Юсуф Қарзовӣ
Юсуф Қарзовӣ | |
---|---|
араб. يوسف القرضاوي | |
Пешгузашта: | вазифа таъсис ёфт |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | олим, нависанда, фақеҳ, шоир |
Таърихи таваллуд: | 9 сентябр 1926[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 26 сентябр 2022[2][3] (96 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом |
Фарзандон: | Абдурраҳмон Юсуф[d] ва Ilham Al-Qaradawi[d] |
Самти фаъолият: | ақида, Усули дин, ислом[4], шариат[4] ва илоҳиётшиносии исломӣ[d][4] |
Маълумот: | |
Корфармо: | |
Ҷойи кор: | Доҳа |
Осор: | |
Иттилооти иловагӣ |
|
Сайти расмӣ: | al-qaradawi.net(ар.) |
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор Викигуфтовард |
Вироиши Викидода |
Юсуф Абдуллоҳ Қарзовӣ (ар. يوسف عبد الله القرضاوي; 9 сентябр 1926[1], Сафт Туроб[d], Подшоҳии Миср[d] — 26 сентябр 2022[2][3], Доҳа) — олими муосири дини ислом аз Миср, раиси Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон. Яке аз чеҳраҳои маъруфи аҳли суннати олами Ислом[5].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Юсуф Қарзови дар деҳаи хурде дар вилояти ғарбии Миср ба дунё омадааст. Дар дусолагӣ аз падар маҳрум гашт, ва дар муҳити мазҳабии хонаводаи амакаш ба воя расид. Оилаашон мехост, ки ӯ касби наҷҷорро аз худ кунад, аммо ӯ тасмим гирифт, ки имом шавад.
Дар синни чаҳорсолагӣ, ӯ ба мактаб қуръон шурӯъ кард ва дар синни даҳсолоагӣ ӯ Қуръонро азёд медонист. Пас аз гирифтани маълумоти ҳатмии мактабӣ, Қарзовӣ ба таҳсилашро муддати нуҳ сол дар Донишкадаи дин дар Танто идома дод.
Дар ҳаждаҳсолагӣ ба факултаи усули дини Донишгоҳи Ал-Азҳар дохил гардид, ва соли 1953 аз миёни яксаду ҳаштод ҳамсинфаш дар таҳсилоти олӣ, рутбаи аввалро ба даст дошт.
Сипас ба гувоҳиномаи байналмилалӣ даст ёфт ва ҳамзамон дар соли 1954 дар донишкадаи забони арабӣ иҷозати тадрис ёфт ва боз дар миёни панҷсад нафар ан ҳамсинфонаш, ки фориғутаҳсили факултаҳои сегонаи Алазҳар буданд, рутбаи нахустро ба даст овард. Дар соли 1958 дар риштаи забон ва адабиёт, дар муассисаи олии мутолиоти арабӣ, мадраки диплом гирифт ва дар соли 1960, ба мадраки мутолиоти олии муодили фавқулисонс дар шуъбаи улуми Қуръон ва Суннати факулаи усули дин ноил гашт. Дар соли 1973 дар ҳамон факулта, бо рутбаи бартар пиромӯни мақолаи «Закот ва нақши он дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ» ба мадраки дуктуро даст ёфт[6].
Афкори сиёсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳанӯз овони донишгоҳӣ ҷонибдори ақоиди исломи сиёсӣ буд ва бо ҳаракати «Ихвонулмуслимин» («Бародарони мусулмон») алоқамандӣ дошт. Барои ҳамин, як дафъа дар давраи салтанати шоҳ Форуқ ва се дафъа дар замони президентии Камол Абдулносир ба ҳабс гирифта шудааст. Соли 1961 Мисрро тарк намуда, ба Қатар меравад ва ин кишварро ҷойи зисти доимӣ ихтиёр карда, шаҳрванди ин давлат мегардад.
Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шахсияти ӯ ҳамчун ходими сиёсии исломӣ ва пешвои маънавии ҳизби «Ихвонулмуслимин» таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Худи Қарзовӣ бар он аст, ки «Ислом бидуни сиёсат ислом нест: агар исломро аз сиёсат ҷудо созем, аллакай ин ислом не, дигар дин аст». Ҳамин пойбандӣ бар сиёсат аст, ки Қарзовиро пешвои маънавии «Ихвонулмуслимин» ва ё «муфтии Ихвонулмуслимин» меноманд. Ӯро ду дафъа ба симмати сарвари ҳаракат пешниҳод карданд, вале ҷавоби рад дод ва пинҳон низ надоштааст, ки мартабаи пешвои диниро авлотар мешуморад[7].
Фаъолиятҳои расмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дуктур Юсуф Қарзовӣ давроне машғули суханронӣ ва тадрис дар масҷид буд, сипас сарпарастии Муассисаи Айммаи вобаста ба вазорати Авқофи Мисрро бар уҳда гирифт. Пас аз он ба манзури назорат бар матбуоти Алазҳар ва кор дар дафтари фаннии идораи Даъват ва Иршод ба идораи куллии фарҳанги исломии Алазҳар пайваст. Дар соли 1961 вориди Қатар шуд ва ба унвони раиси Муассисаи Динии Мутавассита машғули фаъолият шуд ва ба тавсеа ва тасбити он камар баст, ба тавре, ки тавонист қадими нофеъ ва ҷадиди муфидро дар он ҷамъ кунад.
Дар соли 1973, донишкадаи тарбиятии писаронамва духтарона дар донишгоҳи Қатар, таъсис шуд ва Шайх Қарзовӣ барои роҳандозии бахши мутолиоти исломӣ, вориди он ҷо шуд.
Дар соли 1977, донишкадаи Шариат ва Мутолиоти исломии донишгоҳи Қатар таъсис шуд ва Шайх Қарзовӣ раёсати онро ба уҳда гирифт ва то поёни соли таҳсилии соли 1989—1990 дар ин симат боқӣ монд. Вай ҳамчунин ба унвони мудири муассисаи маркази мутолиоти Суннат ва Сирати Набавиии донишгоҳи Қатар интихоб шуд, ки то имрӯз ҳам ин симатро дорост.
Дар соли таҳсилии 1990—1991, аз Қатар ба Алҷазоир рафт ва раёсати Шуроҳои Имлии донишгоҳ ва муассисоти олии исломиро бар уҳда гирифт, сипас ба Қатар бозгашт ва ба кори худ дар мудирияти маркази мутолиоти Суннат ва Сират идома дод. Дар соли 1411 ҳиҷрӣ ҷоизаи Бонки Тавсеаи Исломӣ дар иқтисоди исломиро дарёфт кард. Ҳамчунин дар соли 1413 ба ҷоизаи байналмилалии Малик Файсал барои мушорикат дар мутолиоти исломӣ ноил шуд. Дар соли 1994 ҷоизаи хоси илмиро аз раиси Донишгоҳи байналмилалии исломии Малейзия дарёфт кард. Дар соли 1997 ҷоизаи Султон Ҳасан Балқия, (султони Брунай)ро дар фиқҳи исломӣ дарёфт кард[6].
Талошҳо ва хидмат ба ислом
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолиятҳои Юсуф Қарзовӣ дар заминаи хидмат ба Ислом дар як тараф, ё заминаи хосе хулоса намешавад, балки ҳамвора дар заминаҳои гуногӯн ва дар ҷонибҳои мутанаввеъ фаъолият кардааст ва осори мухталифе аз худ барҷой гузоштааст, ки ба сароҳат аз шахсияти илмии ӯ ҳикоят дорад. Муҳимтарин заминаҳои илмӣ ва фаъолиятҳои Юсуф Қарзовӣ аз таълифоти илмӣ, даъват ва иршод, фиқҳу фатво, конфронсҳо ва семинарҳо, мусофиратҳо ва суханрониҳо, узвият дар шуроҳо ва муассисаҳо, иқтисоди исломӣ, фаъолиятҳои иҷтимоӣ, тавҷеҳи бедории исломӣ, фаъолиятҳои ҳаракӣ ва ҷиҳодӣ иборатанд[6].
Таълифоти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Навиштан ва таълиф, аз муҳимтарин вижагиҳои дуктур Қарзовӣ аст ва ҳамон гуна, ки Аллома Абӯлҳасан Надавӣ дар китоби «Расоили эълом» вайро сутуда аст, китобҳои ӯ ба унвони олимӣ муҳақиқ ва муаллиф, вазн ва таъсири вижае дар ҷаҳони ислом дорад. Шайх Ибни Боз низ аз ӯ ба хубӣ ситоиш кардааст. Касе ки китобҳо ва муаллифоти устодро мавриди баҳс ва баррасӣ қарор медиҳад, ба яқин медонад, ки ӯ нависанда ва мутафаккирест, ки худро беайб намедонад ва аз касе ҳам тақлид намекунад ва танҳо замоне вориди баҳс мешавад, ки муътақидаст мавзӯъи мавриди баҳс метавонад матлаби тозае аз қабили тасҳеҳи мафҳум ё эҷоди як фикр ё шарҳи масъалаи мубҳам, посӯх ба шубҳа, ё баёни ҳикмати чизеро бо худ дошта бошад. Юсуф Қарзовӣ дар заминаҳои мухталифи фарҳанги исломӣ китобҳое таълиф кардааст, ки болиғ ба панҷоҳ ҷилд мешавад. Ин китобҳо дар ҷои худ бисёр муҳим ва боарзишанд ва аҳли илм дар ҷаҳони ислом онро бо диди қабул ва тақдиру ситоиш пазируфтаанд; ба ҳамин хотир борҳо ба забони арабӣ чоп шудаанд ва бештарашон низ ба забонҳои кишварҳои исломӣ ва байналмилалӣ тарҷума шудааст ва камтар кишвари исломӣ вуҷуд дорад, ки осоре аз Қарзовӣ бо забони дохилии он кишвар мавҷуд набошад.
Китобҳои Шайх аз имтиёзоти вижае бархурдоранд, ки бархе аз онҳо иборатанд[6]:
- Ин китобҳо умдатан дар мероси илмии исломӣ ва бар пояи Китобу Суннат ва шеваи салафи солеҳ таълиф шудааст ва муаллиф замонеро, ки дар он ба сар мебарад, фаромӯш накардааст; вай асолат ва муқтазаёти замонро бо ҳам ҷамъ кардааст.
- Шайх дар ин китобҳо таҳқиқи илмӣ, таъаммуқи фикрӣ ва рӯйкарди ислоҳиро бо ҳам ҷамъ кардааст.
