Шӯрбои тагҷаз
Зоҳир
Шӯрбои тагҷаз
- Тарзи тайёр намудани Шӯрбои тагҷаз:Равғани поракардаи гӯсфандро каме об мекунанд. Гӯшти лӯнда-лӯнда резашударо дар равған то сурхшавӣ мебирёнанд. Баъд пиёз ва помидори поракардаро андохта, боз 7-10 дақиқа бирён мекунанд. Пеш аз рехтани об, ба дег картошка андохта, онро як-ду маротиба мегардонанд. Пас 2,5 литр об андохта, меҷӯшонанд. То ҷӯшидани об намак, як дона [[қаламфури сурх, шибит ва кашничи резашуда меандозанд. Як-ду дона себи туршро реза карда, ба дег меандозанд (таъми хӯрок беҳтар мешавад). Баъд аз ҷӯшидани об, оташро паст карда, 1 соати дигар мепазанд. Таомро ба косаҳо мекашанд. Ба 500 г гӯшти гӯсфанд ё гов 100 г равғани дунба 500 г картошка, 4 дона помидор ё 2 қошуқ хамираи помидори пухта, 3 дона пиёз, 1 дона қаламфур, 1 бандча шибиту кашнич, барги ғор ва мувофиқи табъ намак лозим аст.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П–Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. Ҷ. 2. – М: Советская Энциклопедия, 1969, - c. 609.
- Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Шӯрбоҳо. 18 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |