Ҳазрати Бузургвор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҳазрати Бузургвор
Мавлоно Муҳаммад Абдурраҳимхоҷа ибни Муллодавлат
Макбара.jpeg
Мақбараи Шайх Абдурраҳими Давлат дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод

Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл:

ориф, мударрис

Санаи таваллуд:

1881(1881)

Зодгоҳ:

Лижак, Обигарм

Санаи марг:

1947(1947)

Маҳалли марг:

деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод

Wikidata-logo S.svg Вироиши Викимаълумот

Ҳазрати Бузургвор (Мавлоно Муҳаммад Абдурраҳимхоҷа ибни Муллодавлат; 1881, Лижак, Обигарм — 1947, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод) — намояндаи барҷастаи тасаввуф, ислому ирфон дар охири асри 19 ва аввали асри 20.

Зиндагинома[вироиш]

Шайх Абдурраҳим маъруф бо лақаби Ҳазрати Бузургвор соли 1881 дар қишлоқи Лижаки собиқ ноҳияи Обигарм таваллуд ёфта, аз 7-солагӣ дар деҳкадаи Хоҷа Яъқуби ноҳияи Файзобод зиндагӣ кардааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар қишлоқи Луғури Оби Гарм назди устоди нахустини хеш домулло Сайидмуҳиддин алайҳирраҳма, мавсуф бо лақаби Домулло Хӯҷа оғоз намуда, сипас дар қишлоқи Ҷойникудии ноҳияи Файзобод дар назди домулло Наҷмиддин идома дода, баъд аз он дар ноҳияи Шулмаки ғарм назди домулло Одинаҳоҷии қаландакӣ ба итмом расонидааст. Замоне, ки ҳазрат барои таҳсили илм ба Бухоро мераванд, ба сабаби дониш ва маҳорате, ки аз ӯ эҳсос карда буданд, аз ҷониби подшоҳ ба ӯ дар мадрасаи Мири Араб ҳуҷраи алоҳида ҷудо мекунанд. ӯ ин ҳуҷраро ба муллобачаҳои дигар дода, як соли тамом дар сари турбати хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, ки дар масофаи 9-километр аз Бухоро воқеъ гардидааст, ба тайи мароҳили сулуки нақшбандия мегузаронад. Чунон ки ҳикоят мекунанд, дарсу таълимро назди Аълами Бухоро, ки зодаи ноҳияи Ҳисор, ба қавле аз қишлоқи ғешии Ёвон ва ба қавле аз Файзобод будааст, мегирад. Касби тариқатро пеши Мавлоно Худойбердии Шойхасӣ, ки аз машҳуртарин шайхони нақшбандияи замон буданд, анҷом медиҳад. Дар мадориси Бухоро 7 сол таҳсил намуда, сипас 3 соли дигар дар мадрасаи маҳаллаи Гӯсфандкушони Бухоро ба мударрисӣ машғул гардида, соли 1910 ба ватан бармегардад.

Тасаввуф[вироиш]

Ҳазрати Бузургвор соли 1947 дар 66-солагӣ аз олам чашм пӯшиданд. Мақбараи ӯ воқеъ дар Элоки ноҳияи Файзобод буда, ҳоло зиёратгоҳи мардуми ихлосманд ва поксиришт аст. Шайх Абдурраҳими Давлат аз пирони тариқати нақшбандия буда, дар осори хеш ин таълимотро тарғибу ташвиқ карданд. Аз мероси илмӣ-адабии ин орифи бузург зиёда аз 12 аср маълум ва машҳур аст, ки «Ишқнома», «Кашфуласрор», «Девони ғазалиёт», «18 доираи тасаввуф», «Маснавинома», «Гулистон», «Бӯстон», «Ҷорубӣ» ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳазрати Бузургвор ҳамчун шоир дар мавзӯъҳои гуногуни ирфонӣ: ғазал, қасида, қитъа, маснавӣ, таркиббанд, тарҷеъбанд шеър гуфтааст. Барои аҳли таҳқиқ маълум аст, ки шоирони мутасаввиф даъвои шеъру шоирӣ надоштанд, аммо мекӯшиданд, ки олитарин афкори ирфониро дар қолаби вазн баён кунанд. Дар ҳақиқат барои шоири орифбаён маонии олӣ муҳимтар аст, нисбат ба он ки андешаву қофияву бадиъ кунад. Ҷалолиддини Румӣ ҳам ба ин маънӣ гуфтааст:

Қофия андешаму дилдори ман,
Гӯядам «Маяндеш ҷуз дидори ман».

