Эмомалӣ Насриддинзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Эмомалӣ Насриддинзода
Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин
Эмомалӣ Насриддинзода.jpg
парчам Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа парчам
аз 4 майи 2021
Пешгузашта Абдуҷаббор Раҳмонзода

Таваллуд 2 июл 1966(1966-07-02) (54 сол)
ноҳияи Совет, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Ном ҳангоми таваллуд Насриддинов Эмомалӣ Сайфиддинович
Ҳизб Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Таҳсилот Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷоизаҳо Ордени «Шараф»

Эмомалӣ Насриддинзода (Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин; 2 июли 1966, деҳаи Кангурт, ноҳияи Совет, вилояти Кӯлоб) — ҳуқуқшинос, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2015), Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (аз соли 2021).

Зиндагинома[вироиш]

Эмомалӣ Сайфиддин Насриддинзода 2 июли соли 1966 дар ноҳияи Совет дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.Соли 1983 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и шаҳраки Кангурти ноҳияи Темурмаликро хатм намудааст, соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко ва соли 2003 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносхатм кардааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Соли 2008 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Проблемаҳои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар шароити бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон» дифоъ намудааст. Соли 2015 рисолаи докториро дар мавзӯи «Густариши фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити амиқ гардидани тафовутҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» ҳимоя кардааст.

Соли 2017 Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Корнома[вироиш]

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1990 ҳамчун омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ноҳияи Балҷувон оғоз кардааст. Аз соли 1993—2006 ассистент, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, аз 2003 то 2004 корманди Сарраёсати корҳои ислоҳии вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2003—2006 унвонҷӯи Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ, соли 2006 мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва методикаи таълими ҳуқуқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ. Солҳои 2006—2007 муаллими калони кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 2007—2009 ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба тарбия. Солҳои 2009—2011 ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим. Аз моҳи августи соли 2011 то 2016 Декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст.

Аз 5 майи 2021 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин шудааст[1].

Ҷоизаҳо[вироиш]

Барои хизматҳои шоён ва намунавиаш дар соҳаи таълиму тарбия ва парвариши мутахассисони лаёқатманди ҷавобгӯйи бозори меҳнат бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон» ва мукофоти давлатии «Ордени Шараф дараҷаи II» сарфароз гардидааст.1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.[2]

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Эзоҳ[вироиш]