- Муаллиф аз қайди тақлиду таъассуби мазҳабӣ озод аст ва низ дунболарӯи фикрии мазоҳиби воридотӣ аз ғарбу шарқро барнаметобад.
- Муаллиф ба миёнаравӣ дар байни ифротиҳо ва афроди мунфаил маъруф аст ва миёнравии дур аз ифроту тафритро баргузидадаст. Мудири маҷалаи «Ал-уммаҳ» дар оғози китоб «الصحوة الاسلامیة بین الجمود و التطرف», гуфтааст, ки Қарзовӣ аз маъдуди касонест, ки ба эътидол ва миёнаравӣ мавсум аст ва байни муҳкамоти шаръӣ ва муқтазаёти замон, таъодул эҷод мекунад.
- Шеваи муаллиф дар навиштан ба шеваи «саҳли мумтанеъ» маъруф аст ва ин шеваи як олими адиби тавоност.
- Шайх бо қудрати тамом дар муқобили нерӯҳои тахрибкор ва мутаҳоҷими хориҷӣ ва афроди фосиду мунҳарифи дохилӣ истодааст ва танҳо ба Исломи ноб пойбанд аст ва онро аз таҳрифи ифротиён ва дастбурди ботилгароён ва тафсири ҷоҳилон пос доштааст.
Хонданда дар китобҳои ӯ навъи ихлосу караме эҳсос мекунад, ҳамон тавре, ки шунавандаи суханрониҳо, хубтаҳо ва дуруси ӯ чунин ҳиссе ба ӯ даст медиҳад. Тамоми касоне, ки дар бораи ӯ матлаб навиштаанд, иттифоқи назар доранд, ки навиштаҳо ва таълифоти ӯ таркибест аз диққат ва мушкофии фиқҳӣ, дурахшиши адибона, ҳарорати даъавӣ ва нигоҳи таҷдидгароёна. Вай дар канори китобҳои илмӣ, китобҳое низ бо рангу буйи адабӣ таълиф кардааст, монанди намоишномаи «олим ва тоғӯт», ки дар он муқовимати «Саъид бин Ҷубайр» дар муқобили Ҳаҷҷоҷро ба намоиш мегузорад. Вай девоне бо номи «Нафаҳот ва лаҳафот» дорад, ки теъдоде аз қасидаҳои қадимӣ дар канори бархе аз қасидаҳои ҷадид ва сурудаҳои оҳгинро дарбар дорад. Сурудҳо ва қасоиди ӯ дар ҷаҳони Ислом пахш шудааст ва ҷавонон ҳатто пеш аз чопи дивонаш онро дар муносибатҳо мехонданд.
Илова ба ин китобҳои дигаре низ дорад, ки вазорати таълим ва омӯзиши Қатар, ба вижа муассисаи мазҳабӣ дар таълифи он мушорикат доштааст, ки ба беш аз бист китоб мерасад. Вазорати таълим ва омӯзиш ин китобҳоро дар зимни кутуби дарсии мадорис гунҷонидааст, ки шомили тафсир, ҳадис, тавҳид, фиқҳ, ҷомеаи исломӣ, буҳуси исломӣ, фалсафаи ахлоқ ва дигар мавзуот мешавад. Инҳо илова бар таҳқиқот ва мутолиоту мақолотест, ки дар солномаҳо, маҷалаҳои имлӣ, аъам аз фаслнома, моҳнома ва ҳафтаномаҳо мунташир мешвад ва дар идома ба бархе аз он ишора хоҳем кард.
Китобҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Китоби «Ҳалол ва ҳаром дар Ислом», ки онро ба хоҳиши теъдоде аз устодони Алазҳар дар даврони Шайх Муҳаммад Шалтут ва бо назорати идораи кулли фарҳанги исломӣ дар даврони дуктур Муҳаммад Баҳӣ, таълиф кардааст ва ба таъйиди кумитаи марбута расида ва мавриди тақдир қарор қарор гирифт. Ин китоб ба таври беназире дар ҷаҳони араб ва Ислом ба чоп расид ва бисёре аз уламои тарози аввал ин кори устодро сутудаанд, то ҷое, ки устоди бузургвор, Мустафо Зарқо дар бораи он мегӯяд: «лозим аст, ки китоб дар ҳар хонаводаи мусалмон вуҷуд дошта бошад». Устод Муҳаммад Муборак гуфтааст: «ин китоб дар навъи худ беҳтарин аст». Ва устод Алӣ Тантовӣ ин китобро дар донишкадаи тарбиятии Маккаи Мукаррама тадрис мекард ва муҳаддиси маъруф Носириддини Албонӣ ба тахриҷи аҳодиси он иқдом кардаааст. Дар Покистон низ ин китоб бо истиқболи вижае рӯ ба рӯ шуд ва бахшҳои мутолиоти исломии донишгоҳи Панҷоб ва Карочӣ, низ инояти хосе ба ин китоб доштаанд.
Дар авоили даҳаи шаст, муҳаққиқ Ҷамила Шавкат (ки баъдан ба дуктур Ҷамила Шавкат лақаб гирифт) таҳқиқе аз китоби мазкурро ба донишгоҳи Панҷоб пешкаш кард ва онро улгӯи навине дар тадвини фиқҳи исломӣ баршумурд ва бо ин таҳқиқ ба мадраки фавқуллисонс даст ёфт ва Аллома Алоудддин Сиддиқӣ, раиси донишгоҳ, устоди роҳнамои ӯ буд. Донишҷӯи дигаре аз донишгоҳи Карочӣ низ таҳқиқе дар бораи ин китоб навиштааст. Ин китоб беш аз чиҳил бор ба забони арабӣ чоп шудааст ва беш аз ҳама дар чопхонаҳои Қоҳира, Байрут, Кувайт, Алҷазоир, Марокеш ва Амрико, ба чоп расидааст. Ин илова бар чопҳое ба сирқат рафтааст, ки пайгирӣ ва шумориши он душвор аст. Китоб ба забонҳои англисӣ, олмонӣ, урдӯ, форсӣ, туркӣ, молейзӣ, индунесӣ, молориёӣ, савоҳилӣ, испанӣ, чинӣ ва ғайр тарҷума шудааст.
Китоби «Фиқҳи закот», ки дар ду ҷилди бузург таълиф шудааст ва як таҳқиқи ҷомеъ ва муқоисае аз аҳкоми закот ва асрору осори он дар ислоҳи ҷомеа дар сояи Қуръону Суннатро дарбар дорад ва аз барҷастатарин осори илмии даврони муосир ба шумор меравад. Коршиносон бар ин боваранд, ки дар мероси исломӣ то кунун ҳеч китобе монанди ин китоб бо мавзӯъи махсус таълиф нашудааст ва устод Халил ба нақл аз Аллома Абӯаъло Мавдӯдӣ, дар ин бора мефармояд: «ин китоб китоби қарн (қарни чаҳордаҳи ҳиҷрӣ) дар фиқҳи исломӣ аст». Устод Муҳаммад Муборак дар муқаддимаи китоби "иқтисод"и худ аз маҷмуаи китоҳои «низоми исломӣ» мегӯяд: «ин кор дар маҷомеи фиқҳӣ бисёр гаронсанг аст ва дар таълифоти фиқҳӣ як шоҳкор маҳсуб мешавад». Маркази мутолиоти иқтисоди исломӣ дар донишгоҳи Малик Абдулазиз дар Ҷидда онро ба забони англисӣ тарҷума кард. Ҳамчунин монанди бисёре аз китобҳои шайх, ки мояи хайру баракат барои Ислому муслимин аст, ба забонҳои Урдӯ, Туркӣ, Индунезӣ ва ғайра тарҷума шудааст.
Китобҳои шайх бисёре аз масоилу мавзуотеро, ки мавриди ниёзи ақли салим дар ҷаҳони муосир аст, пӯшиш додааст. Дар айни ҳол Шайх вориди бисёре аз набардҳи фикрӣ бар зидди душманони Ислом дар дохил ва хориҷ шудааст. Ҳангоме, ки чиниҳо шиори мавсум ба "ҳатмӣ будани роҳи ҳалли социализм"ро сар доданд ва бадин васила "маншур"и мисрӣ, ки бархе аз он ба «қироати инқилоб» ном мебурданд, мунташир шуд, Шайх Қарзовӣ дар мухолифат бо ин нигариш, маҷмуаи "ҳатмӣ будани роҳи ҳалли исломӣ"ро мунташир кард, ки се бахш аз он интишор ёфт. Дар замоне, ки нукбати 5 июн дар соли 1967 мавсуб ба «النكسة» рӯх дод ва бархе пиндоштанд, ки дин омили ин шикаст будааст, Шайх Қарзовӣ китобе зери унвони «дарси накбати дуввум; чаро шикаст ва роҳи пирӯзӣ» мунташир кард. Дар набарди «Ислом ва секуларизм», ё маъракаи «иҷрои шариат», ки дар солҳои ахир ба баҳсҳои доғе табдил шудааст ва тӯдаҳои мардум хостори ҳукм бар асоси шариати исломӣ шудаанд, секуларҳо дар муқобили ҷараёни исломӣ ва мардуме, ки мағлуби расонаҳои мавҷуд шуда буданд, минбарҳое барои тарвиҷи хурофоти худ сохта ва шубуҳотро оростаанд, дар чунин шароите садои Шайх Қарзовӣ аз баландтарин садоҳое буд, аботили ононро комилан расво кард, ба вижа дар ҳамоиши таърихии машҳуре, ки «анҷумани пизишкони Миср» онро ташкил дода буд ва дар Дорул-ҳикмаи Қоҳира баргузор шуд ва аз исломгароҳо танҳо, Шайх Ғазолӣ ва Қарзовӣ дар он ширкат карда буданд. Ин ҳамоиш яке аз аслитарин рӯйдодҳои фикрӣ будааст, ки рӯзнома, ҳафтаномаҳо ва моҳномаҳои мисрӣ ва хориҷӣ дар бораи он матлаб навиштанд. Аз осори он китоби «рӯёрӯии Ислом ва секуларизм» буд, ки посӯхи илмӣ ва айнӣ ба Фуод Закариё ва гуруҳе аз секуларҳои Миср буд, ки дар ин китоб тамоми даъвоҳои ононро ботил ва шубҳаҳояшонро бо мантиқи мустаҳками илмӣ, посӯх дода буд.
