Ҳалимаи Хушқадам
Ҳалима Отамбековна Хушқадамова | |
| |
Зодгоҳ | Хоруғ, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | сотсиология, матбуот |
Ҷойҳои кор | рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон»), «Пионери Тоҷикистон» (ҳозира «Анбоз»), Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, маҷаллаҳои «Фирӯза» ва «Гуфтугӯ», маҷаллаи “Насонал” ва “Москвичка” (Москва), Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) ба номи М.В. Ломоносов |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Ҷоизаҳо | Авросиёии ВАО-и электронӣ (2012) «Гуманитарное сотрудничество во ном процветания» ва озмуни байналмилалии рӯзноманигорон «Русский мир-2005» |
Ҳалимаи Хушқадам (Хушқадамова) — рӯзноманигор, нависанда, олим, доктори илмҳои сотсиологӣ, Аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2006 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳалимаи Хушқадам 1 майи соли 1954 дар шаҳри Хоруғ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1971 мактаби миёнаи №3 ба номи С.М. Кирови шаҳри Хоруғро ба итмом расондааст. Баъдан таҳсилро дар шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин давом дода, соли 1976 бо дипломи сурх хатмаш намудааст. Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти касбиро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») оғоз бахшида, муддати ҳафт сол сарварии шуъбаҳои гуногунро бар уҳда доштааст. Солҳои 1988-1990 муҳаррири рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон» ва «Пионер Таджикистана» (ҳозира «Анбоз») будааст. Соли 1990 барои таҳсил ба Академияи улуми ҷомеашиносӣ рафта, соли 1993 аспирантураи Академияи хидмати давлатии назди Президенти Русияро хатм кардааст. Дар мавзӯи «Инъикоси масоили иҷтимоии бонувон дар матбуот. Таҳқиқу таҳлили сотсиологии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» бомуваффақият рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.[1] Солҳои 1993-2003 котиби матбуоти Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия будааст. Аз моҳи январи соли 2004 мухбири махсуси маҷаллаҳои «Фирӯза» ва «Гуфтугӯ», маҷаллаи “Насонал” (Москва) дар Федератсияи Русия, ҳамзамон, мушовири Ассотсиатсияи байналхалқии бонувон « WE/МЫ - Диалог женщин», мухбири махсуси ҳафтвори “Москвичка” устоди Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) ба номи М.В. Ломоносов ва сарвари гуруҳи ташаббускор оид ба таъсиси Маркази дустӣ, равобити фарҳангӣ ва корӣ бо Тоҷикистон мебошад. Ӯ соли 2014 рисолаи докториро дар Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) дифоъ кардааст ва соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои сотсиологӣ шудааст[2]
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Хушқадамова муаллифи зиёда аз 40 таълифоти илмӣ ва 1000 мақолаҳои пулитсиитӣ аст. Инчунин ӯ ҳаммуаллифи китоби дарсии забони тоҷикӣ барои макотиби олии ИДМ (бо олими эроншинос В.Б. Иванов ва дотсенти МГИМО Е.В.Семенова с. 2009) ва дастури таълимии - Х.О. Хушкадамлва. Таджикско-русские диалоги. - Москва,2015.[3], ду монография «Образ женщины в современной таджикской журналистике. Опыт социологического исследования прессы Таджикистана», Душанбе, Шарки Озод, 2006, ва «Женщины Таджикистана: социальный статус», Москва, Издательский дом «Дело» РАНХ И ГС, 2012 аст.[2] Китобҳои публитсистии Ҳалимаи Хушқадам «Ёде дар дил» (1998) ва «Диду боздид дар кишвари Русия» (2003) зодаи табъи ӯстанд.[1]
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Отражение социального положения женщин в периодической печати Таджикистана. – М., 1993;
- Ёде дар дил. – Д., 1998;
- Диду боздид дар кишвари Русия. – Д., 2003;
- Образ женщин в современной таджикской журналистике. Опыт социологического исследования прессы Таджикистана. – Д., 2006
- Таджикский язык для школ СНГ. – М., 2009 (соавтор).
- Женщины Таджикистана. Социальное положение. – М., 2012.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, ғолиби Озмуни байналхалқии коршиносони матбуот (1995).Ӯ ҷоизадори озмуни Авросиёии ВАО-и электронӣ (2012) «Гуманитарное сотрудничество во ном процветания» ва озмуни байналмилалии рӯзноманигорон «Русский мир-2005» шудааст.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 267 ISBN 978-99947-2-379-9
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Известная таджикская журналистка в Москве стала доктором наук
- ↑ Таджикско-русские диалоги
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хоруғ
- Докторони илм
- Олимон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрии байналмилалӣ аз Тоҷикистон