла, 5 монорафия, 23 тавсияи методӣ ва 5 пешниҳоди навоварона мебошад.[2].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Медали «Барои хизматҳои шоён». Ба ифтихори 100-солагии зодрӯзи В. И. Ленин, соли 1970;
  • Медал бахшида ба «10-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон», соли 2003;
  • Медал бахшида ба «15-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон», соли 2008;
  • Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, соли 1999;
  • Медал бахшида ба «85-солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон»;
  • Ифтихорномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ барои рафъи бемории фалаҷи ҳароммағзии кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000.

Некдошт[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо қарори Шурои олимони Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31.03.2023 (протколи 4/1) кафедраи бемориҳои асаб ва генетикаи тиббӣ ба номи профессор Раҷабалиев Шералӣ номгузорӣ гардид.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]