Дар набарди ахир дар хусуси таҳлилу баррасии фоидаҳои банкҳо ва шаҳодатҳое, ки ба он мулҳақ буд, боз садои Қарзовӣ болотарин ва нерумандтарин садоҳо дар муқовимат дар баробари он буд ва аз натоиҷи он китоби «рибои ҳароми фоидаҳои бонкҳо» аст.
Фиқҳ ва фатво
[вироиш | вироиши манбаъ]Яке аз боризтарин иқдомоти дуктур Қарзовӣ талоши вай дар заминаи фиқҳу фатво аст. Ишон дар ҳар суханронӣ ё ҳамоише, ки ширкат мекунад, бо селе аз суолоти ҳозирин дар мавзуҳои гуногун мувоҷеҳ мешавад. Бар хотири бархурдорӣ аз дидгоҳи илмӣ ва гароиш миёнаравона ва қудрати иқнои боло, посӯхҳои устод ғолибан мавриди писанд ва пазириши тӯдаи таҳсилкардаҳои мусалмон қарор мегирад. Вай тавонистааст, марҷеъе аз мароҷеи мавриди эътимод барои бисёре аз мусалмонон дар ҷаҳони Ислом ва хориҷ аз он бошад ва касоне, ки Шайхро наздик мешиносанд, аз вай шунидаанд, ки аз зиёдии номаҳо ва истифтоҳое, ки ба ӯ фиристода мешавад, гиламанд аст ва фурсати посӯхгӯӣ бар тамоми онҳоро надорад. Ин ҳама дархостҳо ниёз ба сервиси комиле дорад, ки воқеан аз уҳдаи талоши як фард аз ҳар қудрат ва тавоне, ки бархурдор бошад, барнамеояд. Ин дар мавриди посӯхҳоест, ки аз тариқи шафоҳӣ (даҳонӣ) ва дидори мустақим дода мешавад. Дар бисёре аз мавоқеъ аз тариқи тамосҳои телефонӣ ба суолҳои мардум посӯх медиҳад, ки аз ҷой ҷои ҷаҳони Ислом суолоташонро бо телефон матраҳ мекунанд.
Илова бар ин Шайх баномаҳои собите низ дар садо ва симои Қатар барои посӯхгӯйи ба суолоти шунавандагон ва бинандагон дорад. Шеваи фатвои ӯ дар муқаддимаи аввали китоби «фатвоҳои муосир» шарҳ дода шудааст. Ҳамчунин дар рисолаи «фатво дар миёни назму беназмӣ», шеваи фатвои ӯ шарҳ дода шудааст, ки дар он ба мушкилоти аҳли фатво пардохта ва онро бо далел ва бурҳон ташреҳ кардааст.
Ба таври хулоса, шеваи устод бар осонгирӣ, эътимод бар далел ва бурҳон ва озодӣ аз қайду бандаи таъассуб ва тақлид дар канори барҳрамандӣ аз сармояи фиқҳии мазоҳиби муътабар устувор аст. Шайх бо мардум бо забони аср сухан мегӯяд ва ба рафъи мушкилоти онон таваҷҷуҳ дорад ва дар он чӣ барояшон сӯдманд нест, рӯйгардон аст. Ишон дар байни ифроту тафриткунандагон роҳи миёнаро баргузидааст ва дар фатво то ҳадди имкон ба шарҳу тавзеҳ ва истидлол мепардозад. Ин воқеъият дар китоби «иҷтиҳод дар шариати исломӣ бо орои таҳлилӣ дар иҷтиҳоди муосир» ба хубӣ ошкор аст ва дар онҷо парда аз мушкилоти иҷтиҳоди муосир бар медорад ва вижагиҳо ва завобити иҷтиҳоди коромади муосирро шарҳ медиҳад. Устод талош мекунад, ки пойбандӣ ба ин завобитро бо навиштани китобҳое дар заминаи фиқҳӣ монанди «ҳалол ва ҳаром дар Ислом», «фиқҳи закот», «ғайри мусалмонон дар ҷомеаи исломӣ», фуруши иштирокӣ ва фиқҳи рӯза" татбиқ диҳад. Инҳо ҳалқае аз маҷмуаи осори вай дар заминаи осонсозии фиқҳист, ки солҳо пеш ваъдаашро дода буд. Пас таъаҷҷубе надорад, ки ба унвони узви маҷмаи фиқҳии анҷумани ҷаҳони Ислом ва коршиносони маҷмаъи фиқҳи исломии вобаста ба Созмони Конфронси исломӣ, интихоб шавад.
Даъват ва иршод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дуктур Қарзовӣ, дар заминаи гуногӯн ҳамонанди фаъолиятҳои имлӣ, иҷроӣ ва фарҳангӣ фаъолият доштааст ва ба фиқҳу фатво, шеъру адаб ва ғайра низ пардохтааст. Аммо дар дараҷаи нахуст метавон ишонро фарди даъватгар номид. Шахсияти ишон бо даъват ба сӯи Худо сиришааст ва ӯро комилан ба ин амр машғул кардааст. Даъват меҳвари фикру андеша ва ҳиммату илм ва амали вай ба ҳисоб меояд. Ишон дар даврои ҷавонӣ, яъне дар даврони донишомӯзӣ ва давраи мактабхонӣ, ки 16 сол бештар надошт, вориди арсаи даъват шуд ва корашро дар рӯстои маҳали сукунат ва гирду атрофи он оғоз кард, то ин, ки тавонист шарқу ғарби ҷаҳони Исломро дарбар бигирад.
Васоил ва минбар дар даъват
[вироиш | вироиши манбаъ]Минбари масҷид, хитоба ва тадрис, абзори табиъи ва таърихии даъват: замоне, ки Шайх донишҷӯи факулатаи усули дин буд, дар масҷиди Оли Тоҳо, дар шаҳри Маҳалатул-кубро, машҳур ба шаҳри коргарон, ки баъдҳо ба «масҷиди Шайх Қарзовӣ» маъруф шуд, фаъолият дошт. Дар он замон барои ҳазорон нафар намози ҷумъа мехонд, то ҷое, ки бонии масҷид атрофи онро чанд табақа густариш дод, то гунҷоиши намозгузоронро дошта бошад. Дар соли 1956, пас аз озодӣ аз зиндон, вазорати авқофи Миср аз ӯ давъат кард, то дар масҷиди ҷомеи Замолики Қоҳира барои мардум суханронӣ кунад. Ҷамъияти зиёде дар ин масҷид ба ӯ иқтидо мекарданд ва то замони Абдулносир, ки аз минбар манъ шуд, масҷидро абзоре барои интишори даъвар қарор дод ва ба хитоба ва тардису ваъз ва ифто машғул шуд ва то имрӯз низ ба суханронӣ дар масҷиди Умар бин Хаттоб машғул аст. Хутбаҳои Шайх ба сурати мустақим дар телевизион Қатар ва дар саросари Ҷаҳоин Ислом пахш мешавад. Хутбаҳои идайни Шайх ба вижа хутбаҳои майдони Обидини Қоҳира ва хутбаи устод дар Искандария, низ аз ин даста хутбаҳо ҳастанд.
Илова бар ин метавон ба дарсҳои ҳафтагӣ пас аз намози ҷумъа ва душанбешабҳои ҳар ҳафтаии Шайх ишора кард; дарсҳои рамазонии Шайх низ аз ҷумлаи дуруси собити ӯст, ки асрҳо дар масҷиди Шайх Халифа бини Ҳамд баргузор мешавад. Вай аз си сол пеш, яъне аз замоне, ки вилояти аҳдӣ ва ҷонишинии Амирро ба уҳда дорад, мураттаб дар ин ҷаласаҳо ширкат мекунад. Дарси шабона баъд аз намози таровеҳ низ аз дигар дарсҳои Шайх аст. Ишон дар расонаҳо низ минбаре барои даъват сохтааст. Дар радио ва телевизион ва дар барномаҳое монанди: «Мишкотун-нубуваҳ», дарсҳое дар заминаи тафсири Қуръон ва шарҳи Аҳодиси набавӣ дорад. Бархе аз ин дарсҳо тавҷеҳӣ ва бархе посӯх ба суолоти бинандагону шунавандагон дар хусуси масоили динӣ ва дунявӣ аст. Аз замони ифтитоҳи радиои Қатар барномае зери унвони «нур ва ҳидоят» иҷро мегардад, ки чандин сол идома дошт, аммо ахиран ба хотири касрати машғулиятҳо аз идомаи он маъзарат хост. Шабҳои ҷумъа барномаи телевизионии дигаре бо номи «ҳадюл- ислом» ба сурати ҳафтавор иҷро мегардад, ки онро бо ифтитоҳи телевизион Қатар оғоз кардааст ва то имрӯз низ идома дорад ва бинандагони кишварҳои Қатар, Баҳрайн, Имороти Араб ва минтақаи шарқии Арабисторо пӯшиш медиҳад. Мардум ин барномаро бо шавқ дунбол мекунад ва барои онон бо масобаи мадрасаи олӣ дар заминаи даъвату фатвои расонаии савтӣ ва тасвирӣ фаъолияти худро дар матбуот низ дунбол мекунад.
Шайх мақолаҳо ва баҳсҳоер дар маҷалаҳои мухталифи исломӣ мунташир кардааст, аз ҷумлаи онҳо метавон ба маҷалаҳои зер ишора кард: маҷалаи «Нури Ислом», «Минбари Ислом», маҷалаи «Даъват дар Миср», «Ҳазорати исломӣ» дар Димишқ, «Ал-ваъй ал-исломӣ», «Алмуҷтама» ва «Ал-арабӣ» дар Кувайт, «Ал-шиҳоб» дар Байрут ва «Ал-баъс ал-исломӣ» дар Ҳинд, «Ал-даъваҳ» дар Риёз ва Давҳа, «Ал-уммаҳ» дар Қатар, «Манорул-ислом» дар Абӯзабӣ ва «Алмуслимул-муосир» дар Лубнон. Дар канори он рӯзномаҳо ва ҳафтаномаҳои мухталиф, мақолаҳо ва фатвоҳои Шайх мунташир мекунанд ва пурсишу посӯхҳое, ки дар заминаи ақида ва шариат ва тамаддуну уммати исломӣ дар ҷараёни дидори Шайх бо мардум мешавад, низ дар матбуот ба чоп мерасад.
Мусаллам аст, ки Шайх Қарзовӣ аз даъватгарони тарози аввали ҷаҳони муосир аст. Ӯ шахсияти мустақил ва табиати асиле дорад ва аз қудрати таъсиргузории вижае бархурдор аст, тавре, ки дар маҷмӯъ дар даъват мадрасаи хоссеро дорост.
Имтиёзи Шайх дар тавоноии тафҳими оммаи мардум ва иқнои хавос аст. Вай ҳамзамон ақлро мавриди хитоб қарор медиҳад, отифаро бармеангезад ва бо илҳом аз мероси илмӣ аз фарҳанги муосир баҳра мебарад.
Конфронсҳо ва ҳамоишҳои исломӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Камтар конфронс ва ё нишасти илмӣ дар хусуси андешаи исломӣ ё даъвати исломӣ баргузор мешавад, ки дуктур Қарзовӣ ба он даъват нашавад. Вай ба хотири ҷойгоҳи волое, ки дар байни даъватгарон ва мутафаккирони исломӣ дорад, маъмулан аз сӯи касоне, ки ба кори даъват машғуланд, мавриди истиқбол қарор гирад. Дуктур Қарзовӣ то онҷо, ки замон ба ӯ иҷозат диҳад, ва шароити корӣ ва иртибототи гуногӯн ба вай маҷол диҳад, дар ин ҷаласаҳо ҳузур меёбад ва бо баҳсҳои аз пешомода ва мабоҳиси мусбат ва самимона ба баҳраварии ҷаласаҳо кумак мекунад. Касоне, ки дар ин нишастҳои илмӣ ё даъватӣ ширкат доштаанд, таъкид мекунанд, ки ҳузури Шайх Қарзовӣ ба асари бахши ҳар чӣ бештари он кумак мекунад. Ба унвони мисол, чанд намуна аз ин конфронсҳо:
- Нахустин конфронси ҷаҳонӣ дар заминаи иқтисоди ислмомӣ бо назорати донишгоҳи Малик Абдулазиз дар Маккаи Мукаррама.
- Нахустин конфронси ҷаҳонии фиқҳи исломӣ дар Риёз ба нозарати донишгоҳи исломии Имом Муҳаммад бин Саъуд.
- Дуввумин конфронси ҷаҳонӣ дар заминаи якпорчасозии даъват ва тарбияти даъватгарон бо назораи Ҷамъияти исломӣ дар Мадинаи Мунаввара.
- Нахустин конфронси исломии мубориза бо машрубот ва маводи мухаддир бо назорати донишгоҳи исломии Мадинаи Мунаввара
- Ҷашнвораи Надватул-уламо дар Лакнаҳви Ҳиндустон ва ҳамоиши ислом ва мусташриқин, ки тавассути Надватул-уламо ва ё ҳамкории Дорул-мусаннифин дар шаҳри Аъзамгари Ҳиндустон шуд, ва ба иҷмои ҳозирин ба унвони раиси конфронс интихоб шуд.
- Ҳамоишҳои сирати набавӣ ва суннати шариф дар кишварҳои зиёде баргузор шуд ва дар ҳамоише, ки дар Қатар баргузор шуд, ба унвони ноиби раис интихоб шуд.
Аз дигар фаолиятҳои ишон ширкат дар семинари «ташреъи исломӣ» дар Либиё, ҳамоишҳои Маҷмаъул-буҳуси исломӣ дар Қоҳира, ҳамоишҳои бонкҳои исломӣ дар Дубай, Кувайт, Истанбул ва соири шаҳрҳо ва низ ҳамоишҳои ҳайатҳои олиии назорати шаръӣ бар бонкҳои исломӣ, семинари иқтисоди исломӣ дар заминаи «амалгароӣ» дар Абӯзабӣ, семинарҳои созмони исломии улуми пизишкӣ дар Кувайт, ҳамоишҳои закот дар Кувайт, ҳамоишҳои анҷумани донишгоҳҳои Қоҳира, ҳамоишҳои анҷумани салтанатӣ дар заминаи тамаддуни исломӣ дар Урдун, анҷумани тафаккури исломӣ дар Алҷазоир, ва ҳамоши эъҷози илмии Қуръон ва Суннат дар Исломобод, семинари бедории исломӣ ва мушкилоти майҳани арабӣ дар Уммон, ҳамоишҳои Ислом ва пизишкӣ дар Қоҳира.
Ишон дар аксари ин ҳамоишҳо баҳсҳои илмӣро пешкаш кардааст, ки бо тақдири ширкаткунандагон рӯ ба рӯ шудааст.
Суханронӣ ва дидор аз донишгоҳҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бисёре аз донишгоҳҳои арабӣ ва исломӣ аз устод барои суханронӣ даъват шудааст ва ишон дар ин нишастҳо бештар барои донишҷӯён ва дар мавридҳое барои устодон ё дар нишастҳои умумӣ барои ҳарду гуруҳ, суханронӣ кардааст. Аз ҷумлаи онҳо метавон ба теъдоде аз донишгоҳҳои Миср монанди донишгоҳи Қоҳира, донишгоҳи Алазҳар, Айнушшамс, Искандария, Алмансура ва Асют, донишгоҳи Хуртум ва донишгоҳи исломии Умми Дармони Судон, донишгоҳи исломии Мадинаи Мунаввара ишора кард. Дар бархе аз давраҳо низ ба унвони узви шурои олии донишгоҳ интихоб шудааст. Донишгоҳи Малик Абдулазиз дар Ҷидда, донишгоҳи нафт ва мавориди маъдании Заҳрон, донишгоҳи Малик Файсали Даммом, донишгоҳи Малик Сауди Риёз, донишгоҳи Кувайт, донишгоҳи Имороти муттаҳидаи Араби Дуррул-айн, донишггоҳи Халиҷи Баҳрайн, донишгоҳи Санъои Яман, донишгоҳи Амир Абдулқодири Қанстантиния ва теъдоде аз донишгоҳҳои Алҷазоир , Қансатантиния, Ҳаррон низ мизбони устод буданд. Донишгоҳи Исломии Исломобод, донишгоҳи Панҷоб дар Лоҳури Покистон, донишгоҳи Малаю, донишгоҳи Исломии Малайзия, Долурулум ва маркази андешаи исломии Надватул-уламои Лакнаҳи Ҳиндустон, донишгоҳи Аҳмад Баллурии Найҷерия, донишгоҳи Ибни Халдун ва чанд донишгоҳи дигари Индунезия, Филиппин, маркази пажуҳиши исломии Малик Файсал, донишгоҳи Исломии Ҳаровӣ, теъдоде аз донишгоҳҳои Токиои Жопон, Сиюл дар Кореяи Ҷанӯбӣ, низ аз устод барои суханронӣ даъват кардааст. Илова бар ин бисёре аз марокизи маҷомеи илмӣ низ барои суханронӣ аз устод даъват кардаанд, ки муҳимтарини он иборатанд аз:
- Маркази таҳқиқоти иқтисоди исломии Ҷидда
- Анҷумани иқтисодии исломии Қоҳира
- Маркази пажуҳишҳои исломии Малик Файсал дар Риёз
- Маркази олии андешаҳои исломӣ дар Амрико
- Бунёди фарҳанги Абӯзабӣ
- Бошгоҳи адабии Маккаи Мукаррама
- Бошгоҳи фарҳангии Уммон
Илова бар инҳо, даъватномаҳои зиёде аз сӯи вазоратхонаҳои авқоф ва умури исломӣ, омӯзиш ва парвариш, иттилоърасонӣ, фарҳанг, беҳдошт, вазорати дохилӣ, мадориси мутавассита, анҷуманҳои динӣ ва бошгоҳҳои фарҳангӣ, иттиҳодияҳои коргарӣ ва марокизи даъвату иршоди бисёре аз кишварҳо барои устод ирсол шудааст ва аз ишон барои суханронӣ дар мавзуоти умумӣ ва хусусӣ ва муносибатҳои гуногӯни исломӣ, даъват ба амал омадааст. Дар канори он Шайх ба бисёре аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар Осиё ва Африқо сафар кардааст ва дар бисёре аз гирдиҳамоиҳо ва ақалиятҳои исломӣ дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ва Ҷанӯбӣ ва Австралия ширкат кардааст. Шайх дар тамоми ин нишастҳо ва дидорҳо суханронӣ кардааст, ки натоиҷи гавҳарборе ба вижа дар байни ҷавононе, ки дар Ғарб машғули таҳсил ҳастанд, ва дар маърази фитнаҳои мухталиф қарор доранд, бар ҷой гузоштааст.
