Ғаффор Мирзо
Таърихи таваллуд: | 5 январ 1929 |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Ховалинг, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 26 август 2006 (77 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Жанр: | шеър, ҳикоя, қисса |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Аввалин қадам: | солҳои 40-уми асри XX |
Ғаффор Мирзо (1929—2006) — шоир, тарҷумон, Шоири халқии Тоҷикистон (1994). Ходими шоистаи маданияти ҶШС Тоҷикистон. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1952).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғаффор Мирзо 5 январи соли 1929 дар деҳаи Даҳани Шоли ноҳияи Ховалинг зода шудааст. Соли 1949 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм ва чанде муаллимӣ кардааст. Муддате корманди моҳномаи «Шарқи Сурх» будааст. Соли 1956 Курси олии адабиётро дар Маскав ба поён расонда, солҳои тӯлонӣ котиби масъули Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизони сулҳ будааст. Ғаффор Мирзо 26 августи соли 2006 вафот кардааст.[1]
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Асарҳояш аз солҳои 40-уми асри мозӣ чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Аз самими дил» (1952), «Ҳазор раҳмат» (1954), «Дил дар кафи даст» (1962), «Аз гаҳвора то майдон» (1981), достонҳои «Асрор» (1957), «Тоҷи давлат» (1958), «366 паҳлӯ» (дар чаҳор қисм; 1963, 1964, 1970, 1972), «Нору Нур» (1972), дуҷилдаи осор (1979—1980), романи манзуми «Фарзанди ҳукумат» (1983) ва ғ. мебошад. Барои бачагон асарҳои марғубе навиштааст, ки «Санговдавак» (1953), «Баррача рӯяд аз замин» (1953), «Чилдухтарон» (1956), «Гунҷишкак» (1961, 1964), «Достак» (1961, 1965), «Шайтони бекафшу маҳсӣ» (1963, 1964), «Як қатра Офтоб» (1965), «Кадом ҳунар беҳтар аст?» (1971), «Гулҳои дастабаста» (1974) ва ғ. аз он шумуланд. Дар матбуот чанд ҳикояи хубаш чоп шудааст. Очеркҳояш дар байни хонандагон маълуму машҳуранд, ки дар маҷмӯаҳои «Сафари диёри дӯстон» (1960), «Ҷовидонӣ» (1965) ва «Меҳнат мукофот аст» (1977) гирд омадаанд. Анқариб даҳ маҷмӯаи ашъораш дар нашрияҳои бонуфузи Маскав ба русӣ ба табъ расидаанд. Шеърҳои алоҳидааш ба бисёр забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд. Осори алоҳидаи В. Маяковский, Н. Некрасов, Ш. Петефи, Н. Ҳикмат, А. Сурков, П. Воронко, А. Твардовский ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Чанд мақолае, ки дар бораи масоили рушду камоли адабиёт ва забони тоҷикӣ навиштааст, бесуд набудаанд.[1]
Некдошт
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои ҷовидон гардонидани номи Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо номи яке аз кучаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо номи ӯ иваз карда шудааст.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Ғаффор Мирзо(тоҷ.). www.navisandagan.tj. 4 Январ 2020 санҷида шуд.
- ↑ Ҷовидон гардонидани номи Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо. 20 феврали 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 феврали 2017.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 5 январ
- Зодагони соли 1929
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ховалинг
- Даргузаштагони 26 август
- Даргузаштагони соли 2006
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Адибон аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Адибони Тоҷикистон
- Шоирони тоҷик
- Ходимони шоистаи маданияти ҶШС Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Шоирони халқии Тоҷикистон