Энаҷон Бойматова
Таърихи таваллуд | 1923 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 14 январ 2011 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷоизаҳо |
Энаҷон Бойматова (1923, Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро — 14 январ 2011, Конибодом, Вилояти Суғд) — пахтакор, раиси колхози колхози «Москва» -и ноҳияи Конибодоми ҶШС Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1960). устоди пахтаи Ҷумхурии Тоҷикистон (1967).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Энаҷон Бойматова соли 1923 дар деҳаи Роҳи нави ҷамоати Пӯлодони ш. Конибодом (собиқ ноҳияи Қӯқанди вилояти Фарғона) таваллуд шудааст.
Дар солҳои 1935 — 1942 чун деҳқони колхозчӣ кор мекард, аз соли 1943 то 1956 бригадир, ва аз соли 1957 — раиси колхози «Москва»-и ноҳияи Конибодоми ҶШС Тоҷикистон. Дар ин вазифа вай то соли 1988 кор кардааст. Ӯ дар тули 28 соли роҳбари хоҷагӣ буданаш дар инкишофи пахтакорӣ, Боғдори ва чорводории ноҳия саҳми арзанда гузошт. Маҳз бо рохбарӣ ва ташаббуси ӯ стансияи насоси обкашии «60-солагии СССР» сохта шуд, ки он боиси аз худ намудани қариб 1000 гектар замини болои Канали калони Фарғона ва бунёди боғҳои нави мева гардид. Дар мавзеи соҳили Сир 900 гектар замини бекорхобида корам гардонида шуд. Ӯ ба ободии деҳа хам аҳамияти ҷиддӣ медод. Дар давраи роҳбарии ӯ 4 таълимгоҳи замонавӣ, боғчаи кӯдакон, беморхона, бинои идораи колхоз, 40 хонаи истиқоматӣ сохта шуда, роҳҳо асфалтпӯш гардиданд. Э. Бойматова аз соли 1954 аъзои КМ ПК Тоҷикистон ва вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 4-11) буд. Раиси хоҷагӣ дар солҳои 1988 — 2002 Набиҷон Иномов, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд[1].
Ба муносибати 70- солагии Энаҷон Бойматова. 9 июли 1994 хоҷагии ҷамоавии (Москва) ба номи Э.Бойматова гузошта шуд. Баъдтар ба Ҷамъияти саҳҳомии "Э. Бойматова " табдил дода шудааст.
Дар моҳи июни соли 2007 ба ин хоҷагии пешқадами Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташриф овард.[2].
Энаҷон Бойматова 14 январи соли 2011[3] дар Конибодом дар синни 87-солагӣ даргузашт. Вай охирин Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ дар Тоҷикистон буд[4].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 7 марти соли 1960 ба муносибати таҷлили 50-солагии Рӯзи байналмилалии занон, барои дастовардҳои назаррас дар кор ва фаъолияти пурсамари иҷтимоӣ, Инаҷон Байматова бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва ордени Ленин, медали тилоии «Дос ва Болға» мукофотонида шудааст[5].
- Бо панҷ ордени Ленин, ордени Инқилоби Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо, панҷ медали " Барои нишондиҳандаҳои меҳнат " (инчунин панҷ медали ВДНХ-и ИҶШС) сарфароз карда шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Герой Соцтруда Бойматова против инвестора Иткина. Канибадамские хлопковые разборки.. 1 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 марти 2016.
- ↑ Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон прибыл в Согдийскую область(пайванди дастнорас — таърих). 27 май 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 марти 2016.
- ↑ Мирзоаъзам Максудов. Добрая память(рус.). Народная газета (13 апрели 2023). 1 май 2023 санҷида шуд.
- ↑ В Таджикистане скончался последний Герой соцтруда СССР
- ↑ Указ Президиума Верховного Совета СССР «О присвоении звания Героя Социалистического Труда женщинам — передовикам промышленности, сельского хозяйства, науки, культуры и видным общественным деятелям» от 7 марта 1960 года // Ведомости Верховного Совета СССР. — 1960. — № 10 (994). — Ст. 71. — С. 93.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бойматова Энаҷон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Павандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энаҷон Бойматова. Сайти «Герои Страны».
- Бойматова Энахон(тоҷ.) )
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони соли 1923
- Даргузаштагони 14 январ
- Даргузаштагони соли 2011
- Даргузаштагони вилояти Суғд
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шоён»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Пахтакорирони Тоҷикистон
- Пахтакорони ИҶШС