Сарез
тоҷ. Кӯли Сарез | |
Морфометрия | |
Баландии мутлақ | 3 255 м |
Андозаҳо | 65—75 × 3,3 км |
Масоҳат | 80 км² |
Ҳаҷм | 17 км³ |
Чуқурии миёна | 185 м |
Ҳавз | |
Масоҳати ҳавза | 15 755 км² |
Дарёи обрез | Бартанг |
Дарёи обгир | Бартанг |
Макон | |
38°15′00″ с. ш. 72°37′00″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | |
Минтақа | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Ноҳия | ноҳияи Мурғоб |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Сарез (форсӣ: سریز) — кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст.
Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст.
Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.
Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст. Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд. Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф шуд. Ҷамъулҷамъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони хешро аз даст дод.
Шиддати дақиқи ин заминларза то ба ҳол мушаххас нашудааст, вале олимон мегӯянд расадхонаи Пулково воқеъ дар наздикии шаҳри Санкт-Петербург ин зилзиларо эҳсос кардааст.
Дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди Мурғоб хатари зери об мондан ба рустои Сарез ва боз се деҳи дигар таҳдид кард. Сокинони Сарез деҳаву хонаҳо ва дарахту боғзорҳояшонро раҳо карда, тавассути минтақаи Мурғоб ба қаламрави ноҳияи Шуғнон ба деҳаи Сарҳади Бадчор кӯчиданд. Дар ҷои уфтодаи кӯҳпораи Усой кӯли бузурге пайдо шуд ва деҳи Сарезро ба коми худ фурӯ бурд.
Аз ин фоҷеъа мардуми деҳоти поёноби рӯди Мурғоб танҳо баъди 45 рӯз хабар ёфтанд. Волии Рӯшон дар бораи ин фоҷеъа ба қалъаи низомии Русия, ки дар деҳаи Хоруғ воқеъ буд, иттилоъ дод. Русҳо, ки он замон Помир таҳти тасарруфашон қарор дошт, танҳо аз моҳи октябри соли 1913 ба таҳқиқи кӯли нав пардохтанд.
Полковник Григорий Шпилко, сардори гурӯҳи низомии русҳо дар Помир, ки дар айни замон ба ҷуғрофияшиносӣ низ машғул буд, дар таърих нахустин муҳаққиқи ин кӯл маҳсуб мешавад. Бо унвони Сарез низ бори нахуст ин кӯлро Шпилко ном бурдааст.
Ба гуфтаи аксари олимони ҷуғрофияшинос ва иқлимшиноси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики муштаракулманофеъ кӯли Сарез ба вазъи ҷуғрофӣ ва иқлими на танҳо кӯҳистони Помир, балки тамоми Осиёи марказӣ таъсири бунёдӣ гузошт. Ҳамакнун Сарез бо назардошти хатари эҳтимолии он дар гуфтаҳо ва навиштаҳо аксаран бо унвони «аждаҳои хуфта» ёд мешавад.
Зеро донишмандон мегӯянд дар сурати рахнаи садди кӯли Сарез, ки дар минтақаи зилзилахез воқеъ аст, дар тӯли 12 соат як қисми хоки Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон зери об хоҳад монд ва эҳтимоли кушта шудани ҳудуди 5 милён одам аз ҷумлаи сокинони ин кишварҳо вуҷуд дорад.
Хатари эҳтимолии рахнаи садди Сарезро олимони табиатшинос ба се омил марбут медонанд: вуқӯъи заминларза, афзоиши сатҳи об ва рехтани кӯҳпораҳои атроф.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эълон
[вироиш | вироиши манбаъ]- Китобҳо
- Лукницкий П. Н. Путешествия по Памиру. — М.: Молодая гвардия, 1955. — 502 с. — 90 000 экз. (рус.)
- Станюкович К. В. По следам удивительной загадки: (Из дневника экспедиции) / Предисл. С. В. Обручева; Худож. А. Пушкарёв. — М.: Молодая гвардия, 1965. — 112, [8] с. — 65 000 экз. (рус.)
- Лжеосман-нагорец водоёмов Памира (морфология, биология, распространение, рыбохозяйственное значение) / Е. В. Грищенко. — Д.: АН ТаджССР, 1986. — 137 с. (рус.)
- Паршин М. А. Сарезское озеро. — Д.: Ирфон, 1977. — 40 с. — 2 000 экз. (рус.)
- Агаханянц О. Е. Сарез: Озеро на Памире / Худож. Е. Е. Городная. — Л.: Гидрометеоиздат, 1989. — 112, [16] с. — (Реки и озёра нашей Родины). — 40 000 экз. — ISBN 5-286-00099-1. (рус.)