Узвият дар маҷолису муассисаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо таваҷҷуҳ ба эътимоди хосу оми мусалмонон нисбат ба Шайх вай тавонистааст, дар бисёре аз маҷолису марокиз ва муассисоти имлӣ, даъавӣ, тарбиятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, увз шавад. Бо вуҷуди ин, ки бисёр вақтҳо Шайх ба хотири камбуди вақт ва мушкилоти зиёд аз пазириши узвият маъзарат мехоҳад, бо ин ҳол Шайх дар муассисоти зиёде узвият дорад, аз ҷумла:
- Узви Шурои олиии омӯзишу парвариши Қатар
- Увзи Ҳайати ифтои шаръии Қатар
- Раиси Ҳайати назорти шаръии Миср
- Увзи бонки исломӣ ва байналмилалии Қатар
- Узви бонки исломии Файсал дар Баҳрайн ва Карочӣ
- Узви бонки Тақво дар Свис
- Узви Ҳайати дорулмоли исломӣ
- Узви Ҳайати уманои созмони даъвати исломӣ дар Африқо ба марказияти Хуртум
- Узви Анҷумани фиқҳи исломии вобаста ба Анҷумани Ҷаҳони Ислом дар Маккаи Мукаррама
- Коршиноси фиқҳии вобаста ба Созмони Конфронси Исломӣ дар Ҷидда
- Узви ҳайати уманои Донишгоҳи байналмилалии Исломобод
- Узви ҳайата Уманои маркази Мутолиоти исломии Оксфорд
- Узви Анҷумани адаби исломӣ дар Лакнаҳви Ҳиндӯстон
- Узви муассисаи Анҷумани иқтисоди исломии Қоҳира
- Узви шурои идории маркази пажуҳиши саҳми мусалмонон дар тамаддуни Қатар
- Ноиби ҳайати ҷаҳонии закот дар Кувайт
- Узви анҷумани салтанатии пажуҳишҳои тамаддуни исломӣ (муассисаи Оли байт дар Урдун)
- Узви муассиси ҳайати хайрияи ҷаҳонии Кувайт ва увзи шурои идорӣ ва кумитаи иҷроии он
Масоили қтисоди исломӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дуктур Қарзовӣ аз муддатҳо пеш ба масоили иқтисоди исломӣ аз нигоҳи назарӣ ва амалӣ, эҳтимом доштааст. Аз нигоҳи назарӣ, суханрониҳои зиёде дар заминаи иқтисоди ислом пешкаш ва маҷмуаи китобҳое таълиф кардааст, ки дар ҷаҳони араб ва Ислом шуҳрат дорад. Кофист, ки ба бархе аз ин китобҳо ишора кунем:
- Фиқҳи закот
- Мушкилоти фақр ва роҳи ҳалли Ислом
- Фуруши муробаҳа барои харид ба шеваи бонкҳои исломӣ
- Китоби сӯди бонки рибои ҳаром
Аз нигоҳи амалӣ пеш аз роҳандозии бонкҳои исломӣ ва пас аз он бо ҳамкории Иттиҳодияи ҷаҳонии бонкдории исломӣ бо ин бонкҳо ҳамкорӣ доштааст ва то имрӯз ба унвони бозуи тавонманд амал кардааст ва масири онро мушаххас ва ба он истеҳком бахшидааст ва ҳамвора низ мудофеи он будааст. Вай солҳо мушовири шаръӣ ва довталаби нахустин бонки исломӣ буд, ки дар Дубай таъсис шуд. Сипас узви идории кулли назорати шаръӣ бар Байтулмоли исломӣ дар Жопон ва ширкати сармоягузории исломӣ дар Арабистоти Саудӣ буд. Ба ҳамин тартиб раёсати ҳайати назорати шаръӣ бар муассисоти зерро низ ба уҳда гирифтааст:
- Раиси бонки исломии Давҳа
- Бонки исломӣ ва байналмилалии Қатар
- Бонки исломии Малик Файсал дар Баҳрайн ва Покистон
- Бонки тақво дар Свис
- Узви шурои идории бонки исломии Малик Файсали Миср
- Увзи ҷамъияти иқтисоди исломии Қоҳира
Вай дар муқаддимаи китоби «Фуруши муробаҳа» рози инояти худ ба иқтисоди исломӣ парда мебардорад ва менависад: руйкарди ман ба иқтисоди исломӣ, бахше аз рӯйкарди ман ба Шариати Исломӣ ва даъват ба таҷлил аз иқтисоди исломӣ дар тамоми заминаҳои зиндагӣ ва ҷойгузин кардани аҳкоми он ба ҷойи қавонини қарордодӣ ва муқаррароти воридотӣ аст.
Анҷумани тавсеаи исломӣ ба поси қадрдонӣ аз заҳамоти эшон ҷоизаи соли 1411-и ин бонк дар иқтисоди исломиро ба вай ато кард ва аз нақши барҷаста ва асарбахши ӯ дар ин замина ситоиш кард.
Фаъолияти иҷтимоӣ ва даъавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дуктур Қарзовӣ таваҷҷуҳи шоёне ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва хайрӣ аз худ нишон медиҳад. Ишон ғарқ шудани ҳаракатҳои исломӣ ва бедории исломӣ дар фаъолиятҳои сиёсиро, ки умдаи вақти онро мегирад, ва онро аз фаъолияти иҷтимоӣ боз медорад, ба боди интиқод мегирад. Ишон дар ин бовар аст, ки душманони даъвати исломӣ ин корро ба хубӣ анҷом медиҳанд ва аз ин роҳ тавонистаанд, дар байни мусалмонон нуфуз кунанд. Ононро ба гумроҳӣ бикашонанд ва бо шиори хидматҳои иҷтимоӣ ва аъмоли хайрия ононро аз ақида ва ҳувияташон дӯр кунанд. Онон бо эҷоди мадорису бемористонҳо ва ниҳодҳои мухталифи иҷтимоӣ, тавонистаанд, ба хубӣ аз уҳдаи ин муҳим бароянд. Гуруҳҳои табширӣ дар ин замина бештарин сӯистифодаро кардаанд ва бисёре аз манотиқи исломӣ дар Африқо ва Осиёро, ки аз мусалласи фақр, бесаводӣ ва беморӣ ранҷ мебаранд, фирефтаанд ва дар баландпарвозӣ ва ғурур то он ҷо пеш рафтаанд, ки барои масеҳӣ карданди мусалмонони ҷаҳон, барномарезӣ кардаанд. Ин тасмим дар ҳамоиши табширӣ, ки дар вилояти Каларадои Амрико ташкил шуд, гирифта шуд ва сад миллион доллар ба ин кор ихтисос дода шуд ва маркази «Звеймар» барои таҳсили мутахассисон дар амри табшир бар асоси кишвар ва забону мазоҳиб ва рӯйкардҳои мусалмонони ҳар минтақа, таъсис доданд.
Ин амр эҳсосоти Шайхро таҳрик дод ва бо сафар ба бисёре аз кишварҳо ва ироди суханрониҳои мухталиф, хатари ин иқдом ва зарурати ҷилавгирӣ аз ин падидаро ба ҳамагон ёдовар ва хостори иқдоми мушобеҳ аз сӯи мусалмонон шуд. Пешниҳоди вай ихтисоси маблағи 100 миллион доллар тавассути мусалмонон барои дифоъ аз ақида ва шахсияти онон буд, ва ёдовар шуд, ки дар сурати ҷамоварии ин маблағ, бояд сӯди онро ба аъмоли хайрия ва фаъолиятҳои даъавӣ ихтисос диҳанд ва асли сармояд ба унвони садақаи ҷория барои соҳибони он боқӣ бимонад. Вай шарҳ дод, ки агар таъдоди мусалмонони ҷаҳон ба беш аз як миллиард нафар мерасад, ва агар ҳар мусалмон ба таври миёна як долллар пардохт кунад, ин маблағ ҷамъ хоҳад шуд. Ба ҳамин сабаб вай бо шиори «бо як доллар мусалмонеро наҷот бидеҳ», тамоми мусалмононро ба ин кор фаро хонд.
Дар ростои ин фарохонӣ ва барои таҳқиқи аҳдофи он, ҳайати хайрияи ҷаҳонӣ роҳандозӣ шуд ва дафтари марказии он дар Кувайт мустақар шуд. Ин ҳайат бар таври ҷиддӣ ва ошкоро фаъолиятҳоашро оғоз кард, агар чӣ ҳанӯз дар оғози кор қарор дорад. Дуктур Қарвзовӣ соҳиби ин тафаккур ва увзи кумитаи муқаддимотии он аст. Устод бар асоси тасаввури худ аз аҳдоф ва абзори ин ҳайат, пешнависи асоснома, узвияти маҷлиси муассисон, шурои идорӣ ва кумитаи иҷроии онро танзим кард ва худ дар чанд кумитаи он узв шуд. Вай барои кумак ба ниёзмандону мустамандон дар Қатар ва хориҷ аз он сандуқи мардумиро дар ин кишвар таъсис дод ва онро сандӯқи закот ва садақоти Қатар номгузорӣ кард. Ин сандӯқ дар бонки исломии Қатар низ ҳисоб дорад ва бархе аз костиҳо ва ниёзмандиҳоро пӯшиш медиҳад.
Устод ҳамчунин бо талошҳи пайгир ва буҷаҳои молӣ, теъдоде аз муассисаҳои динӣ ва хайрӣ, монанди марказ, масҷид ва бемористони Ал-саҳваро дар зодгоҳи худ, Сифати Туроб, дар Миср таъсис дод ва Масҷидур-раҳмаро низ дар шаҳри Наср бунёнгузорӣ кардааст.
Тавҷеҳ ва иршоди ҷавонони бедори исломӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Масъалаи ҷавонони бедории исломии муосир, аз боризтарин заминаҳои фаъолияти устод будааст, ки дар солҳоли ахир забон, фикр, имл ва ҳиммати худро ба он ихтисос додаст. Вай дар бисёре аз урдуҳо, ҳамоишҳо ва дидорҳое, ки тавассути ҷавонони бедории исломӣ дар дохил ва хориҷ аз сарзаминҳои исломӣ, баргузор шуд, ҳузур ёфт ва дар тамоми ин дидорҳо дар Амрико, Канада ва Аврупо ба пурсишҳои матраҳ ва шубуҳоти ворида пиромӯни Ислом, ақида, шариат ва таърихи Ислом, посӯх медод. Устод мавриди эътимоди ҷавонон ва мақбули ҳамагон буд, зеро онон ба ҷойгоҳи илмӣ ва густараи фиқҳӣ ва ихлоси ӯ дар даъват яқин доштанд. Онон бо шавқ ба созандагӣ ба ҷои вайронӣ, ҷамъ ба ҷои тафриқ ва пайгирии роҳи миёна ва эътидол, ки ба осонгирӣ ва рифқ ба ҷои хушунат ва сахтгирӣ, раҳнамун мешавад, воқиф буданд. Онон масоилеро, ки аз дигарон намепазируфтанд, ва гоҳо ба диёнат, ҷиҳатгирӣ ё иртиботи онон бо бархе ҷиҳатҳо таъна мезаданд, аз Устод ба дидаи мақбул менигаристанд.
Илова бар ин мақолоту китобҳои Шайх ва хутбаҳову суханроние, ки аз ӯ бар ҷой монда ва мунташир шудааст, ҳама пиромӯни ҳимоят аз даъват ва тақвияти он аст ва раҳнамоии ҳақиқии уммати исломӣ ва роҳёбии он ба зиндагии комили исломӣ аст. Ин манобеъи иршодотии устод барои уммат ва таъйини масири ҳаракати он дур аз ғулӯ ва ифроту хушунатро дарбар дорад. Дар ҳамин замина устод дар моҳномаи қатарии «Ал-уммаҳ», мақолотеро бо унвони «бедории ҷавонони мусалмонон падидаи солимест, ки бояд тавҷеҳ шавад, на саркӯб», ба ришати таҳрир даровард ва даҳҳо ҳазор нусха аз он дар бисёре аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ, интишор ёфтааст. Ҳамчунин маҷалаи «Ал-арабӣ» аз падидаи ифротигарӣ навиштааст. Моҳномаи «Ал-уммаҳ» китоби машҳури "бедории исломӣ дар миёни инкору ифрот"ро мунташир кард, ки садҳо ҳазор ҷилд азон ба арабӣ чоп ва ба забонҳои зиёде аз ҷумла; ангилисӣ, урдӯ, туркӣ, молейзӣ, индунейзӣ ва ғайра тарҷума шудааст. Дар ин замина ҳамчунин китобҳои «бедории исломӣ ва мушкилоти майҳани арабӣ ва исломӣ» ва «бедории бузурги исломӣ авомили таҷдиди динӣ ва пешрафтӣ дунявӣ» ва «бедории исломӣ дар миёни ихтилофи машрӯъ ва ихтилофи накӯҳида» аз устод ба чоп расидааст.
