Ҳабибулло Саидмуродов
Ҳабибулло Муродович Саидмуродов | |
Таърихи таваллуд | 30 июл 1933 |
Зодгоҳ | Истаравшан , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 1999 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисодиёт |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Ҷоизаҳо | , медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1991), Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон |
Ҳабибулло Муродович Саидмуродов - олим, доктори илмҳои иқтисодӣ (1972), профессор (1976). Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1987). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1991).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст (1955), ихтисос - «иқтисодиёт», «таърихи хоҷагии халқ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: иқтисодиёт, таърихи хоҷагии халқ. Мудири бахш, мудири шуъбаи таърихи хоҷагии халқ ва иқтисоди сиёсии Институти иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон (1963-1973). Раиси Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурии АИ ҶШС Тоҷикистон (1973-1980; 1982-1987), и.в. саркотиби илмӣ (1976-1977), саркотиби илмии Раёсати АИ ҶШС Тоҷикистон (1977-1989), ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1989-1991). Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1990). Муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶТ (1991-1992). Раиси Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурии АИ ҶТ (1992-1995), академик-котиби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ (1995-1999) буд.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти илмии Ҳабибулло Муродович Саидмуродов ба пажӯҳиши проблемаҳои таърихи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ алоқаманд буд. Солҳое, ки ӯ ба корҳои илмию эҷодӣ пардохт, барои рушду таҳкими иқтисоди кишвар давраи дорои аҳамияти бузург маҳсуб мешуд. Дар ин давра барои ҷомеа бояд олиме ба таври возеҳ ва бурро принсипҳои иқтисодии сохти навинро эълом намуда, ба роҳи тайкарда дар соҳаи иқтисод баҳои амалӣ медод. Ин корро ӯ ба фарҷом расонд. Дар баробари ин, ҳаёти ҷумҳурӣ суръати нисбатан баланди инкишофро дар соҳаи электроэнергетика, металлургияи ранга, саноати химиявӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва умуман иқтисодиёт талаб мекард. Иқтидори табиӣ, истеҳсолӣ ва кории то ба ин вақт барқароргаштаи мамлакат истифодаи пурра ва ҳаматарафаи худро талаб менамуд. Вобаста ба ин зарурияти объективии тадқиқи имкониятҳои самаранок ва муштараки истифодаи омилҳои асосии рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ба миён омад. Дар натиҷа, соли 1974 аз тарафи кормандони илмии Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии илмии ӯ монографияи сеҷилда: «Омилҳои рушди иқтисодӣ ва пешгӯи самтҳои асосии инкишоф ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар давраи то соли 1990-ум» чоп шуд. Ин тадқиқот чун замина барои пурратар аз назари илмӣ асоснок намудани инкишоф ва ҷойгиркунии ҳудудии қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ истифода гардид.
Соли 1976 Ҳ.Саидмуродов узви вобаста ва соли 1987 узви пайвастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ интихоб шуда буд. Ба қалами ӯ беш аз 400 корҳои илмӣ, аз ҷумла 30 монография, рисола ва китоби дарсӣ мансуб аст. Соли 1977 бо роҳбарии илмии ин муҳаққиқ монографияи ҳафтҷилдаи «Комплекси территориявию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ» таҳия ва чоп карда шуд. Ин тадқиқот заминаи таҳияи «Нақшаи ташкили комплекси территориявию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ то давраи солҳои 2000 - ум» гардид, ки он аз тарафи Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ ва Маркази ҳамоҳангсозии илмӣ маъқул дониста, барои истифода пешниҳод гардид. Соли 1988 академик Ҳ. Саидмуродов ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Афғонистон ба мақсади расондани ёрии илмию амалӣ дар таҳияи консепсияи илмии инкишоф ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакат сафарбар карда мешавад. Ҳамин сол вай ҳамкории илмиро бо донишгоҳҳои Ҳиндустон оид ба мушкилоти «Захираҳои табиӣ ва банақшагирии минтақавӣ» идома медиҳад.[1]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо ордени «Нишони Фахрӣ»,
- медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1991),
- Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.[2]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]- Академияи илмҳои Тоҷикистон
- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ. 30 июли 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 июли 2018.
- ↑ Аъзои пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ, аз соли 1951. 6 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 сентябри 2017.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Зодагони 30 июл
- Зодагони соли 1933
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Истаравшан
- Даргузаштагони соли 1999
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Академикҳои АИ Тоҷикистон
- Арбобони шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон