Jump to content

Қаҳҳор Расулиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаҳҳор Расулиён
Қаҳҳор Расул Расулиён
Қаҳҳор Расулиён
Қаҳҳор Расулиён
Таърихи таваллуд 7 март 1953(1953-03-07) (71 сол)
Зодгоҳ деҳаи Офтобзамин, ноҳияи Дашти Ҷум, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  СССР
 Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих, таърихнигорӣ, таърихшиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДТ ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо медали Хидмати шоиста (2015), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2022), нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2011), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2012), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2014)

Қаҳҳор Расулиён (Расулиён Қаҳҳор Расул; 7 марти 1953, ноҳияи Дашти Ҷум, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — муҳаққиқ ва таърихнигори тоҷик. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Бунёди байналмилалии эроншиносӣ. Корманди шоистаи Тоҷикистон (2022).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қаҳҳор Расулиён 7 марти соли 1953 дар деҳаи Офтобзамини ноҳияи ноҳияи Дашти Ҷум ба дунё омадааст. Солҳои 1959—1962 дар мактаби миёнаи ба номи Карл Маркси деҳаи Порвор, солҳои 1962—1967 дар мактаби миёнаи ба номи «Коминтерн»-и деҳаи Тагноби ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), солҳои 1967—1971 дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб (ҳоло Коллеҷи омӯзгории Кӯлоб), солҳои 1972—1977 дар факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил намудааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қаҳҳор Расулиён баъди хатми ДДТ ба номи В. И. Ленин солҳои 1977—1978 ба ҳайси ассистенти кафедраи таърихи ҲК ИҶШС-и Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ), солҳои 1978—1982 муаллими кафедраи таърихи ҲК ИҶШС-и филиали Институти давлатии педагогии Душанбе (ҳоло Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ) дар шаҳри Бохтар (ҳоло Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав), солҳои 1982—1986 муҳаррири сарредаксияи барномаҳои адабӣ-драмавии телевизиони Тоҷикистон, солҳои 1986—1992 муаллими кафедраи таърихи ҲК ИҶШС-и Институти политехникии Тоҷикистон, солҳои 1992—1993 муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ифои вазифа намудааст. Дар фосилаи ин муддат солҳои 1980—1981 дар шаҳри Ғазнии Афғонистон ба ҳайси тарҷумони низомӣ хидмат намуда, солҳои 1988—1989 дар Институти такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлатии шаҳри Тошканди ӯзбекистон такмили ихтисос намудааст.

Аз соли 1993 то ҳол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати ассистенти кафедраи таърихи нав, навтарин ва методикаи таълими факулети таърих, муовини декан оид ба таълими ғоибона ва шабона (1996), докторанти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1996—2000), дотсенти кафедраи таърихи муосири кишварҳои хориҷӣ (2000—2009), мудири кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ (2009—2011), декани факултети журналистика (2011—2013), мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик (2013—2017) фаъолият намуда, аз соли 2017 то ҳол профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Солҳои 2009—2011 узви Шӯрои илмии факултети таърих, солҳои 2011—2013 узви Шӯрои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Шӯрои илмии факултети журналистика буда, аз соли 2013 то ҳол узви Шӯрои илмии факултети таърих, аз соли 2014 узви Шӯрои диссертатсионии тахассуси 07.00.02, аз соли 2014 узви Шӯрои диссертатсионии тахассуси 07.00.05 дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон мебошад.

То ҳол таҳти роҳбарии вай 8 нафар (1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Ироқ, 2 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 5 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон) рисолаи илмӣ дифоъ намудаанд.Ӯ узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ (1999), узви Бунёди байналмилалии эроншиносӣ (2007) мебошад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1992 дар Шӯрои диссертатсионии Институти таърих, бостоншиносӣ, ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Равобити фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои Закавказия» (Моварои Қавқоз) рисолаи номзадӣ ва соли 2010 дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таърихи фарҳанги халқи тоҷик дар чаҳоряки аввали асри ХХ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмии Қаҳҳор Расулиён таҳқиқу баррасии тамаддуну фарҳанги халқи тоҷик ва дигар халқҳои ориёинажод, равобити фарҳангии тоҷикон бо дигар халқҳои ҷаҳон, минҷумла эрониён, таъсири тамаддуну фарҳанги ақвоми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон ба соири халқҳои ҷаҳон мебошад.