Дар ин замина ҳамчунин метавон ба мавзеи устод дар муқобила бо мавҷи такфир ишора кард, ки замоне дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ фарогир буд, ва бар асоси он ба куфри тамоми мардум ҳукм мекарданд. Устод дар ин замина рисолае зери унвони "падидаи ифрот дар такфир"ро ба риштаи таҳрир даровард, ки даҳҳо ҳазор нусха аз он ба чоп расида ва ба бисёре аз забонҳо тарҷума шудааст. Вай дар тамосу дидори мустақим бо бисёре аз ҷавонони бедории исломӣ ба онон ёдовар мешуд, ки ба ҷои баҳсу ҷадал ба кору базл ва бахшиш рӯй оваранд ва ба ҷои тамаркуз бар фуруъот ва ҷузиёт, пиромӯни усул ва куллиёт бичарханд.
Ба боварҳои вай, ҷавонон бояд ба ҷойи пардохтан ба масоили ихтилофӣ, бар масоили мавриди иттифоқ тамаркуз кунанд ва аз сайр дар осмонпиндорӣ ва хаёл, ба заминии воқеъ фуруд оянд ва ба ҷойи тасаллут бар ҷомеа, ба ҳамзистӣ бо ҷомеа ва ҳалли мушкилоти он, ҳиммат гуморанд ва ба ҷойи бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба суннатҳои илоҳӣ дар зиндагӣ, ба парастиши Худованд ҳамроҳ бо муроъоти суннатҳо дар сояи усули шариат гароиш дошта бошанд. Даъвати устод дар байни ҷавонон бо истиқболи чашмгире мувоҷеҳ шуд ва ҳамроҳ бо даъвати уламои растин дар раҳнамоии масири бедори исломӣ, таъсири шоёне бар ҷой гузошт.
Ҳаракат ва ҷиҳод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дуктур Қарзовӣ дар даврони ҷавонӣ ба даъвати исломӣ ба унвони ақида ва низоми ҳаёт, машғул буд ва бо хутбаҳо ва пардохти суханрониҳо ва илқои дурус ба ин амр, ҳиммат гуморида буд. Иртиботи деринаи вай бо ҳаракати Ихвонулмуслимин ӯро дар ин замина ёрӣ кардааст. Устод бо Имом Ҳасанул-Банно ошноӣ дошт ва ба ҳамин сабаб тавонист ба аксари вилоятҳои Миср, аз Искандария то Сӯдон ва Сайно сафар кунад ва замоне, ки ҳанӯз донишҷӯи факултаи Усули дин буд, ба амри устод Ҳасан Ҳузайбӣ, муршиди дуввуми Ихвонулмуслимин ба бархе аз кишварҳои арабӣ, монанди; Сурия, Лубнон ва Урдун низ сафар кард. Устод дар роҳи даъват бисёре аз номулоимотро ба ҷон харид. Дар соли 1949 дар замоин Малик Форӯқ, яъне замоне, ки донишҷӯи соли дуввум буд, борҳо боздошт шуд ва пас аз он дар даврони инқилоб январи соли 1952 ва сипас дар ноябри ҳамон сол, ба муддати бист моҳро дар боздошт ба сар бурд ва дар соли 1963 як бори дигар боздошт шуд.
Лозим ба зикр аст, ки Шайх Қарзовӣ бо вуҷуди иртибот бо ҷунбиши Ихвонулмуслимин ва узвияти зудҳангоми дар он, бо вуҷуди ранҷҳое, ки дар роҳи он мутаҳаммил шуд ва талошҳои илмӣ ва давъавию тарбиятӣ, ки барои он анҷом дод, ва бо вуҷуди иҷмои тарафдорони ӯ бар ҷойгоҳои волои ҳаракати Ихвон, аз ҳеч кӯшише дар роҳи интиқоди созанда аз ин ҳаракат барои ақлонӣ сохтани ин ҳаракат ва беҳбуди амалкард ва иртиқои шеваҳои кории он дареғ накард.
Вай ҳамчунин ба ҳамкорӣ бо тамоми ҳаракатҳои исломӣ даъват мекард ва таъадуди ҷамоатҳои исломиро на танҳо ирод намедонист, балки ба он қоил буд ва бовар дошт, ки агар ин таъаддуд бар асоси танаввуъ ва тахассус бошад, на бар асоси таъоруз ва таноқуз, бисёр муфид хоҳад буд. Вай муътақид буд, агар ҳаракатҳои исломӣ бо ҳам тафоҳум ва ҳамоҳангӣ дошта бошанд ва дар пардохтан ба масоили асосии ислом, сафи ягонае ташкил диҳанд ва дар заминаҳои мавриди иттифоқ таъаммуқ ва дар масоили ихтилофӣ тасомуҳ ба харҷ диҳанд ва дар доираи усули асосии исломӣ бар мабнои муҳкамоти Китоб (Қуръон) ва Суннат ҳаракат кунанд, сӯдманд хоҳанд буд.
Ин рӯйкарди интиқодӣ ва мунсифонаи устод дар теъдоди аз китобҳо, баҳсҳо, мақолот ва суханрониҳо ва дар дидорҳои расонаии вай комилан ошкор аст. Дар фасли ахири китоби «роҳи ҳалли Ислом, як фариза ва зарурат» ва мақолоти маҷалаи «Ал-уммаҳ» зери унвони «мушкил аз куҷост», ки дар як расонаи мустақил гирдиҳам омадааст, ва низ дар китоби «авлавиятҳои ҳаракати исломӣ», ин ҳақиқат ба сароҳат зикр шудааст. Маҷмуаи «китобул-уммаҳ» дар охирин китоби худ, «фиқҳи даъват; вижагиҳо ва чашмадозҳо» ба ин муҳим пардохтааст ва маҷмуае аз гуфтугӯҳои «Ал-уммаҳ» бо уламо ва андешмандони бузурги мусалмонро ҷамоварӣ кардааст. Ин гуфтугӯҳо пиромӯни «иҷтиҳод ва таҷдиди назар дар завобити шаръӣ ба унвони ниёзи замон», сурат гирифтааст.
Дар муқаддимаи китоб дар муаррифии устод омадаст: як нигоҳи сатҳӣ ба китобҳое, ки ба китобхонаи исломӣ пешкаш кардааст, тасвири равшан аз рӯйкардҳои фарогири устод ва мизони саҳмеро, ки дар ташкили тафаккури исломи муосир доштааст, нишон медиҳад; ҳамчунин ишон дар фиқҳи зарурӣ барои таъомул бо зиндагӣ, ислоҳи масири фаъолиятҳои исломӣ ва иршоди бедории исломӣ барои пеш гирифтани шеваи дуруст ва ҳамвор кардани масирҳои ноҳамвор, пешкаш медиҳад. Устод бар ин бовар аст, ки ҳаракати исломӣ таъбири ростин аз шахсият, дардҳо, орзӯҳо, ақдоиду андешаҳо, арзишҳои мондагор ва ормонҳои таҷдидпазири уммат ба самти ваҳдат аст.
Ба боварии вай аз рӯи адолат нест, ки вазъияти асафноки мусалмонони имрӯз аз резиш ва шикасту ақибмондагӣ, комилан ба пойи ҳараккти исломӣ хатм шавад; балки ин падидаҳо роҳоварди даврони рукуд ва истеъмори уммат аст ва агар масъулияте мутаваҷҷеҳи ҳаракати исломӣ бошад, бидуни шак дар мувозоти асбобу имконоти моддӣ ва маънавии онаст, ки Худованд барояш фароҳам кардааст, ба тавре, ки аз бархе истифода карда ва нисбат ба бархи дигаре сустӣ ба харҷ додааст ва аз бахши дигари он ҳам дар масири дуруст истифода накардааст. Вай арзёбӣ ва баррасии ҳаракатҳои исломӣ аз вазъияти мавҷудро як зарурат медонад ва муътақид аст, ки ҳаракат бояд аъзояшро ба насиҳатпазирӣ ва худинтиқодӣ, ташвиқ кунад, агар чӣ талх бошад ва ҷоиз нест, ки ҳаракатҳои исломиро бо асли ислом махлут кард; нақди як ҳаракат, илзоман нақди Ислом ва аҳкому шароеъ нест. Худованд ин умматро аз иҷтимоъ бар гумроҳӣ маҳфуз доштааст, аммо ҳеч ҷамоате аз хато ё афтодан дар гумроҳӣ, ба вижа дар масоили иҷтиҳодӣ, ки орои гуногунеро металабад, маъсум нест.
Вай мегӯяд: бархе аз мухлисон бо ин тавҷеҳ, ки мумкин аст касоне ба нақд бипардозанд, ва гоҳ хубу гоҳе низ бад интиқод кунанд, қоил ба баста будани боби интиқод шудаанд ва ин ҳамон узре буд, ки уламоро ба самти садди боби иҷтиҳод тело дод, дар ҳоле, ки лозим аст дар ба рӯи аҳли он гушуда бошад, ва дар ниҳоят ин нақди нофеъ аст, ки мемонад ва роҳи рост аст, ки интихоб мешавад.
Вай таъаддуди ҷамоатҳои исломӣ дар ҷаҳони Исломро нафй намекунад, ва замоне, ки ҳадаф аз таъаддуд танаввуъ ва тахассус бошад, монеъе дар он намебинад. Як ҷамоат ба поксозии ақида аз ширк ва хурофот эҳтимом меварзад, ва гуруҳи дигар дар ростои пироиши ибодот ва полоиши он аз бидъатҳо вориди амал мешаванд ва гуруҳи саввум ҳам ба мушкилоти хонавода иноят доранд, ва гуруҳи чаҳорум ба кори тарбиятӣ мепардозад. Мумкин аст бархе аз ҷамоатҳо бо тудаҳои мардум ҳамкорӣ кунанд ва бархе низ бо таҳсилкардаҳо; аммо ҳамагон бояд нисбат ба якдигар ҳусни ният дошта бошанд. Дар мавориди ихтилоф бо гузашт бархурд кунанд ва дар масоили асосӣ сафи ягонаро ташкил диҳанд.