Дар шеъри шайх Абдурраҳими Давлат низ гоҳе ноқисҳои вазну қофия мушоҳида мешавад, аммо тарзи баёни ӯ, ки хеле олист, ин нуқсонҳоро мепӯшонад. Аз тарафи дигар забони гуфтори шайх Абдурраҳим ба шеваи гуфтори мардум хеле наздик аст. ҳамин услуби забони ашъори ӯ имконият медиҳад, ки гоҳе ба ҷойи ҳиҷои дароз ҳиҷои кӯтоҳ ё ба ҷойи ҳиҷои дарозтар ҳиҷои дарозро истифода намояд, аммо вазни умумии шеър халалдор намегардад. Масалан дар байти зер:

Ба дунё дил мабанд, толиб, шавад зулмат ба дил пайдо,
Шавӣ ғофил зи ёди ҳақ, ба дил ҳасрат шавад пайдо.

Дар назари аввал чунин менамояд, ки гӯё дар рукни дуввуми мисраи аввал «мабанд толиб» ҳиҷои «банд» вазни шеърро сактадор кардааст, яъне вазни шеър тақозо мекунад, ки дар инҷо бояд рукни «мафоъилун» биёяд, аммо «мафоилотун» (ма-банд толиб) омадааст. Шайх Абдурраҳим таркиби "мабанд толиб"-ро дар ҳамин байт бар вазни "мафоилун" дониста овардааст ва агар аз рӯи қоидаи илми арӯз нигоҳ кунем, дар вазни ин байт ҳеҷ гуна сактаи шеърӣ вуҷуд надорад. Мувофиқи қоидаи илми тақтиъ дурустӣ ва нодуруустии вазни байтро ҳангоми талаффузи он муайян мпекунанд. Агар мисраи авали байтро тақтиъ кунем, ҳангоми талаффузи таркиби «мабанд толиб» ҳарфи «д»-и калимаи «мабанд» меафтад ва «мабан толиб» боқӣ мемонад, ки аз ҷиҳати вазн ба рукни мафоъилун баробар аст. Ҳамин тариқ шайх Абдурраҳим ҳангоми ақидаҳои ирфонӣ мекушиданд, ки тарзи гуфторашон хеле сода ва равон ва ба зеҳни мардуми одӣ мувофиқ бошад. Барои намуна чанд байти як шеъри ӯро меорем, ки дар ниҳояти содагӣ ва равонӣ иншо шуда, ягон сактаи шеърӣ надорад:

Ба дунё дил мабанд толиб, шавад зулмат ба дил пайдо,
Шавӣ ғофил зи ёди ҳақ, ба дил ҳасрат шавад пайдо.
Ҳаёти ҷовидон хоҳӣ, ба назди боданӯшон рав,
Ки эҳёи дили ғофил шавад аз бода чун пайдо.
Бишав ту боданӯш аз сӯҳбати пирону майнӯшон,
Ки эъҷози Масеҳ аз майи бода мешавад пайдо.
Ба ёди наргиси шаҳло дил маҷруҳ зи мижгон кун,
Ки хуни духтари раз аз лаби соғар шавад пайдо.
Мабин ту, зоҳидо аз роҳи фақр айби хуҷӯро,
Ки теғи аслро бурриш зи устод мешавад пайдо.
Мазан ту таъна, эй зоҳид, зи роҳи айб халқонро,
Зи таъни мардумон шавад зулмат ба дил пайдо.
Чи хуш бошад адаб дар роҳи ишқи он Худовандӣ,
Адаб Абдурраҳим кун ту, шавад нураш ба дил пайдо.