- Любушкина С., Пашканг К., Чернов А. Общее землеведение. — М.: Просвещение, 2004. — 288 с. (рус.)
- Bolt B. A., Horn W. L., Macdonald G. A., Scott R. F. Geological hazards: earthquakes, tsunamis, volcanoes, avalanches, landslides, floods. — N. Y.: Springer-Verlag, 1975. — ISBN 0-387-06948-8. (англ.)
- Мақолаҳо
- Голицынъ Б. Б. О землетрясеніи 18-го февраля 1911 года(рус.) // Доложено въ засѣданiи Физико-Математическаго Отдѣленiя. — 1915. — 13 мая. Архивировано из первоисточника 27 ноябри 2013.
- Маллицкий Н. Г. Разлив Аму-Дарьи в августе 1921 года(рус.) // Известия Туркестанского отдела Русского географического общества. — Таш.: Туркестанское государственное издательство, 1922. — Т. XV. — С. 55—62. Архивировано из первоисточника 27 ноябри 2021.
- Корженевский Н. Л. Kраткий отчет о поездке на Памир летом 1923 г.(рус.) // Известия Туркестанского Отдела Русского Географического Общества. — Таш., 1924.
- Ланге О. К. Экспедиция по обследованию Усойского завала и Сарезского озера(рус.) // Народное хозяйство Средней Азии. — Таш., 1926. — № 10. — С. 76—79.
- Акулов В. В. Некоторые наблюдения за состоянием Сарезского озера в 1946 г(рус.) // Известия Всесоюзного географического общества. — М., 1948. — Т. 80, вып. 3. — С. 246—258. Архивировано из первоисточника 22 июни 2016.
- Гусев Ю. Д., Иконников С. С. Ботаническое обследование района Сарезского озера (Восточный Бадахшан)(рус.) // Ботанический журнал. — М.—Л.: Издательство Академии Наук СССР, 1959. — Март (т. XLIV, вып. 3). — С. 400—402.
- Гусев Ю. Д. Флора Сарезского района Бадахшана и её связь с флорой Памира(рус.) // Ботанический журнал. — М.—Л.: Издательство Академии Наук СССР, 1966. — Январь (т. LI, вып. 1). — С. 64—73.
- Пославский В. В. Об одной катастрофе на Памире. (История Сарезского озера)(рус.) // Гидротехника и мелиорация. — М., 1968. — № 3. Архивировано из первоисточника 22 июни 2016.
- Ашурова М. Паразиты рыб Сарезского озера (Памир)(рус.) // Паразитология / Институт зоологии и паразитологии им. академика Е. Н. Павловского АН ТаджССР. — Д., 1973. — № 2. — С. 164—167.
- Полад-заде А. Возвращение к Сарезу(рус.) // Вокруг света. — 1977. — Июль (№ 7 (2622)). — С. 45—47.
- Водный баланс Сарезского озера(рус.) // Труды Среднеазиатского регионального научно-исследовательского института имени В. А. Бугаева / под ред. Г. Е. Глазырина, ГГосударственный комитет СССР по гидрометеорологии и контролю природной среды. — М.: Гидрометеоиздат, 1986. — Вып. 113 (194). — С. 1—88. — ISSN 0130-4887.
- Пиров А. У. На зимнем Сарезе. Записки гидролога(рус.) // Памир. — 1988. — № 3. Архивировано из первоисточника 22 июни 2016.
Пайвандҳои беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кӯлҳо аз рӯи алифбо
- Объектҳои обӣ ба тартиби алифбо
- ТАФ:ОО:Вироиши охирин: дар порсол
- Қуттии кӯл: ислоҳ: мухолифат бо Викидода: Баландӣ аз сатҳи баҳр
- Қуттии кӯл: ислоҳ: мухолифат бо Викидода: Масоҳат
- Қуттии кӯл: ислоҳ: мухолифат бо Викидода: Масоҳати обанбор
- Қуттии кӯл: ислоҳ: мухолифат бо Викидода: Дарозӣ
- Қуттии кӯл: ислоҳ: мухолифат бо Викидода: Бар
- Қуттии кӯл: ислоҳ: мухолифат бо Викидода: Ҳаҷм
- Кӯлҳои Бадахшон
- Мавзеъҳои табии Тоҷикистон
- Мавзеъҳои сайёҳии ВМКБ
- Ҷуғрофияи Тоҷикистон
- Pages using the Kartographer extension