Вай муътақид аст ҳаракатҳои исломӣ бояд аз марҳалаи сухан ба марҳалаи амал ба Ислом гом ниҳода ва ба асоси муқтазаёти замон ҳаракат кунад ва ҳамвора муоахазаи таърихро низ мадди назар дошта бошад, ки мумкин аст, бигӯянд: ин ҳаракат қурбони нақшаҳое шуд, ки нерӯҳои шайтонӣ ва мутахосими Ислом онро дар хориҷ идора мекарданд. Бинобарин як ҷамоат бояд дар чаҳорчуби нухбагон ва тудаи мардум ба таври ҳамсон харакат кард. Ҳаракати исломӣ замоне муваффақ шуд, ки дар ростои тамоми мусалмонон ҳаракат кунад, на ба нафъи гуруҳи хосе.
Вай бо интиқод аз бархе аз даъватгарони исломӣ дар кӯтоҳӣ дар пардохтан ба аъмоли хайрия ё кумак ба мардум то замони ҳукумати исломии матлуб, ёдовар мешавад, ки тамоми ҳиммати ин афрод дар интизор хулоса мешавад ва онон пайваста дар саффи мунтазирон ҳастанд, бидуни ин, ки то таҳаққуқи ҳукумати мавъудашон амале анҷом дода бошанд. Вай муътақид аст, ки барномарезӣ бояд бар асоси оморгирӣ ва баррасии воқеият бошад ва яке аз офатҳои ҳаракатҳои исломии муосир инаст, ки авотифу эҳсосоташон бар ҷониби ақлӣ ва амалӣ ғолиб мешавад, ҳамчунон, ки шитоб дар кор боис мешавад ҳаракати исломӣ пеш аз замон ва беш аз қудрати худ, вориди фаъолият шавад.
Вай аз бархе аз омилон низ гиламанд аст, ки чаро аз андешаҳои озод ва гароишҳои таҷаддудхонае, ки мухолифи андешаҳои ошно ва пойдор нест, дӯрӣ меҷӯянд? чаро андешмандонро дар тангно қарор диҳанд ва талош мекунанд ононро дар ҳошия ва маҳрум нигаҳ доранд. Вай мегӯяд: хатари пайравӣ аз ҳавову ҳаваси авом, беш аз хатари пайравӣ аз хостаҳои ҳокимон аст, зеро касоне, ки аз хостаҳои ҳокимон пайравӣ мекунанд, корашон бар мардум ошкор ва дар ниҳоят расво мешаванд.
Вай муътақид аст истибдоди сиёсӣ на танҳо сиёсатро ба фасод мекашонад, балки мудирият, иқтисод, ахлоқ ва динро ҳам фасод мекунад ва бедории исломӣ бояд гуруҳҳо ва ҷараёноти мухталиферо дар худ ҷой диҳад ва тамоми онҳо бояд дар дустияшон нисбат ба Ислом ва ифтихор бар рисолати Ислом ва имон ба зарурати муроҷаъа ба он ва даъват дар растои таҳкими шариат исломӣ ва озодсозии майҳани ислом ва якпорчасозии уммат бо ҳам муштарак ҳаракат дошта бошанд, чаро, ки бедории исломӣ, ҷараёни дурустест, ки қодир ба идомаи ҳаёт аст ва бар асоси суннати илоҳӣ, ғулӯ ҳамеша бедавом аст. Вай муҳимтарин заминаҳои ин ҷараён ва нишонаҳои боризи онро ин гуна муаррифӣ мекунад:
- Ҷамъ байни салафият ва таҷаддуд
- Таъодул ва баробарӣ дар миёни савобит ва мутағайирот
- Парҳез аз ҷумуд ва таҷзия ва суст кардани Ислом
- Фаҳми комили Ислом
Вай ба Ҷунбишҳои исломӣ тавсия мекунад, ки дар ростои рушд ва пӯёии бедории исломӣ ҳаракат кунанд ва талош накунанд, онро дар зери чатри худ дароваранд; беҳтар инаст, бедории исломӣ озод бошад ва мансуб ба ҷамоат ё ҳайат ё ҳизбе набошад. Вай муътақид аст, ки набояд ҷавононро масъули корҳое, ки анҷом медиҳанд, бидонем, ё бахше аз ғулӯ ё ифротро танҳо мутаваҷҷеҳи онон кунем ва ин аз адолат ва амонат дур аст. Аҷиб аст, ки мо тундравии ҷавононро маҳкум мекунем, аммо аз беҳудагии худ, интиқод намекунем. Аз ҷавонон мехоҳем ҷониби миёнаравӣ ва ҳикматро риъоят кунанд, аммо аз шуюху бузургон намехоҳем, худро аз нифоқу дуруягӣ, пок кунанд. Ҷавонон аз нифоку дугонагии мо ба сутуҳ омадаанд. Бинобарин ба танҳоӣ ва бидуни ҳеч кумаке роҳи худро ба самти Ислом дар пеш гирифтаанд.
Ба бовари ӯ ниҳодҳои расмии динӣ бо вуҷуди аҳамият ва собиқаи он, то замоне зери султаи мақомоти сиёсӣ бошанд, наметавонанд дар ростои тавҷеҳи бедории ҷавонон ва дармони падидаи ғулӯ ва ифрот, муваффақ амал кунанд ва касе, ки танҳо нозир ё ноқиди бедории исломӣ буда, ва аз ҳақиқати он дур аст, наметавонад дар истеҳком ва устувории он нақши мусбат адо кунад. Пас касе, ки ба насиҳати ҷавонон мепардозад, бояд бо онон ҳамзистӣ дошта бошад ва аз ҳақиқати ҳолашон бохабар бошад. Чунин шахсияте бояд бидонад, ки асбоби ихтилоф дар табиати башар ва моҳияти зиндагӣ ва табиати забон ва ҳамзистии онон, нуҳуфтааст ва касе, ки дар садади аз байн бурдани тамоми мазоҳири ихтилоф аст, мехоҳад моҳияти зиндагӣ ва забону ойинҳои ононро бар зидди фитраташон бишуронад. Ихтилофи амале агар бо тасомуҳ ва гузашт ва вусъати назар ҳамроҳ бошад, ва худро аз қайди таъассуб ва кӯтаҳбинӣ озод кунад, ҳеч мушкиле эҷод намекунад.
Шайх бар ин бовараст, ки умати мусалмони имрӯза дар дин навоварӣ кардааст ва навоварӣ дар дин мояи гумроҳист. Уммат дар масолили дунявӣ рокит (бидуни ҳаракат) мондааст ва ин рукуд ношӣ аз ҷаҳли он аст. Мебоист вазъият маъкус мешуд, дар амри дин табаъият (пайравӣ аз Қуръону Суннат) ва дар амри дунё, ибдоъу навоварӣ сурат мегирфт. Бархе аз уламо дар масъулияти иблоғ кӯтоҳӣ кардаанд. Гуруҳе аз онон дар қофилаи ҳокимон хазидаанд ва гуруҳе низ худро ба абзори судури фатво ба асоси хости мардум, табдил кардаанд. Ҳокимон ғолиби авқот ба миллатҳояшон шабоҳат доранд ва бурундоди ҷомеашон ҳастанд.
Бидуни шак дуктур Юсуф Қарзовӣ аз боризтарин фуқаҳои муъосирест, ки аз қудрати фавқулъода ва диққати назар бархурдор аст ва ин имтиёзи вижа, марҳуни иштиғоли амиқи ӯ ба улуми шаръӣ ва таҷрибаи кории ӯ дар заминаи фаъолиятҳои Ислом будааст. Вай ҳамчунин аз он даста аз андешамндонест, ки ба эътидолу миёнаравӣ шуҳрат дорад ва байни муҳкамоти шаръӣ ва муқтазаёни замонӣ иртибот барқарор мекунанд. Осору таълифоти ӯ диққати назари олимона, дурахшиши адибона ва завқу ҳарорати даъавиро бо ҳам ҷамъ кардааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Юсуф Қарзовӣ китобҳои зиёде навишатааст, ки миёни даҳҳо асарҳои ба забони арабӣ баъеи онҳоро номбар мекунем:
- Ghayr al-Muslimīn fī al-mujtanaʻ al-Islāmi. Cairo: Maktabat Wahbah. 1977. ISBN 977-723-655-7.
- Ayna al-khalal. Cairo: Dār al-Ṣaḥwah. 1985. ISBN 977-14-3047-5.
- Awāmil al-saʻah wa-al-murūnah fī al-sharīʻah al-Islāmīyah. Cairo: Dār al-Ṣaḥwah. 1985. ISBN 977-14-3046-7.
- al-ʻIbādah fī al-Islām. Cairo: Maktabat Wahbah. 1985. ISBN 977-307-043-3.
- al-Nās wa-al-ḥaqq. Cairo: Maktabat Wahbah. 1986. ISBN 978-977-307-093-9.
- Bayʻ al-murābaḥah lil-āmir bi-al-shirāʼ ka-mā tujrīhi al-maṣārif al-Islāmīyah : dirāsah fī ḍawʼ al-nuṣūṣ wa-al-qawāʻid al-sharʻīyah. Cairo: Maktabat Wahbah. 1987. ISBN 977-307-086-7.
- al-Īmān wa-al-ḥayāh. Cairo: Maktabat Wahbah. 1990. ISBN 977-307-210-X.
- Malāmiḥ al-mujtamaʻ al-Muslim alladhī nanshuduh. Cairo: Maktabat Wahbah. 1993. ISBN 977-225-036-5.
- Dawr al-qiyam wa-al-akhlāq fī al-iqtiṣād al-Islāmi. Cairo: Maktabat Wahbah. 1995. ISBN 977-225-060-8.
- Fī fiqh al-awlawīyāt : dirāsah jadīdah fī ḍawʼ al-Qurʼān wa-al-sunnah. Cairo: Maktabat Wahbah. 1995. ISBN 978-977-225-068-4.
- al-Islām wa-al-fann. Cairo: Maktabat Wahba. 1996. ISBN 977-225-084-5.
- al-Aqallīyāt ad-dīnīya wa-l-ḥall al-islāmi. Cairo: Maktabat Wahba. 1996. ISBN 977-225-097-7.