Муаллифи беш аз 30 китоб ва беш аз 500 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, таҳиякунандаи беш аз 10 китоб ва ҳудуди 100 мақолаи илмию оммавӣ мебошад. Яке аз самтҳои дигари фаъолияти илмию омӯзишии профессор Қаҳҳор Расулиён таълифи китобҳои дарсӣ барои макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишгоҳҳо буда, ӯ муаллифи китобҳои дарсии «Дарси хештаншиносӣ» (барои синфи 5, ҳаммуаллиф), «Таърихи умумӣ» (барои синфи 10, ҳаммуаллиф), «Таърихи умумӣ» (барои синфи 11, ҳаммуаллиф), «Таърихи муосири кишварҳои Осиё ва Африқо» (2009), «Таърихи халқи тоҷик»(барои донишҷӯёни факултетҳои таърихи донишгоҳҳо, 2014,2016) мебошад.

Аз миёни китобҳои чопшудаи ӯ метавон аз «Покистон» (1997), «Таърихи мухтасари Инқилоби исломии Эрон» (1998), «Эрон» (2002), "Аз «Бухорои шариф» то «Иди тоҷик» (2003), «Нигоҳе ба равобити фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон» (2004) «Ду ҳазор соли таърихнигории тоҷикон» (2005), «Кишварҳои ҷаҳон» (2006, 2009, 2013,2016), "Тоҷикистон (2006, 2008, 2015), «Низоми маориф дар Ҷумҳурии Исломии Эрон» (2007), «Эрон — сарзамини фарҳанг ва ҳунар» (2007), «Осори таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон»(2008), «Дашти Ҷам» (2009), «Маориф ва матбуоти тоҷик дар ибтидои асри ХХ» (2011), «Тоҷик кист» (2015), «Таърихи халқи тоҷик» (2014 , 2016), "25 зинаи камолот " (2016, ҳаммуаллиф) «Аз остон то камолот» (2018, ҳаммуаллиф) «Пантуркизм: дирӯз ва имрӯз» (2019), "Зиндагӣ чист? " (2019, 2020), «Таърихнигории таърихи халқи тоҷик» (ҳаммуаллиф) ва ғайра ном бурд. Теъдоде аз осори Қаҳҳор Расулиён бо номи «Осори мунтахаб». Ҷ.1. Душанбе ,2014, «Осори мунтахаб» Ҷ. 2. Душанбе, 2017, «Осори мунтахаб» Ҷ.3. Душанбе, 2021,«Осори мунтахаб» Ҷ.4. Душанбе, 2022 гирдоврӣ ва ба дасти чоп расидаанд[1]

Китобҳои таҳиянамудаи Қаҳҳор Расулиён «Ориёиҳо кистанд ва ватани онҳо куҷост?» (2004), «Чӣ гуна исломро нобуд кунем?» (хотироти ҷосуси англис, 2004), «Дилнома»-и Муҳаммад Иқбол (2007), «Ҷаҳоншиносӣ» (2007), «Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Шеърҳо» (2007), «Саъдии Шерозӣ. Саду як ғазал» (2008), «Ба ёди устод Абулҳусейни Зарринкӯб» (2010), «Чашмандозҳои Эрони фарҳангӣ» (Теҳрон, 2013, ҳаммуаллиф) дар шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон ба табъ расидаанд.

Қаҳҳор Расулиён дар ҳамоишҳои байналмилалии илмии Теҳрони ҶИЭ (1999, 2004), Вилнюси Литва (2002), Сории ҶИЭ (2006), Алмаатои Қазоқистон (2009. 2010) ва ғайра мушорикат ва суханрониҳо дошта, мақолаҳояш дар матбуоти чанд кишвари хориҷӣ табъу нашр шудаанд.

Қаҳҳор Расулиён барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2012) буда, Бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон (2022), медали Хидмати шоиста (2015), нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2011), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2012), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2014) қадрдонӣ шудааст.

  1. Қаҳҳори Расулиён. Маърифати Омӯзгор. 18 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 августи 2021.