Штеффи Граф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Штеффи Граф
олмонӣ: Steffi Graf
Steffi Graf in Hamburg 2010 (cropped).jpg
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс зан[4][5]
Ном ба ҳангоми таваллуд олмонӣ: Stephanie Maria Graf
Кишвар
Тахассус теннис
Бошгоҳ Germany Fed Cup team[d][6]
Зодрӯз 14 июн 1969(1969-06-14)[1][2][3][…] (52 сол)
Зодгоҳ
Корномаи варзишӣ 19821999
Тарафи корӣ one-handed forehand[d], one-handed backhand[d] ва right-handedness[d][8]
Қад 176 сантиметр
Вазн 64 кг
Вебгоҳи расмӣ(олмонӣ)(англ.)
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Ште́фани Мари́я «Ште́ффи» Граф (олмонӣ: Stefanie Maria "Steffi" Graf); зод. 14 июн 1969[1][2][3][…], Монҳойм[d], Баден-Вюртемберг[d][7]) — тенничбози олмонӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳти роҳнамоии падар нахустин қадамҳоро ба ҷаҳони теннис гузошт. Дар 17-солагӣ беҳтарин варзишгарзани Олмон гардид ва соли 1987 қаҳрамони чемпионати озоди ИМА шуд. Дар 107 мусобиқаи гуногун ғолиб омадааст. Чандин маротиба соҳиби унвони якумин теннисбози ҷаҳон гаштааст. Дорандаи медалҳои тило ва биринҷии (дар бозии дунафарӣ) Бозиҳои олимпии ш. Сеул (1988), медали нуқраи Бозиҳои Барселона (1992) ва Ордени Олимпӣ (1999). Дар чаҳор чемпионати озоди Австралия (1988, 1989, 1990, 1994), шаш чемпионати озоди Фаронса (Ролан Гаррос; 1987, 1988, 1993, 1995, 1996, 1999), ҳафт мусобиқаи Вимбелдон (1988, 1989, 1991, 1992, 1993, 1995, 1995, 1996) ва панҷ чемпионати озоди Амрико (1988, 1984, 1993, 1995, 1996) пирӯз шудааст. Рекордҳои дарозмуддати баландтарин рейтинг (377 ҳафта) ва мақоми аввал байни занҳои теннисбоз (186 ҳафта) ба ӯ тааллуқ доранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]