Jump to content

Юсуфҷон Аҳмадзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Юсуфҷон Аҳмадзода
Юсуфҷон Аҳмадзода
Таърихи таваллуд: 29 декабр 1947(1947-12-29) (76 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Конибодом вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: тарҷумон, нависанда, шоир
Ҷоизаҳо: Ордени Шараф (2002), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (1999),«Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011)

Юсуфҷон Аҳмадзода - шоир, нависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1980), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2000)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Юсуфҷон Аҳмадзода 29 декабри соли 1947 дар ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд ёфтааст. Соли 1965, баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома дода, ҳамзамон, дар нашриёти «Ирфон» машғули кори ноширӣ будааст. Дар тӯли чилу ҳафт соли заҳмат аз дараҷаи мусаҳҳеҳӣ то мақоми муҳаррири хурду муҳаррири калон, мудири шуъба ва ҷонишини раиси нашриёти «Адиб» камол ёфтааст. Ҳоло муовини раиси нашриёти «Адабиёти бачагон» аст. Ҳамчун шоир ва нависандаи кӯдакону калонсолон шинохта шуда, суруду таронаҳо ва ғазалу рубоӣ мегӯяд.

Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Туҳфаҳо» соли 1978 чоп шудааст. Минбаъда шеъру достон ва қиссаву афсонаҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Мурғобӣ, чӣ мекобӣ?!» (1981), «Хурсандӣ» (1982), «Ҳулбӯ» (1987 «Садсола шав-е, дурроҷ!» (1989), «Панҷоҳ барг» (1996), «Марзи баланд» (1997), «Оинаи дидор» (1999), «Мӯрчае дона ёфт…» (2003), «Абри сафед» (2003), «Хумори ишқ» (2004), «Наҷвои хӯшаҳо» (2007), «Дар хаймаи Хайём» (2011), «Хурӯсаки тоҷбасар», «Офтоби сарам», «Ситорачаҳои барфӣ» (2013) мунташир гардидаанд. Соли 2001 қисми якуми романи таърихии ӯ «Ҳафт рӯъё», соли 2010 романи «Ишқи духтари кулаҳпӯш»-аш ба нашр расидааст. Баробари таълифи асарҳои манзуму мансур, дар тарҷумаи осори адибони маъруфи ҷаҳон – Бародарон Гримм, И.Бунин, Ҳ.К.Андерсен, В.Ҳауфф, К.Чуковский, С.Маршак, П.Муъмин, А.Барто, В.Бубнис, А.Валтон, Л.Тудев ва дигарон саҳм гирифтааст.

  • Ордени Шараф (2002);
  • «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (1999);
  • «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011)[1][2]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 48 ISBN 978-99947-2-379-9
  2. Юсуфҷон Аҳмадзода: "Дар ҷодаи адабиёт намехоҳам, ки аутсайдер бошам" http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/10776-yusufjon-ahmadzoda-dar-jodai-adabijot-namekhoham-ki-autsayder-bosham.html Бойгонӣ шудааст 5 марти 2016  сол.