- al-Mubashshirāt bi-intiṣār al-Islām. Cairo: Maktabat Wahbah. 1996. ISBN 977-225-098-5.
- Min fiqh al-dawlah fī al-Islām : makānatuhā-- maʻālimuhā-- ṭabīʻatuhā, mawqifuhā min al-dīmuqrāṭīyah wa-al-taʻaddudīyah wa-al-marʼah wa-ghayr al-Muslimīn. Cairo: Dār al-Shurūq. 1997. ISBN 978-977-09-0375-9.
- al-Ṣaḥwah al-Islāmīyah wa-humūm al-waṭan al-ʻArabi. Cairo: Dār al-Shurūq. 1998. ISBN 977-09-0402-3.
- Thaqāfatunā bayna al-infitāḥ wa-al-inghilāq. Cairo: Dār al-Shurūq. 2000. ISBN 977-09-0658-1.
- al-Īmān bi-al-qadar. Beirut: Muʼassasah al-Risālah Nāshirūn. 2001. ISBN 9953-400-10-5.
- Fī fiqh al-aqallīyāt al-Muslimah : ḥayāt al-Muslimīn wasaṭ al-mujtamaʻāt al-ukhra. Cairo: Dār al-Shurūq. 2001. ISBN 977-09-0735-9.
- Riʻāyat al-bīʼah fī sharīʻat al-Islām. Cairo: Dār al-Shurūq. 2001. ISBN 977-09-0691-3.
- al-Sunnah wa-al-bidʻah. Cairo: Maktabat Wahbah. 2003. ISBN 977-225-134-5.
- Fī wadāʻ al-aʻlām. Beirut: Dār al-Fikr. 2003. ISBN 1-59239-141-9.
- al-Islām alladhī nadʻū ilayh. Cairo: Maktabat Wahbah. 2004. ISBN 977-225-182-5.
- al-Ṣaḥwah al-Islāmīyah : bayna al-āmāl wa-al-maḥādhīr. Cairo: Maktabat Wahbah. 2004. ISBN 977-225-179-5.
- Miʼat suʼāl ʻan al-ḥajj wa-al-ʻumrah wa-al-uḍḥiyah wa-al-ʻīdayn. Cairo: Maktabat Wahbah. 2004. ISBN 977-225-177-9.
- al-Islām wa-'l-ʻunf : naẓarāt taʼṣīlīya. Cairo: Dār al-Shurūq. 2005. ISBN 977-09-1211-5.
- Naḥnu wa-al-Gharb : asʼilah shāʼikah wa-ajwibah ḥāsimah. Cairo: Dār al-Tawzīʻ wa-al-Nashr al-Islāmīyah. 2006. ISBN 977-265-696-5.
- al-Islām kamā nuʼminu bihī ḍawābiṭ wa-malāmih. Cairo: Dār Nahḍat Miṣr li-ṭ-Ṭibāʻa wa'n-Nashr wa-'t-Tauzi. 2006. ISBN 977-14-3357-1.
- Dirāsah fī fiqh maqāṣid al-sharīʻah : bayna al-maqāṣid al-kullīyah wa-al-nuṣūṣ al-juzʼīyah. Cairo: Dār al-Shurūq. 2006. ISBN 977-09-1481-9.
- Kayfa nataʻāmalu maʻa al-Qurʼān al-ʻAẓīm. Cairo: Dār al-Shurūq. 2006. ISBN 977-09-0496-1.
- al-Dīn wa-al-siyāsah : taʼṣīl wa-radd shubuhāt. Cairo: Dār al-Shurūq. 2007. ISBN 977-09-1971-3.
- Fiqh al-Jihād: Dirāsah Muqāranah li-Aḥkāmih wa Falsafatih fī Ḍaw’ al-Qur’ān wa al-Sunnah. Cairo: Maktabat Wahbah. 2009. ISBN 977-225-246-5.
- al-Waraʻ wa-al-zuhd. Cairo: Maktabat Wahbah. 2010. ISBN 977-225-269-4.
- Fiqh al-wasaṭīyah al-Islāmīyah wa-al-tajdīd : maʻālim wa-manārāt. Cairo: Dār al-Shurūq. 2010. ISBN 978-977-09-2902-5.
- Ḥayāt al-marʼah al-Muslimah : fī iṭār al-ḥudūd al-sharʻīyah. Cairo: Maktabat Wahbah. 2011.
- al-Sunnah wa-muwājahat ḥamalāt al-tashkīk. Cairo: Maktabat Wahbah. 2011. ISBN 977-225-313-5.
Ӯ ҳамчун гузидае аз шеърҳояшро дар китоби Нафаҳот ва Лафаҳот нашр намудааст. Қарзовӣ ҳамчунин мавзӯъи китоби The Global Mufti: The Phenomenon of Yusuf al-Qaradawi мунташиршуда чопи Донишгоҳи Колумбия гардидааст[8]. Ӯ ҳамчун яке аз пешравони садоҳои либералии исломи муосир дар китоби Чарлз Курзман Liberal Islam: A Sourcebook, чопи Интишороти Донишгоҳи Оксфорд унвон шудааст[9].
Тарҷумаи англисӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Islam: Modern Fatwas on Issues of Women and the Family (Fatawa Mu’asira fi Shu’un al-Mar’a wa al-Usrah) (Dar al-Shihab, Algeria, 1987)
- Auspices of the Ultimate Victory of Islam Бойгонӣ шудааст 11 апрели 2013 сол., Doha (1996)
- Towards a Sound Awakening
- The lawful and the prohibited in Islam=al-Halal wal-haram fil Islam. Indianapolis, IN, USA: American Trust Publications. 1999. ISBN 0-89259-016-5.
- The desired Muslim generation. Riyadh: International Islamic Publishing House. 1999. ISBN 978-9960-850-24-5.
- Diversion and Arts In Islam (in progress)
- Non muslims in the Islamic society. Indianapolis, Ind., USA: American Trust Publications. 1985. ISBN 0-89259-049-1.
- Priorities of the Islamic movement in the coming phase. Cairo: al-Dār. 1992. ISBN 977-00-4083-5.
- Fiqh az-zakat : a comparative study : the rules, regulations and philosophy of Zakat in the light of the Qurʼan and Sunna. London: Dar Al Taqwa. 1999. ISBN 1-870582-12-8.
- Contemporary fatawa : current issues in Islamic fiqh. Newark, NJ: Islamic Book Service. 1999. ISBN 1-892004-00-3.
- Time in the life of a Muslim. London: Ta-Ha. 2000. ISBN 978-1-84200-007-6.
- Sincerity: The Essential Quality. MAS Publications. 2006.
- Approaching the Sunnah : comprehension & controversy. London Washington D.C: International Institute of Islamic Thought. 2007. ISBN 1-56564-418-2.
- Islamic awakening between rejection and extremism. Kuala Lumpur Herndon, Va: Islamic Book Trust The International Institute of Islamic Thought. 2010. ISBN 978-967-5062-53-7.
- Islam : an introduction. Kuala Lumpur, Malaysia: Islamic Book Trust. 2010. ISBN 967-5062-35-5.
- Economic security in Islam. Kuala Lumpur: Dar Al Wahi Publication. 2010. ISBN 978-983-43614-9-5.
Тарҷумаи русӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Время в жизни мусульманина (2012)[10][11].
- Дозволенное и запретное в Исламе (1960).
- Исламское возрождение в свете дозволенного расхождения и осуждаемого раскола (2011)[12].
- Положение женщины в исламе[13].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
- ↑ 2.0 2.1 وفاة العلامة الدكتور يوسف القرضاوي — aljazeera.com, 2022.
- ↑ 3.0 3.1 https://news.gnet.tn/deces-du-theologien-%C3%A9gyptien-youssef-karadhaoui/
- ↑ 4.0 4.1 4.2 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ Шейх Аль-Кардави: «Россия — враг номер один для мусульман и арабов» http://modus-agendi.org/articles/891 Бойгонӣ шудааст 29 ноябри 2014 сол. Modus Agendi
- ↑ 6.0 6.1 6.2 6.3 Зиндагиномаи дуктур Юсуф Қарзовӣ. www.sunni-news.com. 9 июни 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Валиҷони Камол. Муфтии НАТО. Нашрияи расмии Тоҷикистон (21 декабри 2013).
- ↑ The Global Mufti: The Phenomenon of Yusuf al-Qaradawi (Columbia/Hurst). Amazon.com (9 September 2009). 11 апрели 2010 санҷида шуд.
- ↑ Liberal Islam, 1998 Edition, Chapter 22 Yusuf Al-Qaradawi. Amazon. 11 апрели 2010 санҷида шуд.
- ↑ Аль-Кардави Ю. Время в жизни мусульманина. Перевод с англ. Т. Гончаровой. — Киев: «Ансар Фаундейшн», 2012. — 72с.
- ↑ Time in the life of the Muslim (1999). http://www.newvision.tc/?zSystem=eShop&Lang=&sc=E083 Бойгонӣ шудааст 22 феврали 2012 сол.
- ↑ Аль-Кардави Ю. Исламское возрождение в свете дозволенного расхождения и осуждаемого раскола. Перевод с англ. Р. Кулиева. — Киев: «Ансар Фаундейшн», 2011. — 160с.
- ↑ The Status of Women in Islam. http://luciola-eberta-jovita.blogspot.fr/2012/06/status-of-woman-in-islam-by-dr-yousuf.html
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арабистон Шайх Юсуф Қарзовиро дар листи “теруристҳо” дохил ва таҳримаш кард. Кимиёи саодат (9 июни 2017). 9 июни 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 феврали 2018.
- Валиҷони Камол. Муфтии НАТО. Нашрияи расмии Тоҷикистон (21 декабри 2013).
- Муҳиддин Кабирӣ дар дидор бо Юсуф Қарзовӣ чӣ гуфт?. Радиои Озодӣ. 9 июни 2017 санҷида шуд.
- Юсуф Қарзовӣ Шӯрои уламои “Ал-Азҳар”-ро тарк кардааст » Озодагон(рус.). www.ozodagon.com. 9 июни 2017 санҷида шуд.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 9 сентябр
- Зодагони соли 1926
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони 26 сентябр
- Даргузаштагони соли 2022
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Илоҳиётшиносони мусулмон
- Илоҳиётшиносон аз рӯи алифбо
- Шахсиятҳои исломӣ аз рӯи алифбо