Қозимамад Абдуламонов
Зоҳир
Таърихи таваллуд | 13 ноябр 1948 (76 сол) | |
---|---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Бароч, Роштқалъа ҶШС Тоҷикистон | |
Фазои илмӣ | агрономия | |
Ҷойҳои кор | Институти биологии Помири АИ ҶТ | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои кишоварзӣ | |
Унвонҳои илмӣ | профессор | |
Алма-матер | Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1971) | |
Ҷоизаҳо |
|
Қозимамад Абдуламо́нов (тав. 13 ноябри 1948, деҳаи Бароч, Роштқалъа) — агроном, доктори илмҳои кишоварзӣ (2003), профессор (2005).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қозимамад Абдуламонов 13 ноябри 1948 дар деҳаи Барочи[1] Роштқалъа ба дунё омадааст. Соли 1971 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти кориаш дар Институти биологии Помири АИ ҶТ оғоз ёфта, ба ҳайси лаборанти калон, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири лабораторияи генетикаю селексияи рустаниҳо кор кардааст. Аз соли 2008 муовини директор оид ба илми ҳамин пажӯҳишгоҳ мебошад.
фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Доир ба селексия ва генетикаи зироати ғалладона ва лӯбиёгии навъи маҳаллӣ тадқиқот мебарад. Навъҳои серҳосили гандуму ҷави ба шароити кӯҳистон ва касалиҳо тобоварро ба вуҷуд овардааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷоизаи ба номи академик Е. Павловский[2]
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Некоторые результаты селекции сельскохозяйственных растений на Западном Памире, дар кит.: Биологические ресурсы Памира, Д., 2002;
- Селекция ячменя и тритикале на Западном Памире, Д., 2005.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Шудгоркунаки аҷоиби Тифоқшоевҳо(тоҷ.). Садои мардум — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. sadoimardum.tj. 14 июни 2017 санҷида шуд.
- ↑ Олимон ҷоиза гирифтанд. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". jumhuriyat.tj. 14 июни 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.