Вазни умумии ин шеър ҳазаҷи мусаммани солим буда, ба таври мафоилун, мафоилун, мафоилун тақтиъ мешавад ва чи тавре, ки мебинем тамоми аркони мисраъҳои ин шеър дар қолаби ҳамин рукн гунҷонида шудааст. Ин шеър аз ҷиҳати шакл ба ғазал монандӣ дорад, ҳарчанд, ки дар қоида ва қонунҳои ғазал(ҳамқофия будани байти аввал, аз қофия озод будани мисраҳои тоқ ва ҳамқофия будани мисраҳои ҷуфти байтҳои минбаъдаи байти аввал) на ҳамеша риоя карда мешавад. Баъзе шеърҳои шайх Абдурраҳим дар ниҳояти салосат ва латофат эшудаанд ва табиист, ки хеле дилкашу дилнишин мебошанд. Байти зер дар санъати шеърии мулавван эҷод шудааст, ки вобаста ба тарзи тақтиъ бар ду вазн хонда мешавад, ки яке музореъ ва дигаре мунсариҳ мебошад;

Ҳар бехабар чӣ донад, ин сӯзи ишқи моро,
Ӯ ташна гашту нашнохт сарчашмаи бақоро.

Мустафъилун, фаъулун, мустафъилун, фаъулун

Осор[вироиш]

Ҳазрати Бузургвор соҳиби тасониф буданд. Аз худ 12 китоб боқӣ гузоштанд, ки 8-тои он таҳти унвони зер маҳфузанд:

  1. Ишқнома
  2. Девони ашъор
  3. Кашфуласрор
  4. Гулистон
  5. Бӯстон
  6. Ҷорубӣ
  7. Мақомот
  8. Маснавӣ

Бо хоҳиши Идораи мусулмонони Осиёи Миёна Ҳазрати Бузургвор 3 китобашонро барои чоп ба Тошканд фиристода буданд, ки то ҳанӯз сарнавишташон маълум нест.

Заволи хуршед[вироиш]

Солҳои охир бемории варам Бузургворро ташвиш медод. Ҳаргоҳ варам аз шикам сӯи поён мерафт, имконият пайдо мекард, ки ба мардум, ки ҳамарӯза садҳо нафар ба аёдат меомаданд, мулоқот ва сӯҳбат намоянд. Чун варам ба сӯи боло ҳаракат мекард, дигар наметавонистанд ба мардум рӯ бинанд ва мулоқот намоянд. Ин варам дар соли охир тақрибан як рӯз боло мерафт ва рӯзи дигар ба поён ҳаракат мекард. Бо вуҷуди мушкилоти солҳои охир Бузургвор ҳеҷ гоҳ тоату ибодат ва вазоифи тариқати худро тарк намекарданд. Ҳазрати Бузургвор соли 1947 дар сини 66-солагӣ ба сабаби ин бемории дарднок аз олам чашм пушиданд.

Фарзандон[вироиш]

Масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Файзобод ба номи Ҳазрати Бузургвор

Ҳазрати Бузургвор 13 фарзанд доштанд, ки танхо фарзанди хурдии он Ҳазрат Эшони Зубайдулло дар қайди ҳаёт ҳастанд. Эшони Зубайдулло низ силсилаи тариқавии падари бузургворашро идома дода, яке аз ходимони дин ба шумор мераванд. Илова бар ин Эшони Зубайдулло камари ҳиммат ва мардонагӣ баста дар ҳудуди деҳаи Элок масҷиди боҳашамате бунёд намудаанд, ки теъдоди зиёди намозгузорон дар онҷо адои намоз менамоянд. Ҳамчунин бо фазлу инояти Илоҳӣ як таълимгоҳи дини-дунявии дигар аз ҷониби ин шахсияти бузург қомат афрохта истодааст.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Мақолаи Муҳибуллоҳи Расул. Мавлоно Муҳаммад Абдурраҳимхоҷа ибни Муллодавлат

Пайвандҳо[вироиш]