Ширин Ҳаитова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ширин Исматуллоевна Ҳаитова (14.03.1970, деҳаи Ҳисори н. Ҳисор), доктори илми филологӣ (2014).

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1992 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ва 2012 ғоибона факултаи ҳуқуқшиносии ҳамин боргоҳи илмро тамом кардааст. Солҳои 1993-1994 коромӯзи кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 1994-1997 аспиранти ДМТ, 1997-2009 ассистент ва муаллимаи кафедраи таърихи забон ва типология, 2009-2012 сардори раёсати илм ва навоварии ДМТ, 2012-2014 директори муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг», 2014-2015 ноиби ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода буд. Аз соли 2015 директори Коллеҷи омӯзгории ш. Душанбе мебошад. Бобати хусусияти забонӣ ва корбурди истилоҳоти соҳавӣ дар асрҳои ХI-ХII, хусусияти лексикӣ-семантикии ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ таҳқиқот анҷом дода, дар таҳияи барномаи таълимии «Таърихи истилоҳоти тоҷик», «Луғати русӣ ба тоҷикии истилоҳоти геологӣ» ва баргардони «Ғазалиёти Анварӣ» аз ҳуруфи форсӣ ба кириллик саҳм гузоштааст.

Осор[вироиш]

  • Лексическое особенности газелей Камола Худжанди. – Д., 2002;
  • Лингвистические и функциональные особенности отраслевой терминологии таджикского языка ХI - ХII вв: Дисс… доктора филол. наук. – Д., 2013.[1]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – с. 654