Қутбӣ Киром
Таърихи таваллуд: | 18 декабр 1932 |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Айнӣ, деҳаи Урметан, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 26 октябр 1995 (62 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, тарҷумон |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Қутбӣ Киром (18 декабри 1932, ноҳияи Айнӣ — 26 октябри 1993, Душанбе) — шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1963)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қутбӣ Киром 18 декабри соли 1932 дар деҳаи Урметани ноҳияи Заҳматобод ба ҷаҳон омадааст. Соли 1953 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, муддате дар мактабҳои ноҳия омӯзгор ва дар рӯзномаи ноҳиявии «Роҳи коммунизм» ходими адабӣ будааст. Баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи моҳномаи «Шарқи Сурх», муҳаррири барномаҳои адабии Кумитаи давлатии садо ва симои Тоҷикистон буда, Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав)-ро ба поён расондааст. Муҳаррири калон ва мудири шуъбаи муассисаҳои нашаротии «Ирфон»-у «Адиб» будааст. Аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 26 октябри соли 1993 аз олам даргузашт.
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Шеъри аввалинаш соли 1957 дар журнали «Шарқи Сурх» чоп шуда, маҷмӯаи нахустини ашъораш «Парвози меҳр» соли 1963 интишор ёфтааст. Ашъори дигари дар солҳои гуногун офаридаи ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Бӯйи нон» (1966), «Илҳом» (1968), «Рези кӯҳсор» (1970), «Остони баланд» (1972), «Хоки пайвандӣ» (1974), «Камон» (1974), «Чашми дил» (1976), «Пули Сангин» (1980), «Ҷонфизо» (1980), «Сари баланд» (1982), «Ҷоми нур» (1983), «Дили бародар» (1986), «Субҳи содиқ» (1989), «Нишот» (1992), «Ёр меояд!», «Аз гулу хоку шуълаи оташ», «Оташи меҳр» ва «Минбари виҷдон» (2012) фароҳам омадаанд. Ҳамчунин, муаллифи достонҳои «Камон», «Антон», «Достони Лола», «Достони хоб», «Қуллаҳои ноаён», «Аввалин дидор», «Нафаси ошиқӣ», «Ҳарфи аввал», «Посбони мақбара», «Дафтари Порис» мебошад. Дар ашъораш хисоили ҳамидаи сарбаландию ҷавонмардӣ, инсондӯстию ватанпарварӣ ва бардошти таҷрибаи рӯзгорро самимӣ ба тасвир овардааст. Дилбохтагони шоир ӯро ҳамчун марде маҳфилоро ва шоире хушқариҳа мешиносанду дар ёдҳояшон зинда медоранд. Муаллифи қиссаи «Қатли Туғрал» (1984), драмаҳои «Тори муҳаббат» ва «Тири маломат», филмномаҳои «Бӯйи нон», «Чор тан дар пайроҳа», «Антон» ва ғ. мебошад. Ашъори ба русӣ баргардоншудааш дар маҷмӯаҳои «Напевы вершин» (1976), «Горный кряж» (1979), «Мост времени» (1983) ва «Закон любви» (1985) ба чоп расидаанд. Иддае аз навиштаҳои ӯ ба дигар забонҳо ҳам тарҷума ва чоп шудаанд. Худи ӯ китоби ашъори В. Шекспир, А.Блок, А.Мискевич, М.Лермонтов, Н.Некрасов, Л.Украинка, Ф. А. Файз, М.Карим, С.Вурғун, Зулфия, В.Костров ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шоири халқии Тоҷикистон;
- Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
- Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Қутбӣ Киром 26 октябри соли 1995 аз олам даргузашт.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 105—106 ISBN 978-99947-2-379-9
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 18 декабр
- Зодагони соли 1932
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Айнӣ
- Даргузаштагони 26 октябр
- Даргузаштагони соли 1995
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони Тоҷикистон
- Шоирони асри XX
- Тарҷумонҳо аз рӯи алифбо
- Тарҷумонҳои Тоҷикистон
- Тарҷумонҳои асри XX
- Адибон аз рӯи алифбо
- Адибони тоҷик аз рӯи алифбо
- Адибони Тоҷикистон
- Шоирони тоҷик
- Тарҷумонҳои адабиёти бадеӣ
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- Шоирони халқии Тоҷикистон